Курси такмили ихтисос барои кормандони китобхонаи ба номи Лоҳутӣ

Курси такмили ихтисосДар асоси дархост ва ҳамкориҳои мутақобилаи Китобхонаи миллӣ бо Китобхонаи марказонидашудаии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ 10 нафар кормандони бахшу шуъбаҳои китобхонаи мазкур дар Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ ба курси омӯзишии “Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ” ҷалб карда шуданд.

Курси мазкур дар асоси барномаи таълимии Маркази таҳсилот ва ҷадвали дарсии тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, шунавандагони курс ба таври назариявӣ ва амалӣ ба омӯзиши масъалаҳои китобхонашиносӣ, менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, асосҳои китобшиносӣ ва библиографияшиносӣ, хидматрасонӣ ба хонандагон, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, тарғиби фаъолияти китобдорӣ ва дигар нозукиҳои соҳавӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.

Машғулиятҳои назариявӣ дар Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ баргузор шуда, қисми амалии курс дар бахшу шуъбаи гуногуни Китобхонаи миллӣ дар умум дар ҳаҷми 36 соат баргузор мегардад. Хотиррасон менамоем, ки ба шунавандагони курс донишмандони соҳа ва кормандони илмии Китобхонаи миллӣ дарс мегузаранд.

Китобхонаи миллӣ бо имконоти моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии худ имкони қабул ва баргузории курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони дилхоҳ китобхонаи ҷумҳуриро дорад ва дар ин самт бо китобхонаҳои кишвар пайваста ҳамкорӣ менамояд.

Умедворем, ки ҳамкасбони мо аз Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ пас аз хатми курс бо донишҳои замонавӣ ва идеяҳои тоза барои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати фаъолияти муассисаи худ саҳми назаррас мегузоранд.

Ҳадятуллоҳи Амриддин, сардори
Маркази таҳсилот ва
инноватсияҳои китобдорӣ