Мизи гирд дар мавзуи “Вазъи фонди депозитарӣ ва роҳу усулҳои тарғиби он”

Вазъи фонди депозитарӣКитобхонаҳо дар ҳар як кишвар дар баробари маркази хидматрасонӣ буданашон, ҳамзамон маркази ҳифз ва нигоҳдошти осори хаттӣ, чопӣ ва фарҳангию адабии миллатҳо ба шумор мераванд.

Китобхонаҳо вобаста ба хусусиятҳои худ дорои махзанҳои гуногуни адабӣ ва илмию фарҳангӣ мебошад.  Дар ин миён махзани китобҳои депозитарӣ бо хусусиятҳои хоси худ як бахши пурғановати фарҳангию таърихии китобхонаҳо ва дар маҷмуъ миллатҳо ба шумор мераванд.

Мавзуи мазкур рӯзи 15-уми майи соли 2025 зимни баргузории як ҳамоиш, бо ибтикори шуъбаи депозитарии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикист мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ифтитоҳи кори мизи гирд муовини авввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода суханронӣ карда, ба муҳим будани мавзуъ ва роҳҳои беҳтаргардонии кор дар ин самт ишора намуд. Муовини директори Китобхонаи миллӣ гуфт,ки “Фонди депозитарӣ яке аз бахшҳои муҳими ҳар як китобхона ба шумор рафта, вазифаи асосии он ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи нашрияҳои камгардиш ва ҳамзамон дорои арзиши баланди илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳолати нигаҳдории ин фонд бевосита ба сатҳи хизматрасонӣ ва ҳифзи мероси илмӣ таъсир мерасонад.

Дар “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон низ фонди депозиторӣ яке аз махзанҳои муҳимми илмӣ маҳсуб шуда, фарогири китобҳои нодири камгардиш нашрияҳои то инқилобӣ ва маҷмуи экспидитсияҳое мебошад, ки барои илмҳои ҷуғрофӣ, табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ хеле муҳим мебошанд”.

Вазъи фонди депозитарӣДар идома, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Аминзода суханрони карда аз вазъи нигоҳдории фондҳои депозитарӣ дар китобхонаҳо ёдовар шуд.

Китобҳое, ки арзиши баланди илмӣ доранд, китобҳои камистифодашаванда ва инчунин санъати зарҳалкорӣ дар фонди депозитарии китобхонаҳо ҳифзу нигоҳдорӣ мешавад. Дар мавриди фонди шуъбаи депозитарии китобхонаҳо ва махсусияти он маълумотҳои муфассалу мукаммал ва фишурдаву кутоҳ дар расонаҳои кишвар ба таъб расидаву ҷиҳатҳои гуногуну вижагиҳои ин махзан аз назарҳои мухталиф мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд, вале асли фаъолияти ин шуъба ва нақшу мақоми он дар соҳаи китобдорӣ, маънои аслии калимаи “депозитарӣ” дар соҳаи мавриди назар ба таври рӯшан омӯхта нашудааст. Гарчи бароиш ва нуктаи истифодаи вожаи «депозитар» дар соҳаи бонкӣ роиҷ буда, ба нуктаи аслии худ расидаву бо таъбиру шарҳҳои васеъ дар энсиклопедияҳо мавриди истифода қарор гирифтааст,

Вазъи фонди депозитарӣДоктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи умумӣ ва ватании Донишгоҳи Славянии Россия ва  Тоҷикистон С. Р. Муҳиддинов зимни суханронии худ иброз дошт: “Вожаи депозитарӣ ба китобхонаҳо шояд аз соҳаи бонкӣ ворид гардида бошад. Вожаи депозит – маблағ ё қоғазҳои қиматноке, ки ба муассисаи қарзӣ барои ҳифз ё мақсадҳои махсус ворид мегарданд”.

Шаҳбону Давлатова намоянда аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба фаъолияти китобхонаи илмии донишгоҳи мазкур ва дастхатҳои маҳфуздошта дар ин китобхона маъруза кард.

Қайд гардид, ки дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз асрҳои X-XII китобҳои арзишманд ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешаванд. Донишгоҳ  аз давлатҳои хориҷ ба монанди Эрону Афғонистон ва баъзе мамолики Араб дастхатҳоро харидорӣ карда, дар китобхонаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода ҳифзу нигоҳдорӣ мекунад. То имрӯз дар фонди китобхонаи мазкур зиёда аз 2000 дастхат бо арабию форсӣ ва як миқдор дастнавис нигоҳдорӣ мешавад.

Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиш Чорёр Файзуллозода, мудири Шуъбаи маркетинг ва рушди Маркази миллии патенту иттилоот суханронӣ кард ва аз ҷумла гуфт: “Чи  тавре  аз   сарчашмаҳо   ба  мо  маълум  аст, фонди  депозитари   асосан  дар  китобхонаҳо    барои   ҳифз   ва   нигоҳдории    асарҳои   нодири  камистифодашаванда,  мазмунан   куҳнашуда, дорои  қимати  илми – дошта,   нусхаҳои   зиёдатии   асарҳо    бунёд мешавад”.

Чорёр Файзуллозода  дар идомаи маърузаи худ қайд кард,ки дар  хазинаи   Китобхонаи    давлатии   патентию  техникӣ  фонди   ҷудогонаи  депозитарӣ   ташкил  нашудааст.

