Маҳфили “Ганҷи сухан“ ва марвориди воқеии сухан–Латофат Кенҷаева

Ганҷи суханБо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста маҳфили “Ганҷи сухан” бо иштироки адибони маъруфу маҳбуби кишвар доир мегардад. Ногуфта намонад, ки хонандагони доимии шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд иштирокдорони маҳфил мебошанд.

Дар меҳмонии маҳфили навбатии “Ганҷи сухан”  “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон” “Аълочии матбуоти Чумхурии Точикистон”,  рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (2025), Узви Иттифоки нависандагон (1996) ва Иттифоки журналистони Тоҷикистон (1998), шоири хушкалом Латофат Кенчаева ва шоир Ҳидоятбону Одинаева ҳузур доштанд.

Муҳаммадиқбол Атозода – муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилро ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ иброз дошт, ки шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд баҳри болидахотирии хонандагони шуъба, ба хотири наздик будан ба аҳли илм, фарҳанг ва аҳли сухан пайваста маҳфилҳои фарҳангӣ барпо мекунад.  Яке аз чунин маҳфилҳо маҳфили гарму дилнишини “Ганҷи сухан” аст.

Ганҷи суханСипас, Муҳаммадиқбол Атозода иштирокдоронро ба маҳфили “Ганҷи сухан” хайрамақдам гуфта, меҳмононро муаррифӣ намуд.

Кенҷаева Латофат 8 июни соли 1950 ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи № 1 ноҳияи Ғончӣ (Деваштичи имрӯза) соли 1967 ба Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, шуъбаи журналистикаи Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудааст (1972).  Пас аз хатми Донишгоҳи давлатӣ дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, шуъбаи адабӣ-драмавӣ кор кардааст. Ҳамзамон филиали дар Тошканд будаи Институти радио ва телевизиони умумииттифоқиро хатм намудааст. Аз соли 1981 ба ҳайси сардабир дар маҷаллаи ҷавонону наврасон «Истиқбол» (собиқ «Машъал») кор мекунад. Соли 1996 назди маҷалла Ташкилоти кӯдакони соҳибистеъдоди ҷумҳуриро бо номи «Истиқбол» таъсис дод, ки он соли 2008 унвони Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ  (ТҶБ)-ро гирифта, раисии ҳамин Ташкилотро худи Латофат Кенҷаева ба ӯҳда дорад.

Ганҷи суханШоири халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева муаллифи беш аз 75 китоби насрию назмӣ барои кӯдакону наврасон мебошад. Маҷмуаҳои ашъори адиб бо номҳои “Лолаарӯсак”, “Марҷони ранга”, “Сандуқчаи марворид”, “Афсонаи тиллонур”, “Гурбаи Сомон ва чӯҷаи Ораш”,  “Қофиябозӣ”, “Мӯр ва анбӯр”, Баррача ва зангӯла”, “Суруди Наврӯз” ва ғайра ба табъ расидаанд.

Бояд гуфт, ки Латофат Кенҷаева на танҳо дар эҷоди ашъори бачагона ба камол расидааст, балки дар тарҷумаи ашъори барои кӯдакон таълифнамудаи шоирони халқҳои дигар низ маҳорат ва истеъдоди хос дорад. Аз чумла, маҷмуаи ашъори шоири рус Наталия Юркова «Моҳ ва фил» ро бо сабку забони шевою рангини кӯдакона ба тоҷикӣ тарҷума намудааст. Дар баробари ин асарҳои алоҳидаи ин адиб ба забонҳои русӣ, англисӣ, узбекӣ, беларусӣ ва украинӣ тарҷума гаштаанд.

Сипас, Одинаева Ҳидоятбону аз ашъори худ, ки барои кӯдакону наврасон меофарад, шеърҳои “Афсонадӯст”, “Фасли зимистон”, “Гули ёс”, “Табақи чӯбин”, “Орзу”, “Борони найсон”, “Тобистон”-ро қироат намуд.

Офтобак тобон,
Мева фаровон.

Роҳати ҷон аст,
Фасли тобистон.

Баъдан, Шоири хушкалому ширинбаён Латофат аз маҷмӯаҳои осори худ ба ҳозирин шеърҳо аз қабили “Куррачаи ман”, “Нушофарин”, “Як села зоғ”, “Бибиҷон” қироат намуд. Аз қироати зебои шоир бачагон низ илҳом гирифта, аз ашъораш шеърҳо қироат намуданд. Латофат Кенҷаева ба бачаҳо китобчаҳо тақдим намуд, ки боиси хушнудии онҳо буд. Дар қисмати баъдии маҳфил шоир аз зиндагии худ қиссаҳо намуд. Аз ҷумла порае аз “Нома ба бародар”, қиссае таҳти унвои “Мӯзача” ва қиссаи дигаре аз  маҷмуаи “Сандуқчаи марворид” манзури ҳозирин намуд. Яке аз ин қиссаҳо дилрешкунанда буду дигаре хушҳол. Ин қисаҳо моро водор месозанд, то ба қадри сулҳу осоиштагӣ ва тинҷиву амонӣ дар мамлакат бирасем.

Ганҷи суханДар ин миён қисмати фарҳангӣ низ ҷараён дошт, ки хонандагони доимии шуъбаи мазкур Момина ва Муҳаммадҷон сурудаҳои худро пешкаши ҳозирин намуданд. Бачагон таҳти навоҳои фораму дилнавоз рақсиданд.

Шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ низ ба меҳмонони азизу гиромии худ туҳфаҳои рамзӣ ҳадя намуд.

Дар ана ҳамин мавҷи хушиву хуррамӣ маҳфили “Ганҷи сухан” ба итмом расид.

Махфират Муҳидинова.