Гадобег Маҳмудов: Китобхонаи миллӣ бо 19 китобхонаву муассисаҳои фарҳангии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад

Гадобег-Маҳмудов

Ҳамкориҳои байналмилалии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобег Маҳмудов.

– Чун мавзӯи аслии суҳбатро ҳамкориҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ интихоб кардем, мехостам муқаддимаи ин суҳбат аз шумо бошад.

– Равандҳои мухталифе, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд, ҳар як кишвару миллатро водор месозад, ки ба ин равандҳо аз мавқеи  манфиатҳои умумибашарӣ муносибат намуда, барои таъмини рушди устувор ва амнияти сайёра сиёсати оқилонаю ҳадафмандонаро роҳандозӣ намояд.

Ҳадафҳои аслии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори мамлакат ва мусоидат ба таҳкими пояҳои истиқлолу соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Таҳкими муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкории мутақобилаи судманд бо кишварҳои мухталиф аз муҳимтарин вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад.

Нақш  ва мақоми китоб ҳамчун сарчашмаи муҳими маънавию фарҳангӣ баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза пайваста боло меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумўи соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат ва Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ин анъанаи варзида – эҳтироми китобу китобхонӣ корҳои шоёне анҷом шудааст, ки бузургтарини онҳо бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ мебошад.

Дар фаъолияти Китобхонаи миллӣ масъалаи ҳамкориҳои байналмилӣ яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Китобхонаи миллӣ вобаста ба ҳадаф ва вазифаҳояш аз дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ  бо вижагиҳои хосаш фарқ мекунад. Фаъолияти Китобхонаи миллиро бе баргузории конференсияву симпозиумҳо оид ба масъалаҳои муҳими китобдориву библиографии сатҳи ҷаҳонӣ ва мубодилаи таҷрибаҳои пешқадам, мубодилаи байналмилалии китобу иттилоот ва қонеънамоии дархостҳои истифодабарандагон дар ҷаҳони муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Китобхонаи миллӣ тибқи тартиби муқарраргардида иштирок кардан дар ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар татбиқи барномаҳои Созмони Милалли Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), дигар созмонҳои байналмилалии соҳаи фарҳанг, маориф, илм, иттилоот, фаъолияти китобдорӣ ва ҳамкорӣ бо китобхонаҳои мамлакатҳои хориҷӣ роҳандозӣ менамояд.

Зеро китобхонаи миллии ҳар кишвар ниҳоди меҳварии китобхонаҳои он кишвар ба шумор рафта, ҳамчун рукни беназири фарҳанги миллӣ дар ташаккули ҳама бахшҳо таъсиргузор ва ба гунае оинаи акснамо аз рушду пешрафти кишвар мебошад.

Вобаста ба ин метавон гуфт, ки имрўз робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, дар аксар чорабиниҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши калидиро мебозад.

– Китобхонаи миллӣ бо кадом китобхонаҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум дорад?

– Самти дигари фаъолияти робитаҳои байналмилалӣ – созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум байни Китобхонаи миллӣ ва китобхонаҳои кишварҳои хориҷист. Ҳадафи ин созишномаҳо ва ёддоштҳо роҳандозӣ намудани ҳамкориҳо дар самтҳои мубодилаи китобу дигар намуди нашрҳо, омўзиши таҷрибаи пешқадами китобдорӣ, ташкил ва гузаронидани таҳқиқотҳои муштараки илмӣ ва тарғиботиро дар риштаи мероси фарҳанги хаттӣ, чопу нашр ва фаъолияти китобдорӣ, технологияи нигаҳдорӣ ва тармими асноди чопӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, рақамигардонии маводи чопӣ, ташкил ва баргузории барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои тахассусӣ, семинарҳои такмили ихтисос, намоишҳо ва ташрифот, омодасозии мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва табодули таҷрибаҳо дар соҳаи китобдорӣ мутобиқ ба қонунгузориҳои марбутаи давлатҳо мебошад.

