Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Абдурауф Фитрати Бухороӣ
”МУСАЛМОНОНИ ДОР-УР-РОҲАТ”
Асари шашуми форсии бародар Фитрат тарҷумаи ”Мусалмонони дор-ур-роҳат” ном румони таърихӣ ва ҳиссист, ки Исмоилбек Ғаспаронски-муҳаррири рӯзномаи “Тарҷумон” дар Боғчасарой ба забони туркӣ табъу нашр намуда буд.
Аз оғози ин китоб варақеро барои намуна нақл менамоем.
ОҒОЗ
“Имрӯз бо дӯстоне, ки дар Порис доштам, видоъ намуда, ба азми зиёрати балдаи Андалус, ки дар замони қадим ҷавлонгоҳи бузургони уламои ислом буд, омодагӣ дидам. Фардо ба номи дӯсти дилнавозам Марғаретхонум як видоънома навишта, савори оташароба шудам. Аз Порис баромада, ба сӯи куҳистони Перине роҳӣ гаштам. Кӯҳистони Перине сарҳади мамлакати Фаронса ва Испониёст: ҷониби шарқаш Фаронса аз тарафи ғарбаш–Испониё (яъне Андалус) мебошад. Фаронса хеле қитъаи биҳиштнамунист, боғу бӯстонҳо, хиёбону майдонҳояш аз камоли латофату азамат тамошобинонро ангушти таҳайюр мегазонад.
Ҳангоме ки бо оташароба сар то сари ин мамлакатро тай мекардам, нигоҳам то қувват дошт, ба ҳар сӯ медавид, бинои харобе ва замини беҳосилеро намедид. Худ ба худ мегуфтам: “Илоҳо чӣ саодатест, ки ба ин миллати ғаюр эҳсон намудаӣ!”
Дар муддати чилу се соат ба нуқтаи охирини Фаронса расида, дохили замини Испониё шудам. Боҷгирони давлати Испониё асбоби роҳи моро тафтиш намуданд. Яке аз боҷгирон пурсид: Магар Шумо аз арабҳои мағрибӣ ҳастед?
Ман: На, балки аз аҳли Тошкандам.
Боҷгирҳо: Аз қитъаи Туркистон. Хаёли куҷо доред?
Ман: Испониё.
Боҷгир: Он ҷо барои тиҷорат меравед?
Ман: На барои зиёрат.
Боҷгир: Аҷабо, дар мамлакати мо чӣ зиёрате хоҳад кард
Ман: Ҳоло мамлакати шумо дар назди мо, мусалмонон, мавқеи бузурге дорад. Мо ин қитъаи маъмурро Андалус меномем. Ин мулкро гаҳвораи маданияти исломия мешиносем.
Боҷгир: Бале дар мулки мо ҳанӯз осори исломия, ки шоёни зиёрат бошад, мавҷуд аст. Хуш омадед! Дар роҳи оҳан бисёр истода намешавад, агар фурсат мебуд, Шуморо меҳмон мекардам. Шумо аз мусофирони нодирулвуҷудед. Дар ин мулк, эҳтимол, ки ғайр аз Шумо мусофири тошкандӣ пайдо намешавад….. ”
“Дор-ур-роҳат” дар 87 саҳфаи бузург ба соли 1915 дар Ленингород (Петергород) аз тарафи китобхонаи “Маърифат”, ки дар Бухоро таъсис ёфта буд, табъу нашр шудааст.
(Поён)
Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.