Китоби нав. Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод. Китобномаи шарҳиҳолӣ
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобномаи шарҳиҳолии Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзодро чоп кард. Китобро Зафар Ғолибов ва Муҳаммадвалӣ Зиёев зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода мураттаб кардаанд. Корҳои муҳарририи он аз ҷониби С. Камолзода ва С. Абдуллозода анҷом шудааст. Ба китоб доктори илмҳои филологӣ, профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода тақриз навиштааст.
Ҳамчуноне дар пешгуфтор мехонем, Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод бо нигориш ва сабки вежа ба адабиёт ворид шуда, василаи заҳмату бедорхобиҳо дар жанрҳои гуногуни адабӣ асарҳои шоистаи замон таълиф намудааст, ки хонандагони сершумор аз онҳо баҳраваранд. Нависанда ба мавзуоти дарднок ё ба истилоҳ доғи рӯз даст зада, баробари масъалаҳои иҷтимоӣ, ахлоқию маънавӣ кӯшидааст, ки баъзе аз чеҳраҳои тобноки илму адабу фарҳанги миллии бар асари аз оташу дуди ҳаводиси таърих осебдидаву ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодаро дар сувари хаёл як-як эҳё намояд. Метавон гуфт, ки дар ин росто, адиби чирадаст бешубҳа, ба мақсуди хеш ноил шудаву амали хайреро ба пасовандон анҷом додааст.
Маҷмуаи мавриди назар аз пешгуфтор, мақолаи муқаддимавӣ, чор фасл, зерфаслҳо ва кумакфеҳристҳо иборат аст. Ҳар қисмат ё бахш ҷобаҷо гузошта, тариқи нишон додани манбаъ ва маъхазҳо дақиқан сабти ном ва рақамгузорӣ карда шудааст.
Китобнома баъди аввалсухан ё мақолаи муқаддимавӣ тарҷумаи ҳол ва санаҳои муҳимми ҳаёт ва фаъолияти эҷодии нависанда Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзодро фаро мегирад.
Дар рисолаи библиографӣ кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки осор ва адабиёт роҷеъ ба фаъолияти адиб пурра гирд оварда, манзури хонандагони гиромӣ гардонда шавад. Ҳамзамон, номгӯи тақриз, китобиёт ва мақолоти адабиётшиносон, мунаққидон ва донишварон перомуни таълифоти пурмуҳтаво пешниҳоди муштариён гаштааст, ки барои кушодани мазмуну мундариҷаи асарҳои ӯ мусоидат мекунанд.
Эҷодиёти Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод серпаҳлу буда, то андозае мавриди пажӯҳиши адабиётшиносону мунаққидони соҳа қарор гирифтааст. Чунон ки дар мақолаи муқаддимавӣ академик Носирҷон Салимӣ фаъолияти густарда ва осори адабии нависандаро мулоҳизакорона таҳлил намуда, ибрози андеша намудааст, « … асарҳои Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод ҳам барои ҷавонон, ҳам калонсолон ва ҳам солмандон созгор меояд. Ин хосияти асари асил аст, ки бо ҳар хонанда ва ҳар мухотаб метавонад суҳбат кунад. Асарҳои адиби нуктасанҷ аз чашмаи булӯрини сухангустарӣ бархӯрдоранд, зеро ки аз қалами як шахси соҳибистеъдод, соҳибназар, бомасъулияту дилсӯз ва ватандӯсту миллатпарвар берун омадаанд. Гулчини ҳикоёт ва публитсистикаи нависанда ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, форсӣ, франсузӣ, арабӣ, марӣ ва ӯзбекӣ чоп шудааст».
Осори адабии Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки берун аз он низ таваҷҷуҳи пажӯҳандагон ва суханваронро ба худ ҷалб намудааст. Нигориш ва сабки хоссаи ӯ, ки андешаи тоза, ташбеҳҳои нозук ва диди равшанбинонаи фарогири масоили умдатарини ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ дар рӯзгори пуртаҳаввули инсоният ба ҳам омехтаанд, бар он боис шуда, ки асарҳои нависанда дар муҳити адабу фарҳанги хориҷӣ пазируфта шаванд.
