Китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон
Назри Яздон [Матн]: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ/ Мураттибон Г. Маҳмудов, Б. Қурбонова; муҳаррир С. Раҷабова; зери назари профессор Ҷ. Файзализода. – Душанбе: ЭР-граф, 2020. – 84 с. Агар хоҳем як таърифе аз шахсияти Назри Яздон диҳем, дар нигоҳи аввал хеле мушкил аст, зеро агар устодро ҳамчун шоир бигӯем, ӯ дар шоири мумтоз аст, агар устодро ҳамчун адабиётшинос матраҳ кунем, адабиётшиноси барҷаста аст ва агар устодро ҳамчун файласуф дар назар гирем, низ файласуфи бисёр хуб, пуркору пурзаҳматанд. Ва агар устодро ҳамчун фарҳангшинос матраҳ кунем, яке аз донандагону дорандагони хуби фарҳанги мо ҳастанд. Бинобар ин, ин гуна шахсиятҳоро, мо метавонем бигӯем,…