Рӯнамоии китоби Алихон Зарифӣ дар Китобхонаи миллӣ

Алихон Зарифӣ Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби журналист ва нависанда Алихон Зарифӣ таҳти унвони “Вақте ки офтоб тулӯъ мекард ” баргузор гардид.

Ташаббускори ҳамоиш Китобхонаи миллӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буданд.

Маҳфилро нависанда ва пажӯҳишгари тоҷик Ҷонибек Асрориён оғоз намуд. Дар маҳфил донишмандону устодон, шогирдону ҳамкорон, дӯстону аҳли ҳунару фарҳанги кишвар бо шумули хабарнигорони кишвар ҳузуру суханронӣ намуданд.

Китоби “Вақте ки офтоб тулӯъ мекард”, ки барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст, силсилаи очерку лавҳа ва мақолаҳои  публисистии солҳои охир навиштаи Алихон Зарифӣ гирд омадааст.

Зиннатулло Исмоилзода-раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зимни суханроняш дар ин ҳамоиш гуфт: “Ёфтани лаҳзаи ягона барои лавҳа шарти муҳим аст. Ин лаҳза саҳнае мебошад, ки қудрат ва неруи асосии лавҳа шуда метавонад. Дар лавҳаҳои Алихон Зарифӣ дармеёбем, ки воқеа дар лавҳа нақши муҳим дорад ва ин воқеа муҷиби ба миён омадани навиштаи ҷолиб шудааст”.

Алихон ЗарифӣНависандаи шинохта, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Маҷид Салим дар муаррифии китоби Алихон Зарифӣ “Вақте ки офтоб тулӯъ мекард” аз эҷоди ин адиб сухан ба миён оварда, аз ҷумла гуфт: “Як очерки зебо дорад дар бораи Темур Султон. Беҳтарин очерк дар бораи Темур Султон аст, ки мо ба қадри чунин эҷодкорон нарасидем.

Чунин эҷодкорон дар нимароҳ монданд. Инҳоро акаи Алихон гирд оварда, дар бораашон эҷод мекунад. Акаи Алихон самимӣ менависад. Дар Тоҷикистон зуд-зуд китоб нашр мешавад, аммо чунин китобҳо кам рӯи чопро мебинанд. Нависандагӣ тасвир дорад. Бе тасвир бе образ асар ҳаргиз роҳ намеёбад”.

Маҷид Салим нависанда Алихон Зарифиро дар тасвир бисёр чирадаст медонад ва тасвирҳои ӯро зебо меҳисобад. Ӯ дар ин маҳфил иброз дошт, ки Алихон Зарифӣ ҳолатҳои қаҳрамонашро тасвир карда метавонад. Гуфтугуҳое (диалог), ки бо қаҳрамононаш дорад, бисёр самимӣ аст.

Алихон Зарифӣ Нависанда Маҷид Салим аз очеркҳои ин адиб дар бораи ҳунарҳои мардумӣ, фалак, кашидадӯзӣ, куртаи чакан, мавзеҳои сайёҳии кӯҳистон дар маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” чоп шуданд, хотиррасон шуда, инро нишони посдори фарҳанги мардум будани Алихон Зарифӣ унвон кард.

Ба таъкиди Маҷид Салим Алихон Зарифӣ дар синни ҷавонӣ ба гирифтани унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон шарафёб шудааст ва барои очерку мақолаҳояш ба ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сазовор гаштааст. Маҷид Салим аз очерки нависанда Алихон Зарифӣ дар бораи Тиллои Некқадам ёдовар шуд ва онро очерки хуб гуфт ва афзуд эҷодкор бояд ғами эҷодкори дигарро хӯрад, дастгирӣ кунад

Алихон Зарифӣ Ҷонибек Асрориён, гардонандаи маҳфили имрӯз вижагиҳои эҷоди Алихон Зарифиро тавсиф карда, иброз дошт, ки дар навиштаҳои ӯ осори худи Зарифӣ аст, он чӣ ки дар мағзаш аст ва дуздиҳо дар асараш дида намешавад.

Ҷонибек Асрориён ҳамзамон аз сеҳри сухани Зарифӣ ибрози ақида кард. Ёдовард шуд: Як очерки ӯро дар бораи Искандари Хатлонӣ хондам, чун мо бо он кас бародару ошно будем, баъзе хотираҳои дигарро зинда карданд. Вақте дар шаҳри Кошони Эрон будем, раиси фарҳанги шаҳри Кошон шунид, ки мардум аз Тоҷикистон омаданд, дарҳол пеши мо омад. Дар ҳайати мо Ҳуриннисо Ализода ва Муҳаммад Ғойиб буданд. Чун фаҳмид мо аз Тоҷикистонем шуруъ кард ба хондани шеъри Искандари Хатлонӣ “Дар хуни ман ғурури ниёгон нуҳуфта аст…”Ин шеърро то охир хонду гуфт Искандар куҷост. Ҳуриннисо Ализода гуфт Искандар мурд. Раиси фарҳанги шаҳри Кошон манзури Ализодаро нафаҳмид, касе гуфт фавт кард. Ӯ он қадар гиряи шонашикану босадо карду гуфт чаро Шумо Искандарро ҳифз накардед.

Ҷонибек Асрориён дигар хотираҳояшро аз хондани очерки Алихон Зарифӣ дар бораи Искандари Хатлонӣ варақгардон кард.

Директори радиои Тоҷикистон Обид Саидзода  иброз дошт, ки дар Китобхонаи миллӣ барпо шудани муаррифии китоби Алихон Зарифӣ ба маънои он нест, ки мо дигар ин гуна маҳфилҳоро дар Радиои Тоҷикистон баргузор намекунем. Бовар дорам, ки китоби дигарашон ҳатман дар Хонаи Радио рӯнамоӣ мешавад.

Обид Саидзода иқрор шуд, ки вақте ба омӯзиши таърихи Радиои Тоҷикистон машғул шудам, фаҳмидам ки ҳар кас, ки ба Хонаи Радио омад, як чизе зам кард, ягон масъаларо дар ягон самти журналистика зам карданд, вале кам накарданд. Акаи Алихон ҳам аз зумраи ҳамкоронест, ки бобати ғанӣ гаштани барномаҳои радио саҳми бузург дорад.

Сипас ӯ аз муҳтавову арзиши китоб сухан гуфт. Китобро пештар дастрас намуда, хондам. Ин китоб дар баробари асари бадеӣ будан, боз як падидаи ҳунарӣ аст, шоҳкори акаи Алихон ҳам ҳаст, дар ин баробар таърихи Радиои Тоҷикистон, як қисми ин китоб дар бораи кормандони Радиои Тоҷикистонанд.

Диди хуб дорад, навиштаҳояш ҷуғрофиёи васеъ дорад ва қаҳрамонҳои ӯ аз манотиқи гуногуни кишвар аст. Маҳал барои ӯ аҳамият надорад, қаҳрамонҳоеро интихоб мекунад, ки бартарие доранд ва нафъашон ба ҷомеа мерасад.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.