Рӯнамоии “Китобномаи шарҳиҳолӣ”-и Сипеҳр Абдуллоҳи Ҳасанзод дар Китобхонаи миллӣ

Дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоии “Китобномаи шарҳиҳолӣ”-и Корманди шоистаи Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи адабӣ ба номи Садриддин Айнӣ (2023), Барандаи ҷоизаи адабӣ ба номи Носири Хусрав (2026), нависанда, публитсист ва рӯзноманигори маъруф Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод баргузор гардид.

Рӯнамоии “Китобномаи шарҳиҳолӣ”-и дар бораи осори нависанда, публитсист ва рӯзноманигори маъруф Сипеҳр Ҳасанзод буда, дар он олимону шоирон, кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагони ВАО иштирок ва назару андешаҳои худро ироа намуданд.

Гуфта шуд, ки аз оғози фаъолияти Китобхона то ба имрӯз диққати асосӣ ба библиографияи тоҷик, махсусан дар омода ва таҳия намудани дастурҳои библиографӣ, хизматрасонии библиографӣ дода мешавад. Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази библиографӣ барои тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ дастурҳои методию тавсиявӣ, дастурамалҳо ва ғайраҳо омода ва таҳия менамояд.

Дар оғози ҳамоиш Сайфиддин Камолзода, муовини директори Китобхонаи миллӣ суханронӣ карда, мақсад ва ҳадафи таҳияи чунин дастуру китобномаҳоро ба ҳозирин шарҳ дод.

Таҳқиқу баррасӣ ва таҳияи дастурҳои библиографӣ, китобҳои шарҳиҳолӣ ва дигар нашрияҳои маълумотдиҳанда вобаста ба шахсиятҳои маъруф ва машҳури ҷомеаи кишвар аз зумраи вазифаҳои Китобхонаи миллӣ дониста шуда, рушди он пайваста аз ҳадафҳои асосии мо ба шумор меравад. Сипеҳри Ҳасанзод аз зумраи он нафаронест, ки бо нигориш ва сабки вежа ба адабиёт ворид гардида, василаи заҳмату  бедорхобиҳои дар жанрҳои гуногуни адабӣ асарҳои шоистаи таҳсин таълиф намудааст.

Дар ҳамоиш академики АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Носирҷон Салимӣ, академики АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуҷаббор Раҳмонзода, Узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кӯчарзода, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Сайфулло Сафаров, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсиддин Солеҳ, Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Умар Сафар, нависанда ва рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ ва дигарон суханронӣ карда, андешаҳои худро перомуни рӯзгор ва осори нависанда ва рӯзноманигори маъруф Сипеҳри Ҳасанзод иброз доштанд.

      Дар анҷоми рӯнамоӣ миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, Сипеҳр Абдуллоҳи Ҳасанзод андешаҳои худро дар робита ба таҳияи Китобномааш баён дошт. 

Гуфта шуд, ки дар рисолаи библиографӣ кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки осор ва адабиёт роҷеъ ба фаъолияти адиб пурра гирд оварда манзури хонандагон гардонида шавад. Ҳамзамон номгӯи тақриз, китобиёт ва мақолоти адабиётшиносон, манаққидон ва донишварон перомуни таълифоти пурмуҳтаво пешниҳоди хонандагон гардидааст,ки барои кушодани мазмуну мундариҷаи асарҳои ӯ мусоидат мекунанд. 

Китобномаи шарҳиҳолӣ дар омӯзиши эҷодиёт, кушодани мазмуну мундариҷаи таълифоти дилнишин, инчунин рӯзгору аҳволи адиби мумтоз Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод мусоидат мекунад ва барои таҳияву рӯи чоп овардани осорномаҳои бузургони миллати тоҷик замина мегузорад. Ҳамакнун, нишондиҳандаи библиографии мазкур ба пажӯҳишгарони соҳа, адабиётшиносону муҳаққиқон, рӯзноманигорону публитсистон, донишҷӯёни факултаҳои таъриху филология ва доираи васеи суханшиносон ҷиҳати пажӯҳиш ва омӯзиши осори адабии нависанда ёрӣ хоҳад расонд.

Наргис Назарзода, бахши робита бо ҷомеа