Ташрифи мудири Донишгоҳи Фаронса оид ба омўзиши Осиёи Марказӣ ҷаноби Адриан Фов ба Китобхонаи миллӣ

Имрўз мудири Донишгоҳи Фаронса дар умури омўзиши Осиёи Марказӣ ҷаноби Адриан Фов, Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ва атташе оид ба масоили фарҳангии Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Рожэ  ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмононро аз дари даромадгоҳ директори Китобхонаи миллӣ Файзализода Ҷумахон Хол ва муовини директор Гадобег Маҳмудов пешвоз гирифтанд.

 Сараввал, меҳмонон аз мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷойгир аст, дидан намуданд. Баъдан, роҳбалад меҳмононро бо Осорхонаи китоб, ки дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешавад, шинос намуд. Дар осорхонаи китоб зиёда аз 100 нусха дастхатҳои нодир, ки  қадимтарини онҳо ба асрҳои 13 -14 маҳсуб меёбад, нигаҳдорӣ мешаванд. Ин дастхатҳои нодир “Таърихи табарӣ”-и Абуҷафъар Муҳаммад ат –Табарӣ, “Дувалронӣ ва Хизрхон”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Шоҳнома”-и

Абулқосим Фирдавсӣ, “Девон”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, “Гулистон”-у “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ ва ғайра мебошанд.

Баъдан, меҳмонон аз толори китобҳои тозанашри даврони истиқлол ва аз толори адабиёти хориҷӣ, ки дар он ҷо гўшаи китобии Ҷумҳурии Фаронса низ мавҷуд ҳаст, дидан намуданд.

Дар толори пазироӣ директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол аз муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ёдовар шуд. Ҳамчунин, Директор дар суханронии хеш имзорасии Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи Донишгоҳи забонҳо ва тамаддунҳои ба номи Булак дар шаҳри Пориси Фаронса миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ёдовар шуд. Дар рафти мулоқот директор аз ташрифи собиқ Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар, ки 2-юми апрели соли 2020 ба Китобхонаи миллӣ сурат гирифта буд, зикр намуд. Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран аз доир намудани чунин вохўрӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба вусъат ҳамкориҳои мутақобила миёни китобхонаҳои ду кишвар таъкид намуд.

Пас аз он, мудири Донишгоҳи Фаронса оид ба омўзиши Осиёи Марказӣ ҷаноби Адриан Фов қайд намуд: “Банда, сараввал саломи гарми кормандони Институти омўзиши Осиёи Марказӣ Франсис Ришарро ба аҳли раёсати Китобхонаи миллӣ мерасонам. Бояд зикр намоям, ин нахустин ташрифи ман ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Умедворам, ҳамкориҳо миёни китобхонаҳои ду кишвар боз ҳам зичтар ва густурдатар хоҳад гашт. Мо метавонем, ҳамкориҳоро миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо Маркази таҳқиқоти форсизабонон, ки дар шаҳри Порис ҷойгир аст, ба роҳ монем, ки ин ба манфиати кор хоҳад буд”.

Дар фарҷоми мулоқот мудири Донишгоҳи Фаронса оид ба омўзиши Осиёи Марказӣ ҷаноби Адриан Фов ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4 нусха китоб бо забони фаронсавӣ тақдим намуд. Ҳамчунин, Директори Китобхонаи миллӣ, барои густариши ҳамкориҳои судманд миёни китобхонаҳои ду кишвар Адриан Фовро бо тўҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонид.

 

 

 Фарзонаи Мирзо