Меҳмонон аз Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон дар Китобхлонаи миллӣ
Аз Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин рӯзи 10-уми июни соли ҷорӣ ба Китобхонаи миллӣ меҳмонон дар ҳайати мудири шуъбаи методии ин муассиса Тутинисо Юсуфзода, мудири шуъбаи автоматикунонӣ ва китобҳои электронӣ Шоира Хуҷамардова ва китобдорон Шарофиддин Раҷабалиев, Сайёра Ятимова, Изатулло Ҷалилов ва Сабрина Бозорзода ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”- Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ташриф оварданд.
Зимни суҳбат меҳмонон иброз доштанд, ки бо талоши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Солҳои фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон” эълон гардид ва ба ин муносибат бинои Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин пурра навсозӣ гардида, дар сохтори ин муассиса Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Меҳмонон бо ҳамроҳии муовини аввали директор Салима Раҷабзода ва муовини директор Зафар Саидзода аз шуъбаҳои китобхона, аз ҷумла, Медиатекаи Президентӣ, кӯдакон ва наврасон ва хизматрасонӣ ба шахсони имкониятоашон маҳдуд дидан намуданд.
Кормандони Медиатекаи президентӣ меҳмононро бо таърихи таъсис, фаъолият ва вижагиҳои дигари кор дар шуъба, аз ҷумла Низомнома, Нақшаи корӣ ва дастурамали вазифавӣ, китобҳои гӯё ва Паёмҳои Пешвои миллат шинос намуданд ва дар ҷараёни суҳбат нусхаи ин аснодро дар ихтиёрашон гузоштанд. Китобҳои электронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳо доир ба фаъолияти ӯ аз шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ба онҳо дастрас гардид. Инчуни тариқи дархост 8 номгуй (13 нусха) китоб низ ба онҳо туҳфа карда шуд.
Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Теги: медиатекаи президентӣ