Айни ҳол Китобхонаи миллӣ бо 19 китобхонаву муассисаҳои фарҳангии кишварҳои хориҷӣ – Китобхонаи давлатии Россия (аз 01.04.2013), Китобхонаи миллии Белорус (аз 28.08.2013), Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 15.11.2013), Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин (аз 18.06.2014), Китобхонаи Донишгоҳи забонҳо ва тамаддунҳо ба номи Булак дар шаҳри Парижи Фаронса (аз 22.05.2014), Департаменти китобхонаҳо, маъмурияти пойтахт ва шуъбаи рушди Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон (аз 17.06.2014), Донишгоҳи Панҷоби Покистон (аз 20.10.2014), Китобхонаи давлатии маркази давлатии фарҳангии Вазорати фарҳанги Туркманистон дар соҳаи фаолияти китобдорӣ (аз 20.08.2015), Китобхонаи миллии Чехия (аз 01.02.2016), Китобхонаи миллии Озарбойҷон (аз 28.11.2017), Китобхонаи миллии Корея (2018), Китобхонаи миллии Украина (2021), Ҳамкории дуҷониба  барои рушди бойгониҳо ва китобхонаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон (2021), Китобхонаи илмии виоляти Калининград (2021), Китобхонаи давлатии умумирусиягии адабиёти хориҷии ба номи М. И. Рудомино (2021), Китобхонаи миллии Ўбекистон (2021), Китобхона ва бойгонии миллии Миср (2022) ва Китобхонаи миллии Арманистон (2022) созишнома ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дорад. Ҳамзамон, барои роҳандозӣ намудани ҳамкориҳо байни Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва китобхонаҳои миллии кишварҳои Туркия, Ҳиндустон, Эрон, Фаронса ва як қатор китобхонаҳои миллӣ  мавриди омўзиш қарор дорад.

Ҳамзамон дар сохтори Китобхона шуъбаи адабиёти хориҷӣ мавҷуд ҳаст, ки дорои фонди беш аз 80 ҳазор китобу маҷаллаҳо ба 42 забонҳои гуногун мебошад. Дар ин шуъба гушаи китобҳои кишварҳои узви ИДМ, Аврупо ва Осиё ташкил карда шудааст. Ин гушаҳои китобӣ асосан ба воситаи мубодилаи байналмилалии китоб ва туҳфа аз сафоратхонаҳои ин кишварҳо мукаммал гардонида мешавад.

– Дар чорчуби фаъолияти абонементи байналмилалии китобҳо Китобхонаи миллӣ кадом корҳоро ба анҷом расондааст?

– Абонементи байни китобхонаҳо (АБК) яке аз аввалин қадамҳо дар фаъолияти   ҳамкории байналмилаллии байни китобхонаҳо буда,  аслан тибқи дархости як китобхона ба китобхонаи дигар барои қонеъ намудани эҳтиёҷи истифодабаранда ва ё коллектив роҳандозӣ мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз охири солҳои 30-юми асри ХХ шакли нави хидматрсонӣ дар низоми Абонементи байни китобхонаҳо аввал дар фаъолияти Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ (ҳоло Китобхонаи миллӣ) ҳамчун маркази методӣ барои китобхонаҳои ҷумҳурӣ ташкил шуд, ки оҳиста- оҳиста ҳамаи низоми китобхонаҳои кишварро фаро гирифт.

Баъди ба даст овардани истиқлолият заминаи нав барои ҳамкориҳои хуб оид ба хидматрасонӣ дар низоми абонементи байни китобхонаҳо ба вуҷуд омад, ки исботи он ба имзо расидани «Созишномаи оид ба созмондиҳии маҷмўи абонементи байникитобхонавии кишварҳои аъзои ИДМ» (1999)  ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2001, таҳти рақами 181 дар бораи тасдиқи ин созишнома қабул гардида, ба ҳисоб меравад.