Вазъи фонди депозитарӣДар  баробари    ин,  гуфтан   ба  маврид аст,   ки  асосан   хазинаи    китобхона   бо  ҳуҷҷатҳои    патентии   дохил  ва   хориҷи    кишвар,   ҳуҷҷатҳои меъёрию  техники,  патент  ва   нахустпатентҳои   Ҷумҳурии   Тоҷиқистон,  адабиёт дар соҳаи моликияти зеҳнӣ,  адабиёти  соҳавӣ,    маҷаллаву рӯзномаҳо, ва ғара маҳфуз мебошад.

Бо ин мақсад ишора менамоям, ки дар фонди Китобхонаи мо     1610  нусха   дастнавис, ки  аз соли 1974 то ба имрӯзро дар  бар  гирифта, ба  забонҳои тоҷикиву русӣ нашр  гардида,  қимати   илмӣ  доранд,   мукаммал   мебошад.

Дар  Китобхона  маводди  аз  соли  1955  то   инҷониб  нашршуда   ҳифзу  нигоҳдорӣ  карда  мешаванд.   Аз  ин  лиҳоз   гуфта   метавонем, қи   дар  оянда   Китобҳонаи   давлатии   патентию текникӣ  гарчанде  китобхонаи соҳавӣ  бошад ҳам, метавонад, фонди депозитарии    худро   ташкил   ва   дастраси  истифодабарандагони худ  гардонад.

Вай ҳамчунин ибрози назар намуд, ки сарчашмаи ниҳоии китобхонаи мо 15 435 480 ададро дар бар гирифта аз ин шумора дар Китобхона ба миқдори 7 538 262  адад  микроплёнка, 7 582 665 адад тавсифи ихторооти давлатҳои хориҷ,  2878   адад гирдаҳои оптикӣ, 10000  адад ҳуҷҷатҳои меъёри – техникӣ СНИП – стандарти байналмилалӣ сатҳу сифати маҳсулот ва ГОСТ – стандарти соҳавӣ,  ва  2260 адад тавсифоти  ихтирооти ҶТ   маҳфузанд,  ки   фикр  мекунам    дар  заминаи    ҳамин   сарчашма   дар   оянда   мо фонди депозиторӣ ташкил  карда   метавонем.

Вазъи фонди депозитарӣДар қисмати дигари ҳамоиш корманди шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ Бунафша Абдуллозода дар мавзуи “Фаъолияти шуъбаи депозитарӣ дар самти ҳифз ва нигоҳдории мероси матбуот” баромад кард. Вай гуфт, ки фонди шуъбаи мазкур ба ҳолати 20 апрели соли 2026. 41 ҳазору 760 мавод мебошад, ки фарогири китобҳо бо ҳуруфи лотинӣ, бо забонҳои тоҷкӣ, русӣ, китобҳои ҳаҷман калон, китобҳои ҳаҷман хурд, матбуоти даврӣ (маҷаллаҳои то инқилоб), донишномаҳо, луғатҳо, асарҳои олимони ҷаҳон, варақаҳои изографӣ ва ГОСТҲО мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти шуъба масъалаи асосӣ ин, пешгирии фарсудашавии қисми муайяни захираҳо ва ташаккули фонди электронии шуъба мебошад. Ин раванд ба талаботи ҳозираи китобдорӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти шуъба айни ҳол,  аз тарафи кормандони шуъба тадбирҳои муайян амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла то ин дам:

– Ворид намудани фонди депозитарӣ ба барномаи«ALEPH»;

– Мушаххас намудани адабиёти фонд ба соҳаҳо тибқи таснифот;

– Таҳияи дастури библиографӣ таҳти унвони “Китобномаи фонди лотинии”-и шуъба депозиторӣ;

– муқоисаи китобҳои шуъба аз дафтари инвентарии фонди шуъба, ба рӯйхати электронии шуъба ва дафтари инвентарии шуъбаи мукамалгардонии фонд;

– тафтиши баргаҳо дар қуттиҳои феҳрист тибқи забони асл;

– санҷиши намудани қуттиҳои феҳрист ва ба забонҳо ҷудо кардани баргаҳо;

– тарғибу ташвиқи фаъолияти шуъбаи депозиторӣ дар сомонаи Китобхонаи миллӣ, маҷалла ва рӯзномаҳои кишвар;

– ташкили намоишҳои китоб бахшида ба санаҳои муҳимми таърихӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии Китобхонаи миллӣ.

Гуфтанист, ки Шуъбаи нигоҳдории депозиторӣ 1-уми январи соли 1977 дар собиқ Китобхонаи давлатии ба номи А. Фирдавсӣ ташкил шудааст. Соли 2012 дар бинои нави Китобхонаи миллӣ шуъбаи мазкур фаъолияти фарохи фарҳангию илмӣ пайдо карда, ҳамагӣ чанд моҳ баъд умри он ба 50 сол мерасад. Яъне ин шуъба ним қарни расо аст, ки дар худ осори гуногуни илмию адабиро нигоҳдорӣ мекунад ва дар хидмати аҳли илму фарҳанг қарор медиҳад.

Наргис Назарзода