Китоби нав. “Намунаи сенарияҳои ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ”

Чашнхои-миллиДар китоби мазкур доир ба ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ маълумоти мухтасар оварда шудааст. Муаллифон Дилшод Раҳимӣ ва Фармон Давлатов буда, асари худро барои аҳли фарҳанг, санъат, коргардонҳо, донишҷӯёну муҳаққиқони ҷашнҳои миллию давлатӣ пешниҳод намуданд

Чуноне муаллифон дар пешгуфтори китоб гуфтаанд, пас аз мушарраф шудан ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Асосгӯзори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари бузургдошти санаҳои муҳими сиёсӣ: Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Парчам ва монанди инҳо ҳамчунин ба ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои эҳёи дубораи онҳо бо қарору фармонҳои расмию  давлатӣ ва заминаву шароити мусоид муҳайё сохтанд.

Ҷашнҳои миллии тоҷикон падидаҳои иҷтимоӣ- фарҳангие мебошад, ки ба ҳодисаҳои табиат иртибот дошта, оғози онҳоро ниёгони мо- ориёиҳо бунёд гузоштаанд. Дар масири  пурталотуми таърих суғдиёну бохтариён, хоразмиён ва ақвоми дигари ориёитабор ин ҷашнҳоро чун василаи пайвандгари байни инсону табиат, фарду ҷамъият ва ҳамчун омили тақвиятдиҳандаи меҳру муҳаббат ба Ватан шинохтаанд ва гиромӣ доштаанд.

Чор ҷашни бостонии тоҷикон ба  чор унсури табиат, ба чор фасли сол ба  ҳодисаҳои кайҳонӣ иртиботи мустақим доранд, ки ин дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳодисаи нодир аст. Аз ин хотир мо бо итминон гуфта метавонем, ки чор ҷашни мазкур ба ҳеҷ дин марбут набуд. Аммо дар тӯли қарнҳо динҳову маънавиёти маъмул ба ин ҷашнҳо мусоидат кардаанд. Баъзе унсурҳои динӣ ба ҷашнҳо омехта гаштаанд, вале ин бо хоҳишу ниёзи худи мардум ба вуҷуд омадааст ва ҳатто мазмуни ҷашнҳоро бою рангин кардаанд.

Ҷашни Наврӯз нисбат ба се ҷашни дигар дигар пурратар, густардатар буда, роҷеъ ба он адабиёти илмии фаровон ба табъ расидаанд. Меҳргон ва Сада маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё гаштанд. Дар замони шӯравӣ дар бораи онҳо танҳо баъзе олимону адибон маълумоти кутоҳе доштанд. Акнун ин ду ҷашн сол то сол маъруфтару мардумитар шуда истодаанд. Инак дар солҳои охир ҷашни чорум – Тиргон дар раванди  эҳёшавӣ қарор дорад.

Ҷашнҳои давлатӣ низ бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос ва дар сатҳи баланд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», таҷлил меёбанд.

Бо мақсади дастгирии аҳли фарҳанг ва барпокунандагони ҷашнҳои давлатию миллӣ ин китоб таҳия шудааст. Он аз ду бахш иборат буда, дар  бахши аввал хусусиятҳои ҷашнҳои миллӣ – Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон шарҳу тафсир ёфта, намунаи сенарияҳои таҷлили ин ҷашнҳо оварда шудаанд.

Дар бахши дуввум вижагиҳои идҳои давлатӣ аз он ҷумла ҷашнҳои Истиқлол, Ваҳдати миллӣ, рӯзи Парчами миллӣ… баррасӣ шуда, намунаи сенарияҳои онҳо пешниход шудаанд.

Бахши аввали китоб ба қалами фолклоршинос ва мардумшинос Дилшод Раҳимӣ тааллуқ дошта, маълумот ва сенарияҳои бахши дувумро фарҳангшинос Фармон Давлатов таҳия кардааст.

Сенарияҳои дар китоб овардашуда, албатта, иборат аз намунаҳоянд ва такмилу коркарди иловагии онҳо ба дӯши коргардонҳо ва санъаткорони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад.

Фарзона Шарифова, мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.