Китоби нав. Содиқи   Кашрўдӣ. “Меҳргон”

МеҳргонИн китоб ба тозагӣ бо сарсузани хеле кутоҳи доктори илмҳои суханшиносӣ, профессор Масрур Абдуллозода чоп шудааст. Ва дар ин сарсухан омадааст, ки “Содиқи Кашрўдӣ  пайваста дар кўшишу кашиш аст, то аз гулистони хираду фарҳанги ҷаҳонгири порсу тоҷик гулҳои тару тоза чинад ва барои дидану бўидан ба хонандагони гиромӣ пешниҳод кунад.

Чакидаҳои хомаи ў бо номи «Субҳи Содиқ», «Ғазалиёт», «Ашъори мунтахаб» ва «Нидои қарнҳо» дастраси ҳаводорони сарводаву суруд гаштаанд.

«Меҳргон» давоми ин чакидаҳо буда, чун рўди пуртуғёни кўҳӣ ба дарёи назми дарӣ ҷорӣ мешавад.

Эҷодиёти Содиқи Кашрудӣ пиндори нек, гуфтори нек, рафтори некро, ки фармуди Худои бузург аст, тараннум мекунад. Дар онҳо сифатҳои Худои бузург, падару модар, меҳан, ростиву ҷавонмардӣ, некиву накўкорӣ, меҳру муҳаббат, хушиву зебоӣ ва монанд ба инҳо ҷойгоҳи арзандаи худро доранд…”

Умед аст, ки писанди хонандагон гардад.

Китоби “Меҳргон”-и Содиқи Кашрӯдиро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Фарҳоди САЛИМ,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.