Имрўз дар сохтори Китобхонаи миллӣ Шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ фаъолият дорад, ки хизматрасониро ба истифодабарандагони китобхонаҳои кишвар, китобхонаҳои ИДМ ва шахсони воқеӣ ба роҳ мондааст. Фаъолияти босамари  шуъба, аз як ҷониб барои мубодилаи китобҳо, сари вақт қонеъ намудани дархости истифодабарандагон ва умуман пешрафти соҳаи китобдорӣ шароит фароҳам созад, аз ҷониби дигар, барои интиқоли китоб ва дигар ҳуҷҷату нашрияҳои Тоҷикистон ба дигар кишварҳо ва дар маҷмўъ  барои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва китобдории байни давлатҳо мусоидат менамояд.

Оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар низоми мазкур бо ташаббуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон 24-уми октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 10-уми Бахши Абонементи байникитобхонавии давлатҳои узви ИДМ бо иштироки директорон ва масъулини китобхонаҳои миллии кишварҳои Белоруссия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Узбекистон ва дигар китобхонаҳо баргузор гардид. Дар ин нишаст масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифт: таҳияи лоиҳаи китобхонаи электронии кишварҳои узви ИДМ, ворид намудани тағийру иловаҳо ба Низомномаи АБК, таҳияи маълумотномаи оморӣ оид масъалаҳои мубодилаи китобу иттилоот ба воситаи АБК ва бастани шартнома барои солҳои минбаъда.

– Яке аз самтҳои муҳими Китобхонаи миллӣ роҳандозии нишасту маҳфилҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ аст. Мехостам дар ин бора суҳбат кунед. 

-Шурўъ аз соли 2017 то инҷониб бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе як қатор форуму конференсияҳо ва нишастҳои байналмилалӣ дар соҳаи китобдорӣ бо иштироки директорони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ИДМ ва СҲИ баргузор гардид. Аз ҷумла Нишасти директорони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ), ки дар он 10 кишвари минтақа – Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Ўзбекистон шомиланд, моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри  Душанбе баргузор гардид. Дар ин нишаст директорони китобхонаҳои миллии Афғонистон, Озорбойҷон, Покистон, Туркия, Ўзбекистон ва Эрон, инчунин, раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ   ширкат намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ин нишаст ҳамкории амиқ байни китобхонаҳои миллӣ дар заминаи табодули иттилооти муосир, таъмиру ҳифзи китоб, табодули таҷриба ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ, роҳандозии сомонаи муштарак миёни китобхонаҳо мебошад. Натиҷаи бадастомада аз ин гуна нишастҳо танҳо дар густариши ҳамкориҳо байни китобхонаҳои миллӣ маҳдуд намегардад, балки барои муаррифии илму фарҳанги миллатҳо фурсат ва заминаи хуберо муҳайё месозад. Зеро китобхонаи миллии ҳар кишвар ниҳоди меҳварии китобхонаҳои он кишвар ба шумор рафта, ҳамчун рукни беназири фарҳанги миллӣ дар ташаккули ҳама бахшҳо таъсиргузор ва ба гунае оинаи акснамо аз рушду пешрафти кишвар мебошад.

Нишасти директорони китобхонаҳои миллии  кишварҳои узви СҲИ фурсати хубе барои масъалагузорӣ намудани тавсеабахшӣ ва таҳкимнамоии ҳамкориҳо мебошад. Аз ин рў, тасмим гирифта шуд, то барои тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои судманд байни китобхонаҳои миллии мазкур баъзе роҳкорҳоро аз қабили:

  • таҳия намудани лоиҳаи Китобхонаи миллии электронии давлатҳои аъзои СҲИ;
  • таҳия намудани лоиҳаи “Низомномаи мубодилаи байналмилалии китоб байни китобхонаҳои миллии давлатҳои аъзои СҲИ”;
  • баргузор кардани конфронсҳо, семинарҳои муштараки соҳавӣ дар реҷаи онлайн;
  • баргузор кардани намоишгоҳҳои байналмилалии китоб ва роҳандозӣ намудани курсҳои бозомўзӣ оид ба омўзиши навгониҳои соҳаи китобдорӣ дар заминаи мубодилаи таҷрибаи кишварҳои аъзои СҲИ пешниҳод карда шуд.

