Шумораҳои шашсолаи ҳафтаномаи «СССР» дар шакли электронӣ ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд

sssrШумораҳои шаш соли охири ҳафтаномаи  «СССР»  дар шакли электронӣ тақдими Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуд. Сардабири ин нашрия журналисти маъруф Сайёфи Мизороб рӯзе қабл шумораҳои аз соли 2018 то семоҳаи аввали соли 2023-ро дар шакли электронӣ ба шуъъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.

То ин дам шакли электронии нашрияҳои «Минбари халқ», «Самак» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо қисман ба Китобхонаи миллӣ ворид шуда буданд. Аммо рўзномаи «СССР» бори аввал дар шакли комил вориди китобхона гардид.

Солҳои охир талабот ба гунаи электронии нашрияҳои кишвар афзудааст. Ин беҳтарин роҳи иттилоърасонӣ барои касонест, ки дур аз пойтахт, дар навоҳӣ ҳаёт ба сар мебаранд ва нашрияҳо на ҳамеша барои онҳо дастрасанд.

Ёдовар мешавем толори хониши шуъбаи матбуоти даврии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Тоҷикистон ҳамарӯза аз соати 8:00 то 20:00 боз аст.

Бойгонии ин шуъба нашрияҳои чопиву электрониро аз аввали солҳои бистуми асри гузашта то ба имрӯз дар ихтиёр дорад. Махзани шуъбаи матбуоти даврӣ тавассути нусхаҳои ҳатмӣ, обуна, харидорӣ ва туҳфаи нашрияҳои тозанашри тоҷикӣ ва хориҷӣ пурра мегарданд.

Раҳима Бобоева, бахши матбуот
вар обита бо ҷомеа.