Китоби нав: Ҳошим Гадо «Бо ту будам!»
Ҳазору даҳумин ҷилди китобҳои ҳунарманди мумтоз Ҳошим Гадо бо номи “Бо ту будам!” аз чоп баромад. Ин ҷилд бо”Актёр” ном як шеъри хуби шоири шинохта Мастон Шералӣ оғоз шудааст.
Ин мисраҳо аз ҳамин шеъранд:
Зи номи дигаре гуфтор кардан,
Ба хулқи рафтае рафтор кардан
Набошад кори осон такрор кардан, рӯи саҳна
Гузашта даврае такрор кардан.
Дами шодӣ бигиряд ихтиёрӣ
Бирезад ашкҳои шашқаторӣ,
Барои нақши матлуб офаридан
Кашад ранҷу азобе актёре.
Хоҳишмандон метавонанд саду даҳуммин ҷилди осори Ҳошим Гадоро дар толори хониши адабиёт доир ба фарҳанд ва ҳунар мутолаа кунанд.
Зимнан дар ин толор гӯшае ба осору корномаҳои ҳунарии устод Ҳошим Гадо ихтисос дада шудааст, ки хонандагон дар он метавонанд бо кулли китобҳо, дастнависҳо, расмҳо, филмномаву дигар навиштаҳои ҳунарманди маъруф ошно шаванд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.