Шоира Раҳимҷон: Ҳар субҳ, ки бедор мешавам, панҷараи хонаамро боз мекунаму мегўям…

Ҳар субҳ, ки бедор мешавам, панҷараи хонаамро боз мекунаму мегўям  шукри Худо, ки дар ватани худам ҳастам, аз ҳавои ватан нафас мекашам, гуфт Шоира Раҳимҷон дар маҳфили «Ганҷи сухан»-и шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон.

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода маҳфилро оғоз бахшида, Шоираи Раҳимҷонро барои ҳозирин муаррифӣ кард.

«Нахустин номаҳои дард», ки  соли 2003 нашр шуд, китоби аввалини Шоира буд ва китобе, ки дар ин авохир нашр шудааст, «Вопасин номаҳои дард»  ном дорад.

Шоира хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи филология буда, барои овозхонҳои машҳури кишвар таронаҳо навиштааст ва худ ҳам яке аз пурхонандатарин шоирони муосир аст, ки ашъорашро пайваста меҷӯянду меёбанду мехонанд.

Бештар аз сад шеъру оҳангҳояшро овозонҳои маъруфи кишвар иҷро кардаанд. Дар ситоиши Ватан, модар ишқ, меҳру вафо, ҷудоиву бевафоӣ ва мавзухои доғи ҷомеа шеърҳо сурудааст.

Шоира аз маҳорати хуби сарояндагӣ бархурдор аст ва метавон гуфт яке овозхонҳои мақбули ҷавонон аст. Дар ин маҳфил ӯ шеъри «Модар»-ро барои ихлосмандонаш диклама кард. Сипас, суруди «Модар»- ро, ки оҳангаш  аз Беҳрўз Мирзоев будааст, сароид.

 Вақте ӯ шеъри «Ватан»-ро мехонд, гуфт чӣ қадар соҳиббахтем, ки дар домани ватан зиндагии осоишта дорем ва ҳар рўз ватанамонро мбинем, аз ҳавояш нафас мекашем, аз оби ширии чашмасоронаш менӯшем.

Суруди «Зиндагӣ»-ро бо Матлуба Раҳимова, ки аз шунавандаи доимии барномаи «Табассуми саҳар»-и Радиои Тоҷикистон буд ва гардонандаи он Шоира Раҳимҷон, сароиданд.

Шоира Раҳимҷон гуфт, барномаи «Табассуми саҳар» Матлубаро машҳур кард ва то пойтахт овард. Ҳоло тамоми кишвар ва бурун аз он ифтихор доранд, ки Матлубаро доранд.

Шоира Раҳимҷон барои даъваташ аз роҳбарияти китобхона ва ташаббускорони маҳфили «Ганҷи сухан» изҳори сипос намуд. Дар миёни маҳфил чун мушкил бо балангӯро дид, ваъда дод, ки барои шуъбаи хидматрасонӣ ба маъюбон микрофон туҳфа хоҳад кард.

Сипас, ҳаводорони шеъру таронаҳои шоир аз ашъори ў порчаҳо хонданд ва бо сурудҳову оҳангҳои ў ҳамовозӣ намуданд.

Маҳфили аҷибу хотирмоне буд, саропо самимӣ, чун меҳмони ин маҳфил худ бонуи саропо самимист.

Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.