Садорати Иттифоқи нависандагони Америкаи Шимолӣ пас аз ошноӣ бо эҷодиёти арзишманди Сипеҳр ба натиҷа расиданд, ки ӯро бидуни навбат ба узвияти созмони байналмилалӣ қабул намоянд. Ин иқдоми масъулони Иттиҳодияи бонуфузи эҷодӣ ҳамчун эътирофи сатҳи баланди маҳорат дар ҷодаи пурмашаққати адабиёт ва адибони тавоно арзёбӣ мегардад. Дар ҳақиқат, дастоварди ин ё он шоиру нависанда пеш аз ҳама, барои адабиёти қавму миллат ва ҳампешагони худ мояи ифтихори бузург ва пешрафти маънавӣ ба шумор меравад.
Гуфтаҳои муътамад башорат медиҳанд, ки адиби аз хоки баланд рӯида бо нони ҳалоли меҳнатӣ устухон шах намуда, дар ҳавои накҳатбори Тоҷикистони биҳиштосо ба камол расида, таълифоташ низ дар миёни халқ маҳбубият пайдо кардаву ба дилҳо роҳ ёфтааст. Сухане, ки мисли чашмаи обаш зулол ташнагиро шикаста, хастагиро мебарорад ва инсонро сӯйи комгориҳои навин ҳидоятгар мешавад.
Дар зерқисми дувуми ҳамин фасли Китобнома мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ва маҷмуаҳои алоҳида иборат аз романҳо мураттаб гардидааст. Қиссаҳо, ҳикояҳо, очеркҳо, лавҳаҳо, филмномаҳо, ҳаҷвияҳо ва мусоҳибаҳо дар матбуот ва телевизиону радио, вохӯриҳо, тарҷумаҳо ва таҳрир марбут ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии адиб ба забони тоҷикӣ ва соир забонҳо давра ба давра ворид карда шудаанд.
Дар қисмати дигари Китобномаи шарҳиҳолӣ рӯйхати асарҳои ба нашр расонидаи адиб пешкаш гардидааст ва онҳо ба тариқи солшуморӣ (хронологӣ) ва дар дохил ба тарзи алифбоӣ ҷойгузин шудаанд. Маводи лозим ба тартиби солшуморӣ тасвир гардидааст, ки ҷавобгӯи талаботи нави китобдориву китобшиносӣ (ГОСТ-и соли 2003) сурат пазируфтааст. Барои омӯхтани эҷодиёти гуногунпаҳлуи адиб қисмати «Адабиёт дар бораи зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод» ҷой дода шудааст.
Кумакфеҳристҳои бо тартиби алифбоӣ овардаи асарҳои адиб ва ашхоси ҳаммуаллиф барои ҷустуҷӯи фаврии мавод ёрӣ мерасонанд.
Бояд таъкид кард, ки дар қисмати Китобномаи шарҳиҳолӣ манобеи электронӣ роҷеъ ба осори пурмуҳтаво ва феҳристи адабиёт дар бораи Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод оварда шудааст, ки аз ҷидду ҷаҳд ва огоҳона амал намудани мураттибони дастур дар ҷодаи тахасусӣ далолат мекунад.
Китобнома дар асоси бойгонии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, манобеи электронии сомонаҳои интернетӣ ва бойгонии адиб зери низоми библиографӣ мушаххас ва музайян гардида, маводи чопию электронии тайи солҳои 1974-2025 нашршударо фаро гирифтааст.
Умедворем, ки Китобномаи шарҳиҳолӣ дар омӯзиши эҷодиёт, кушодани мазмуну мундариҷаи таълифоти дилнишин, инчунин рӯзгору аҳволи адиби мумтоз Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод мусоидат мекунад ва барои таҳияву рӯи чоп овардани осорномаҳои бузургони миллати тоҷик замина мегузорад. Ҳамакнун, нишондиҳандаи библиографии мазкур ба пажӯҳишгарони соҳа, адабиётшиносону муҳаққиқон, рӯзноманигорону публитсистон, донишҷӯёни факултаҳои таъриху филология ва доираи васеи суханшиносон ҷиҳати пажӯҳиш ва омӯзиши осори адабии нависанда ёрӣ хоҳад расонд.
Зокирҷон Рабиев,
мудири бахши таҳрир ва интишорот