Шаҳноза Дониярова. Аз омўзгорӣ то ғолибият дар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»

Шаҳноза Дониярова ОШНОӢ

Шаҳноза Дониярова 23-юми майи соли 1984 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зода шуд. Соли 1990 ба синфи аввали Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи С. Айнӣ рафт ва соли 2001 онро ба поён расонд. Соли 2002 баъд аз хатми мактаб тариқи квотаи президентӣ ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии шаҳри Кўлоб шомил шуд ва онро бо дипломи аъло хатм намуд.

Ҳамон сол ба шавҳар баромада фаъолияти омўзгориашро дар  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Шамсидини Шоҳин  оғоз намуд. Ду сол омўзгори фанни забон ва адабиёти рус дар Литсейи хусусии «Раҳнамо»-и шаҳри Душанбе буд. Аз соли 2018 дар Китобхонаи миллӣ фаъолият намуда, феълан муовини шуъбаи кўдакон ва наврасони китобхона аст. Модари шаш фарзанд аст.

ВАҚТРО ДУРУСТ ТАҚСИМ НАМОЕД

Ширкаташ дар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ» тасодуфӣ буд. Духтарашро, ки синфи 4 мехонд, барои бахши адабиёти бачагонаи озмун омода менамуд. Як вақт фикр кард, аздусар бо фарзандаш омодагӣ мегирад, чӣ мешавад худаш ҳам иштирок кунад. Тасмим гирифт ва ҷиддӣ аз паи мутолиа шуд: ду соат дар кор ва ду соат дар хона. Соати сеи шаб соат занг мезанад ва ў бедор шуда, китобҳояшро, ки назди болинаш ҳастанд, мехонад. Ў мегўяд агар инсон вақтро дуруст тақсим кунад, ба ҳама кор фурсат пайдо мешавад. Вақтро тарзе бояд ҷудо намуд, ки барои ҳама кор басандагӣ кунад. Ин маҳорат аст, ки бо гузашти замон одат мешавад ва дар натиҷа одам ҳама корроа сари вақт анҷом медиҳад. Одам мақсад гузорад, барои расидан ба он чизе садд шуда наметавонад. Набуди вақт баҳона аст барои онҳое, ки танбаланд. Ба онҳо ҳар чиз сабаб шуда метавонад, касе, ки хоҳиш дорад, аз ҳар фурсат истифода менамояд. Ирода ва тасмимаш буд, ки тўли як сол бомасъулият ва ҷиддӣ аз рўи низомнома ба мутолиа машғул шуд. Шумори китобҳои хондааш аз адабиёти бачагона ба 330 ва ғазалҳои азёдкардааш ба 8000 расид.

Ў шабҳо соати 3 бедор шуда, китоб мехонад ва дар коргоҳ низ зуд корҳои ба зиммааш бударо анҷом медиҳад, то барои хондан замон бигзорад. Субҳ, ки сари кор мерасад, зуд корҳои шуъбаро саранҷом менамояд ва то ду соат ба мутолиа машғул мешавад.

Шаҳноза Дониярова ДАСТГИРИИ ҲАМСАР ВА ФАРЗАНДОН БУД

Ў бовар надошт, ки дар даври шаҳрӣ сазовори ҷои сеюм ва даҳ ҳазор сомонӣ мегардаду роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ мегирад. Дар ин пирўзӣ шавҳару фарзандон дастгираш ҳастанд, барояш шароит муҳайё намуданд. Шаҳноза пас аз соати 3-и шаб то субҳ мутолиа менамояд, пас ба субҳона пухтану корҳои дигари хона машғул шуда, фарзандонро ба кўдакистону мактаб равон намуда, ба кор меравад. Аз сарнавишт сипосгузор аст, ки шавҳари фаҳмидаву меҳрубону дўстдоштаро насибаш гардонд. Шавҳараш ба корҳои хона ба ў ёрӣ мерасонад, аксари корҳоро худаш мекунад, то ҳамсараш мутолиа кунад. Ҳоло, ки дар кишвари Русия қарор дорад, ба писар ва духтараш занг зада, таъкид менамояд, ки ба модарашон кўмак кунанд, корҳои хонаро худашон анҷом диҳанд, то модарашон саргарми мутолиа бошад. Шаҳноза мегӯяд, шавҳарам ҳар рўз аз Русия занг зада мепурсад, ки бе ман чӣ кор кардӣ, омодагиат чӣ тавр аст барои озмун? Вақте хабари ҷои сеюм шуданамро ба ў расондам, хеле шод шуд ва шухӣ кард, ки дуои мусофирон мустаҷоб мешавад, дуо мекунам, ки дар даври ниҳоӣ низ пирўз шавӣ.

КАДОМ ВАҚТ БАРОИ КИТОБХОНӢ МУВОФИҚ АСТ?

Субҳи барвақт. Пас аз истироҳати шабона  майна орому тоза аст, чун дар шаб фаъолияти майна камтар аст. Таҷриба кардам, модарам ҳам доим мегуфт саҳар ягон корро накун, мутолиа кун, шеър аз ёд кун, дарсатро бихон. Хондану аз бар кардан хотираро қавӣ менамояд. Аз замони мактабхонӣ ин корро мекардам. Он чизҳое, ки хонда ва азёд карда будам, ҳоло ҳам дар хотирам ҳаст. Пеш аз хоб низ бихонӣ, субҳи содиқ онро такрор кунӣ дар зеҳн нақш мебандад. Аксари китобҳое, ки хондам, шеърҳое, ки азёд кардам, бештараш аз давраи мактабхонист, ки онҳоро дубора такрор намудам.

НАТИҶАИ ЗАҲМАТҲОВУ БЕДОРХОБИҲО САМАР ДОД

Шаҳноза Дониярова Шаҳноза тасмим дорад агар дар даври ҷумҳуриявии озмун ғолиб шавад, дафъаи дигар дар номинои дабиёти ҷаҳон худро месанҷад. Ў шод аст, ки заҳматҳои шабонарӯзияш самар ба бор овард ва дар даври ноҳивӣ 400 сомонӣ дипломи раиси ноҳия тақдимаш шуд.

Вақте дар хонаам, кўдакон кўшиш мекунанд, ором бошанд ва ба ман халал нарасонанд. Чун китоб ба даст мегирам, ҳама кўдаконам гирдам ҷамъ мешаванд ва онҳо низ китоб ба даст мегиранд. Ҳамдигарро даъват мекунанд, ки биё китоб хонем. Ҳатто писари сесолаам, ки нав гапзаниро ёд гирифтааст, шеърҳои маро азёд кардааст ва ба забони кўдаконааш такрор мекунад, хандида гуфт Шаҳноза Дониярова.

АЗ ТАҒЙИРОТИ ОЗМУН ХУШҲОЛ АСТ

Тағйирот дар номинои адабиёти кўдакон, ки имсол ворид шуд, хеле бамаврид буд. Ба номинои адабиёти кўдаон ва наврасон асарҳои адибони ҷаҳон илова шуд.

Ҷудо намудани ширкаткунандагон аз рўи синн ҳам ба манифат аст. Иштироккунандагонро аз синфи 1 то 5 ҷудо карданд, аз синфи 5 то 11. донишҷўён ва намояндагони касбу кор алоҳида карда шуд. Ҳоло тартиб ҷорӣ шуд ва иштиркунандагон мувофиқи солашон медонанд чӣ китоб хонанд.

Раҳима БОБОЕВА, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.