Иштироки директорон ва кормандони китобхонаҳои миллии кишварҳои Белоруссия, Қазоқистон, Озорбойҷон, Россия, Узбекистон дар Ҷаласаи 10-уми Бахши Абонементи байникитобхонавии давлатҳои узви ИДМ ноябри соли 2019 шаҳри Душанбе.

Форуми байналмилалилии китобхонаҳои Тоҷикистон ва Русия моҳи июни соли 2020 тариқи маҷозӣ (онлайн). Форуми мазкур аз панҷ бахш иборат буд, ки дар он китобхонаҳои бузурги ҳарду кишвар, аз ҷониб Тоҷикистон Китобхонаи миллӣ, Китобхонаи марказии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, Китобхонаи давлатии патентии техникӣ, Хонаи китоби Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳкиқотии фарҳанг ва иттилоот, факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, китобхонаҳои илмии мактабҳои олӣ ва китобхонаҳои вилоятӣ ва тарафи Русия – Китобхонаи давлатии Русия, Китобхонаи миллии Русия, китобхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуданд. Дар бахшҳо асосан масъалаҳои тармиму таъмири китобҳо, вазъи нигоҳдории дастхатҳо, рақамигардонӣ, таъсиси китобхонаҳои электронӣ, нақши китобхонаҳои бачагона ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҳарду тараф мутахассисон бо маърўзаҳо суханронӣ намуданд.

Моҳи сентябри соли 2021 бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ИДМ  конфронси байналмилалии китобдорон “Се даҳсолаи шарикии китобхонаҳои ИДМ: дурнамо ва стратегияи рушд” дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки директорони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид.

Дар доираи лоҳаи Китобхонаи давлатии умумирусиягии адабиёти хориҷии ба номи М. И. Рудомино таҳти унвони ”Дар меҳмонсарои адабӣ” моҳи ноябри соли 2021 ва октябри соли 2022 дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки намояндагони ҳарду китобхонаҳо, нависандагони кўдаконва хонандагони фаъоли мактабҳои шаҳри Душанбе чорабинии адабӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Дар доираи лоиҳаи “Хонанда мепарварем”-и Ассосиатсия китобхонаҳои бачагонаи Русия, Китобхонаи давлатии бачагонаи Русия ва Китобхонаи миллӣ Озмуни «Тоҷикистон-Русия дар оинаи Китобхона» ба тарғиби арзишҳои миллии фарҳангии ҳарду кишвар, рушди муколамаи байнифарҳангӣ, дарёфт ва дастгирии наврасони боистеъдод баргузор гардид. Дар оянда баргузории форум ва конференсияҳои соҳавӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

– Ҳанўз аз соли 2013 созишнома миёни Китобхонаи миллӣ ва Китобхонаи давлатии Русия ба имзо расид. Бо гузашти 10 сол ҳамкориҳо чӣ натиҷа дод ва Китобхонаи миллӣ аз он чӣ манфиат дид?

– Китобхонаи давлатии Русия (собиқ Китобхонаи давлатии СССР ба номи В. И. Ленин) яке аз бузургтарин китобхонаҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Китобхонаи мазкур дар замони собиқ Иттиҳоди шуравӣ ва имрўз ҳам ба сифати маркази ҳамоҳангсозӣ, илмию методӣ ва илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи китобдорӣ ва библиографӣ барои китобхонаҳои кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоб меравад. Дар бисёр масъалаҳои китобдорӣ ва библиографӣ, аз ҷумла ташкили курсҳои бозомўзӣ барои китобдорони ҷавон, таъсиси коллексияи китобҳои нодир, истифодаи Фонди электронии рисолаҳои илмии Китобхонаи давлатии Русия, таҳияи стандартҳои кори китобдорӣ ва библиографӣ, маълумоти омории Китобхонаро дар маҷмўаи омории китобхонаҳои кишварҳои ИДМ ворид намудан, иштироки кормандони Китобхона дар форумҳо, конференсияҳо ва мизҳои гирд Китобхонаи давлатии Русия саҳмгузор аст.

