Агар Шералӣ Абдулқайсов зинда мебуд…

Шералӣ АбулқайсовАз таваллуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Шералӣ Абулқайсов 75 сол мегузарад ва аз маргаш 5 сол. Ёду номаш ҳамоно гиромист. Аз ӯ ҳамеша чун чун як ҳунарманди тавоно, донишманд ва асил ёд мекунанд.

Шералӣ Абдулқайсов 15 апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рўшони ВМКБ ба дунё омадааст. Актёри театр ва кинои тоҷик, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон (1991). Шералӣ Абдулқайсов ҳанўз аз айёми мактабхонияш на ба дурахши лаълу лоҷвард, на ба ҷилои барфи қўллаҳои ҳамешасафед, балки ба олами санъат мароқ дошт. Ў табиатро хеле ҷаззобу дилкаш дарёфта, бо садои барфобаи ҷўйборон, хурўши рўдҳо, шаҳомати кўҳҳо ва навои парандагон ҳамовоз мешуд ва ин амал ўро беихтиёр ба дарки олами санъат водор менамуд. Бо рўди кўҳӣ ҳамроз буд, зери садои мавҷи шўх шеър мехонд ва аз ҷўрашавии садояш бо рўди кўҳӣ меболид. Маҳз ҳамин муҳаббат ба санъат ўро соли 1968 аз деҳаи Дерзуди ноҳияи Рўшон ба факултети санъати актёрии Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т.Шевченко овард.

Баъди хатми Донишкада соли 1973 ба Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба кор шуруъ намуда, то охири умр дар ин театр фаъолият намуд. Тайи солҳои фаъолият дар ин даргоҳ нақшҳои мондагоре чун профессор ПашковАлломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Лука Лукич («Ревизор»-и Гогол), ТирессийЭдип»-и Софокл), КапуллетаРомео ва Ҷулйетта»-и В. Шекспир), Асад («Афсонаҳои мўйсафед»-и Н. Абдулло), ОтеллоОтелло»-и В. Шекспир), ГефистонИскандар ва Спитамен»-и Барот Абдураҳмонов), Дон ЖуанДон Жуан»-и Молйер) ва дигар образҳои барҷаста офарида, миёни ҳаводорони санъати театрӣ шуҳрат пайдо кард.

Нақшофарӣ дар пардаи муъҷизабори синамо як бахши асосии фаъолияти Шералӣ Абдулқайсов буд. Нақшҳои ўро ҳаводорони синамо на танҳо дар Тоҷикистон балки аз он зиёд дидаанд. Бе шубҳа симоҳои офаридааш дар филмҳои «Марди роҳ» («Нуралӣ, «Тоҷикфилм»), «Субҳи ҷавонии ман» Қарашир, «Ал-Бухороӣ» Амир (филми муштараки Тоҷикистону Ўзбекистон), «Айёми алафҳои бегона» Алиназар, «Пой» (муфаттиш, «Мосфилм»), «Падари маҳтобӣ» (Акбар, филми муштараки Тоҷикистон, Россия, Олмон, Швейтсария), «Шукрона» (Соҳиб, Эрон) ва амсоли инҳо мондагоранд.

Шералӣ Абдулқайсов аз зумраи актёрони боистеъдод, дорои тасаввуроти бойи эҷодӣ ва шавқу завқи васеъ буд. Ў дар ҳунари актёрӣ усули навро ҷустуҷў намуда, қолабу пайроҳаҳои поймолгардидаро намеписандид. Дар ҳар як намоиши саҳнавӣ ва ё кинофилм кўшиш мекард услуби тозаеро ворид созад, то ба ин васила тамошобинро ба ҳалли тозаи асар водор намояд.

Ҳунарманди серталош дар баробари нақшофарияш дар театру синамо, ба коргардонӣ ҳам майл дошт. Намоишҳои таҳиякардаи устод дар театру телевизион тамошогарони зиёд дошт. Маҳорати коргардонии ў дар асарҳои саҳнавии «Шер, рўбоҳ ва ангур» (моноспектакл аз рўйи масалҳои Эзоп), «Табаралӣ ба Япония меравад» (Шодӣ Солеҳ), «Вақти дуохонӣ» (Ҷумъа Қуддус), «Бобои барфӣ, Аҷуза ва ёрони ў», «Ғирев» (аз рўи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ), «Харобот» (С. Айюбӣ) ва «Новеллаҳои Чехов» бармало мушоҳида мегардад.

Ў 12 июли соли 2021 аз дунё даргузашт. Дўстону ҳаводорони ин марди дилбохтаи ҳунар аз ў ба некӣ ёд намуда, чароғи хотироташро фурўзон медоранд.

ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ АЗ ШЕРАЛӢ АБУЛҚАЙСОВ ВА ДАР БОРАИ Ӯ ИН МАТОЛИБРО ҲАМ МЕТАВОНЕД БИХОНЕД:

Абдулқайсов, Ш. Сабоҳати мо: Оиди кор ва фаъолияти Ҳунарпешаи театри “Аҳорун”, Сабоҳат Қосимова // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 16 июн.

Абдулқайсов, Ш. Вассофи озодӣ ва сулҳу дӯстӣ: Устод Мирзо Турсунзода // Паёмномаи фарҳанг. – 2011. – №3. – С. 29-33.

Абдулқайсов, Ш. “Чодари хаёл“дар Тоҷикистон Андешаҳо Перомуни баргузории савуми фестивали байналхалқии театрҳои лухтак “Чодари хаёл” // Адабиёт ва санъат. – 2012. – 31 май.

Абдулқайсов, Ш. Ҳунарпешаи нозукбин: Суҳбати рузноманигор О. Меҳрафзун бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон актёри Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ Шералӣ Абдулқайсов // Адабиёт ва санъат. – 2020. – 16 апрел.

МАНБАЪ: “Ҷумҳурият. – 2024. – 18 декабр.
Муаллиф: Судоба Файзалӣ

Таҳияи Нафиза Шаҳбозова,
корманди шуъбаи
илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ.