Расад сад сол умратро баҳорон…

Эмомова Зумратбӣ РаҳмоновнаБонуи соҳибэҳтирому собиқадори Китобхонаи миллӣ, сардори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ – Эмомова Зумратбӣ Раҳмоновна ба синни муборак расида, ки мо, кормандони Китобхонаи миллӣ апаи азизро бо ин рӯзи накӯ табрику таҳният мегӯем.

Эмомова Зумратбӣ аз соли 2013 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамояд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияташ дар шуъбаи абонементи байни китобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳамчун мутахссис хеле фаъол буд. Фаъолияти натиҷабахш ва талошҳои меҳнатиашро ба инобат гирифта,  мутахассиси пешбари шуъбаи мазкур (2016), сипас муовини сардори шуъбаи таҳрир ва интишороти Китобхонаи миллӣ (2017) ва соли 2018 сардори шуъбаи таҳрир ва интишороти Китобхона тайин гашт. Аз ин ба пас тӯли ҳамаи солҳое, ки дар Китобхонаи миллӣ меҳнат кардааст, ба ҳайси сардори шуъба фаъолият нишон дода, сардори шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо (2019), баъдан сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон (2023) ва сардори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ (2026) фаъолияти меҳнатиашро идома додааст. Бояд гуфт, ки шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон яке аз шуъбаҳои калидии Муассиса буда, серхонандатарин толорҳоро дорад.

Апаи Зумратбӣ ҳамчун бонуи кордону босалиқа фаъолияти самарабахш дошта, дар пешрафти соҳаи китобдорӣ саҳмгузор аст. Барои фаъолияти назаррас ва натиҷаҳои баланди меҳнатӣ Раиси Шурои бонувони Китобхонаи миллӣ интихоб гашта, ба дили бонувон роҳ ёфт ва соҳиби эътибору эҳтироми дучанд гардид.

Апаи Зумратбӣ ба серкориаш нигоҳ накарда, шуғли зебое чун худаш дорад. Дастонаш гуланду гулпарвариро дӯст медорад. Ҳар шуъбае, ки апаи Зумратбӣ дар он кор кардааст, чаманистон гаштааст. На як бору ду бор аз гулҳои парваридааш ба дӯстонаш тақдим кардааст. Ҳамту, бе ягон баҳонаву ҷашн. Ба хотири дӯстӣ, ҳампешагӣ.

Эмомова Зумратбӣ РаҳмоновнаАпаи Зумратбӣ барои ман ҳамчун устод аст, зеро аввалин шуъбае, ки банда фаъолиятамро дар Китобхонаи миллӣ оғоз кардам, шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо буд. Он замон апаи Зумратбӣ сардори шуъбаи мазкур буд. Аз рӯзи аввал дар дилам тухми муҳаббат ба шуъбаи таъмир ва тармимро кошт. Дар тармими китобҳои душвортаъмир маро раҳнамоӣ мекард. Нозукиҳои кор, аз қабили молидани қабати бисёр тунуки ширеш ба саҳифаҳои кандашудаву дарида, тарзи ҳамвор намудани саҳифаҳои қадгаштаи китоб ва дарки масъулият дар таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳоро омӯхт. Ҷаҳони сипос!

Замоне, ки апаи Зумратбӣ дар шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон адои вазифа менамуд, ҳар сари чанд вақт ба аёдаташ мерафтам. Лозим ба ёдоварист, ки шуъбаи мазкур на яктову дуто толор дорад. Ин шуъба дорои панҷ толор аст: толори асосӣ, толори ”Фурӯғи субҳи доноӣ, толори “Шоҳномахонӣ”, толори адабиёт доир ба табиат ва тиб ва толори ҳуқуқ ва фалсафа. Боре то оғози соатҳои корӣ ба дидорбиниаш рафтам. Дар паси мизи кориаш ӯро наёфта, ба толори дигаре шитофтам. Апаи Зумратбӣ гулҳояшро об медод. Суҳбаткунон аз як толор ба толори дигар гузаштем. Дар яке аз толорҳо гуле дидам, ки ба сони дарахт калон гашта. Бисёр хушам омад. Апаи азиз бо табассуми зебое ишораи тасдиқ кард. Чанд рӯз пас, саргарми кор будам, ки апаи Зумратбӣ дар даст як тубак гули зебое  вориди шуъбаамон шуд. Ин аз ҳамон гули маро мафтунсохта буд. Фақат кучактар. Алайки салом гӯён ба истиқболаш бархостам. Гуфт: Махфиратҷон,  ин гул барои ту! Чашмонам аз ҳаяҷон барқ мезаданд. Апаи Зумратбиро ба оғӯш гирифтаму миннатдорӣ намудам. Боз ҳам, ҷаҳони сипос!

Ин зани чеҳрахандону серҳаракат ҳамеша дар пайи беҳбуди кораш аст. Кореро дар нимароҳ намегузорад. Ҳамеша мекӯшад кори оғозкардаашро сари вақт ба итмом расонад. Барои кӯмак ба ҳамкорон ҳамеша дасту дилаш боз аст.

Акнун, ки бонуи зебо, корманди собиқадору кордон ба синни нафақа расидааст, барояш саломатии бардавом, офияти рӯзгор ва хушиву хушрӯзиҳои зиёд таманно дорем.

Фақат бошад табассум дар лабонат,
Набинад дард асло ҷисму ҷонат.

Расад сад сол умратро баҳорон,
Умеду орзу бинӣ фаровон.

Махфират Муҳидинова