Идомаи даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Фурӯғи-субҳи-доноӣ-китоб-астДаври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллӣ идома дорад. Имрӯз санҷиши донишу малакаи Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ ба анҷом расид. Ҳамин тавр аз пагоҳ пурсиши гурӯҳи 4 -ум яъне  омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва кормандони касбу кори гуногун оғоз шурӯъ гардида, то 15 уми ноябр идома хоҳад ёфт.

Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” зеҳниятҳои навро рӯи кор овард. Дар баробари донишу малакаи баланд ва сайқал додани маҳорати суханварӣ инчунин барои иштирокдорон як дунёи рушан ва пуртаззодеро боз намуд. Инчунин барои ба ҳам овардан ва риштаи дӯстӣ пайдо кардани довталабон аз минтақаҳои гуногуни кишвар, шароити хубе фароҳам овардаст.

Шаҳноза Додхоева – донишҷуи соли 4 уми Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент буда, соли дуюм аст дар озмун аз рӯи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” иштирок мекунад. Ӯ дар суҳбат ба мо гуфт, ки ҳадафи асосиаш санҷидани донишҳои аз бар намудааш буда, мехоҳад номбардори падару модар ва наздиконаш гардад.

Саёҳат НазароваИштирокчии дигар Саёҳат Назарова дар риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ӯ аз рӯи номинатсияи хондан ва аз бар намудани осори адибони ҷаҳон дар озмун ширкат карда мегӯяд, бештар достонҳои корогоҳӣ (детективи)-ро меписандам.

Ҳадафам аз ширкат дар озмун омӯзиши осори адибони ҷаҳонӣ ва муқоиса кардани осори адибони минтақаҳои гуногун ва дар маҷмуъ  қиёс намудани онҳо бо нависандагони тоҷику форс мебошад. Саёҳат мегӯяд барои он номинатсияи адабиёти ҷаҳонро интихоб намудам, ки ин аз ҳама роҳи мушкил, вале бисёр ҷолиб аст, чунки дигар номинатсияҳоро ба андозаи кофӣ медонам ва онҳо хеле осон ба назар мерасанд.

Раҳимҷони ВатанқулРаҳимҷони Ватанқул, ки дар риштаи сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар таҳсил мекунад, бо 28 роман, 46 повест, 70 ҳикоя, 10 асари ёддоштӣ, 15 очерк инчунин 110 ғазал, 168 рубоиву дубайтӣ, 150 байт достон ва 200 байт дигар навъҳои шеърӣ ба даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омадааст. Раҳимҷон ба он назар аст, ки озмун реҷаи рӯзи ӯро хубтар ба танзим даровардааст. Ӯ мегӯяд, вақтамро бештар сарфи омӯзиши асарҳои насрӣ мекардам ва барои назм камтар вақт мерасид. Аз вақти иштирокам дар озмун инҳоро ба як реҷаи муайян даровардам ва бисёр хушҳол ҳастам, ки дар ин кор устодони факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар моро роҳнамоӣ мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи пешниҳоди Комиссияи озмун дар ҷараёни баргузории он шаффофият таъмин шуда, ҳакамон бояд аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузоранд. Ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур шуморида шудааст, ки ҷараёни даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад ва инчунин волидону наздикони онҳо дар толорҳои алоҳида метавонанд ба таври мустақим онҳоро гӯш кунанд.

Шукрона Тоҳирӣ донишҷӯи курси 3 – юми факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ буда, соли дуюм аст, ки дар озмун аз рӯйи наминатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат қайд намуд, ки тавассути озмун дӯстони зиёди китобхон пайдо кардааст, ки ин барояш бисёр баҳои баланд дорад. Шукрона бар он назар аст, ки ғолиб нагардидан маъноӣ онро надорад, ки мо аз китоб дур гардем, баръакс бояд ҳамеша дар ҳама ҷо бо китоб ҳамроз ва ҳамдам бошем ва аз нури ин ганҷина роҳи ҳаётамон равшан бошад.

Бояд гуфт, ки имсол Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намудааст, ки ин боиси руҳбаланд гардидани довталабони озмун гардидааст. Ҳамчунин имсол ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштрокчиён миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, дар маҷмуъ ғолибони ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд.

Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд карда шуд. Ҳамзамон шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегарданд, 15 адад зиёд гардида, то ба 61 адад расонида шуд.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа