“Сипос” аз Умари Шерхон
Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бачагон барнома ва маҳфилҳои бисёр ҷолиб таҳия ва пешкаш мекунад, ки яке аз инҳо “Китоби нав” мебошад. Ин барнома моҳе ду маротиба дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” баргузор мешавад.
Умари Шерхон адиб ва журналисти касбӣ буда, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1992) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2002) аст. Яке аз маҷмуаҳои адиб бо номи “Сипос” меҳмони баромаи навбатӣ гашт. Ровии барнома Шарифов Холид бачагонро бо ин маҷмӯа шинос намуда, аз мавзӯъ ва мундариҷаи ҳикояҳои дар он дарҷгашта маълумот дод.
“Сипос” аз ҳашт ҳикоя ва як қиссаи воқеӣ мураттаб шудааст, ки се фаслро дар бар мегирад. Фасли аввали маҷмӯа дорои ҳикояҳои “Маълула”, “Зоча”, “Сипос”, “Тавба”, “Густох” ва чанди дигар иборат аст.
Фасли дуввум қиссаи воқеии “Валӣ”-ро дар бар мегирад, ки аз рӯзгори яке аз фарзандони баруманди қаламрави Балҷувон Домулло Валии Кангуртӣ ҳикоят мекунад.
Фасли охири маҷмӯа дорои як силсила ҳикоёт хурд-хурд буда “Шунидан кай бувад…” унвон дорад. Ҳикояҳо бозарофат ва ҳазломез буда, дорои ҷанбаи тарбиявӣ-ахлоқӣ мебошанд.
Мехоҳед бо қиссаи воқеӣ ва ҳикояҳои фасли аввали маҷмӯа ошноӣ пайдо кунед? Пас, аз Китобхонаи миллӣ маҷмӯаро дарёфт кунеду бихонед.
Муҳидинова Махфират