Китобҳои брайлӣ. «Ҳикояҳо» – Ғанӣ Ҷўразода

Китобҳои брайлӣКитоби «Ҳикояҳо»-и Ғанӣ Ҷўразода бо ташаббўси ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи маъюбон «Меҳрбахш» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии «USAID» ба ҳуруфоти  Брайлӣ  баргардонда  шуда, ба шуъбаи  хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд тақдим  гардид.

Дар ин китоб ҳикояҳои «Гуландом», «Ду лола», «Гулдон», «Рахсеб», «Ҷони нодон дар азоб», «Оҳу», «Чуғзи ҳаким», «Ҳасанак», «Ҷалғӯза», «Суруди охирини хар» гирд оварда шудаанд.

Китоби мазкур барои гўруҳи хонандагони нобино тавсия дода мешавад.

Ҳикояҳо дар мавзӯҳои мухталифанд. Чунончӣ, дар “Рахсеб”  муаллиф дар бораи дӯстии ду рафиқе, ки дар як маҳалла зиндагӣ мекунанд, сухан рондааст. Қобилу Абдулло ба боғи Анбархола барои дуздидани себ даромаданд ва фирор аз соҳиби боғ пои Қобилро шиша мебурад. Аз кори кардаашон пушаймон мешаванд.

Дар ҳикояи «Гулдон» воқеае рух медиҳад, ки ду хоҳар рози ҳадигарро байни худ нигоҳ медоранд. Вакте ки модарашон меояд, сирро пинҳон дошта натавониста, ҳарду пеши модар гирён шуда, воқеаро нақл мекунанд.

Мақсади муаллиф нишон додани он ки инсонҳо, хосатан бародарон ва хоҳарон байни худ тифоқ бошанд ва ҳамеша дастгири ҳамдигар.

Ҳамаи ҳикояҳо ва порчаҳои интихобгардида барои хонандагони хурдсол бисёр ҳам ҷолибу шавқоваранд.

ҒАНӢ ҶӮРАЗОДА 9 январи соли 1936 дар маҳаллаи Мирамони ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1961-1993, дар рӯзномаҳои «Комсомолии Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Нахустин шеъру ҳикояҳояш солҳои 1955 – 1957 ба табъ расидаанд.

Асарҳояш ба забонҳои русӣ, узбекӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд.

Китоби ҳикоя ва қиссаҳояш «Кулоҳи падар» (1988), «Захми дил» (2000), «Қисмат» (2000),«Ҳушёраки ман, ту куҷоӣ (2004), «Афсонаи модаркалонам» (2005), «Бозгашти хотира» (2005), «Очаҷон, аз ман маранҷ (2006),«Рахсеб»  (2008),   «Шишаи  бишкаста» (2013),«Панди бобо» (2014) ва китоби публитсистикаи ӯ «Қатраҳо дарё шаванд» (2001) аз ҷониби нашрияҳои гуногун ба чоп расидаанд.

Асарҳои алоҳидаи адибони маъруф  Р.Такур, Н.Носов, Н.Тихонов, Б.Житков, В.Катаев, Л.Маҳмудов  ва дигаронро ба забони тоҷикӣ гардонидааст.

Таҳияи Малоҳат МАЗОРИЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.