Ҳар сол барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбӣ дар асоси лоиҳаи «Насли нав»-и Китобхонаи давлатии Русия 4 нафар кормандони ҷавон дар курсҳои омўзишии китобдорӣ, ки ба масъалаҳои муҳими соҳа бахшида шудаанд, иштирок менамоянд. Дар асоси созишномаи ҳар ду тараф кормандони Китобхонаи миллӣ барои  омўзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами Китобхонаи давлатии Русия дар самти ҷоринамоии технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, тарзи рақамигардонии китобҳо ва роҳандозӣ намудани низоми автоматикунонидашудаи китобдорӣ-иттилоотӣ сафарҳо анҷом медиҳанд.

Созишномаи мазкур барои рушди фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар самтҳои таҳқиқотҳои илмӣ, истифодаи барномаи «Алеф», ворид намудани навгониҳо ва рақамигардонии китобҳо таъсири хуб расонид.

– Китобхонаи миллӣ то имрўз созишномаҳо миёни китобхонаҳои миллии Белорусия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Порис, Покистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Чех, Озарбойҷон, Корея, Украина, Узбекистон, Миср ва Арманистон имзо кардааст.  Аз ҳамкорӣ бо онҳо чӣ ба даст омад?

– Албатта ҳар як созишномае, ки бо ин ё он китобхона баста мешавад барои Китобхонаи миллӣ аз манфиат холӣ нест. Бештар аз ҳама дар асоси ин созишномаҳо мубодилаи байналмилалии китоб ва иттилоот, омўхтани таҷрибаи якдигар ва иштирок дар чорабиниҳои соҳавӣ роҳандозӣ мешавад.

Дар асоси созишнома аз китобхонаҳои Фаронса ва Покистон нусхаҳои электронии дастхатҳои Шарқ ба Китобхонаи миллӣ тақдим карда шуд, ки ин барои пурра гардонидани коллексияи китобҳои нодир хеле муҳим аст.

Китобхонаи миллӣ бештар дар намоишгоҳҳои китоби китобхонаҳои Белоруссия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Ўзбекистон фаъолона ширкат менамояд.

– Устод лутфан роҷеъ ба созмонҳои бонуфузи соҳаи китобдорӣ суҳбат намоед. Китобхонаи миллӣ бо кадом созмону ташкилотҳои байналмилалии самти китобдорӣ ҳамкорӣ дорад?

– Оид ба соҳаи китобдорӣ созмонҳо ва ассосиатсияҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба монанди Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои таҳсилот, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО),  Федератсияи байналмилалии ассотсиатсия ва муассисаҳои китобдорӣ (ИФЛА), Шурои байналмилалии иттифоқҳои илмӣ (МСНС), Шўрои байналмилалии бойгониҳо (МСА), Созмони байналмилалии стандартҳо (ИСО), Федератсияи байналмилаии аснод (МФД), Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё (БАЕ) ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) фаъолият доранд.

Айни ҳол Китобхонаи миллӣ узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои таҳсилот, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё (БАЕ) ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) мебошад.
Яке аз созмонҳои бонуфузи ҷањонӣ ин Федератсияи байналмилалии ассотсиатсия ва муассисаҳои китобдорӣ (ИФЛА) ба шумор рафта, ки бештари китобхонаҳои ҷаҳон узви он мебошанд. Мутаассифона, то имрўз ягона муассисаҳои китобдорӣ-иттилоотии кишвар узви ин созмон нестанд.

Мусоҳиб Раҳима БОБОЕВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.