Муаррифии як луғати куриёӣ ба русӣ, ки дар Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст
Ин луғати куриёӣ ба русӣ соли 1951 дар шаҳри Москав нашр шудааст ва 60 ҳазор калимаро шарҳ додааст. Мақсади асосии таълифи луғати мазкур кумак ба тарҷумонҳои забони куриёӣ, кормандони матбуот ва касоне, ки истилоҳоти иқтисодиву иҷтимоиро мехоҳанд тарҷума кунанд ва бо истилоҳоти сиёсӣ сарукор доранд, мебошад.
Таҳиягарон гуфтаанд, ки луғатнома ҳаҷман хеле хурд аст ва танҳо барои тарҷумаи истилоҳоту матнҳои соҳавӣ, аз қабилӣ иқтисодиву сиёсӣ пешбинӣ шудааст. Аммо ин китоб барои касоне, ки мехоҳанд асарҳои адабӣ тарҷума кунанд, кофӣ нест. Барои ин онҳо бо луғатномаҳои дигари фарогир бояд сарукор дошта бошанд.
Луғатномаи мазкур аз ҷониби А.А. Холдович тартиб дода шуда, он дар нашриёти “Гасударственное издательство Национальных словарей”, дар шаҳри Москав нашр гардидааст.
Китоби мазкур яке қадимтарин луғатномаи куриёӣ ба русӣ мебошад, ки дар Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Солҳои тӯлониест, ки ин китоб мавриди истифода қарор дорад ва имрӯз низ онро хонандагон дархост менамоянд. Ин ба он маъност, ки то ҳанӯз ин луғатнома мақому манзалаташро миёни истифодабарандагон гум накардааст.
Нусхае аз ин луғатнома дар толори хониши адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст ва шумо, хонандагони азиз метавонед аз он мунтазам истифода намуда,малакаву маҳорати хешро дар риштаи забономӯзӣ сайқал диҳед.
Манижабону ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