“Шаш қуи сафед”-и Бародарон Гримм дар барномаи Китоби нав
Барномаи “Китоби нав” ба ҳаводорони худ ин навбат афсонаи Бародарон Гримм “Шаш қуи сафед”-ро муаррифӣ намуд. Чуноне ки медонем, нависандагони машҳури Олмон Якоб ва Вилгелм Гримм барои дӯстдорони китобу каломи ноб афсонаҳои хеле машҳур эҷод кардаанд. Ин афсонаҳо аҳамияти муҳими маърифатӣ дошта, аз онҳо на фақат хурдсолон, балки ҳар як фарди ҷомеа баҳравар шуда метавонад.
Барномаи “Китоби нав” дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳе ду маротиба баргузор мегардад, ки дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таҳия мешавад.
Ровии барнома Холид Шарифов бачаҳоро бо яке аз афсонаҳои муъҷизабори Бародарон Гримм “Шаш қуи сафед” шинос намуд. Ин афсонаи бисёр зебо бо кӯшиши Қ. Ғафуров ба забони ширини тоҷикӣ соддаву равон тарҷума гашта, соли 2023 рӯи чоп омадааст.
Афсона бо ҷумлаи машҳури “Яке буд ва яке набуд…” оғоз ёфта, аз қиссаи роҳгум задани шоҳ дар ҷангал ва бо кампири ҷодугар вохӯрданаш оғоз мегардад. Кампир шоҳро ба доми фиреб андохта, духтарашро ба шоҳ ба занӣ дод. Ёдовар мешавем, ки бар ивази ба шоҳ нишон додани роҳи баромад аз ҷангал, ин ягона шарти кампири зол буд. Вақте шоҳ духтари кампирро дид, ҳарчанд духтар зебо буд, мақбулаш наафтод. Вале…илоҷи дигаре надошт. Бо духтар ҳамроҳ ба қасраш баргашт. Шоҳ аз завҷаи аввалааш як духтару шаш писар дошт ва метарсид, ки модарандар ба онҳо зиёне нарасонад. Аз ин рӯ фарзандонашро ба қасре, ки миёни ҷангали анбӯҳ воқеъ буд, бурда пинҳон кард. Роҳ ба ин қасрро ёфтан ғайриимкон буд, аммо шоҳ калобаи сеҳрноке дошт, ки агар калобаро ба замин партоӣ, он ғелида-ғелида ба самти қаср мерафт.
Афсона хеле шавқовару мафтункунанда аст ва зеҳни хонандаро афсун месозад. Хонандаи асар чашм аз сатрҳову дил аз афсона канда наметавонад.
Зани шоҳ – духтари капири ҷодугар, ки аз модараш сеҳру афсунро омӯхта буд, писарони шоҳро ба шаш қуи сафед табдил доду онҳо ба осмон парида рафтанд…
Оқибат бо писаракони қугашта чӣ шуд? Чи гуна аз банди ҷоду халос шуданд? Кӣ ба қувони сафеду овора кӯмак расонид? Афсона ҷолиб аст, магар не?
Пас, шумо ин афсона ва боз афсонаҳои зиёди дигареро метавонед дар Китобхонаи миллӣ дарёфт кардаву мутолиа намоед.
Марҳамат ба Китобхонаи миллӣ!
Муҳиддинова Махфират, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа