Тақдими ҳудудан 350 китоби профессор Қандил Ҷӯраев ба Китобхонаи миллӣ

Қандил ҶӯраевНимаи аввали рӯзи гузашта китобҳои донишманди тоҷик Қандил Ҷӯраев ва ҳамсараш Лола Исмоилова ба Муассисаи давлатии  “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадя гардид. Ин иқдоми домоди хонаводаи онҳо Мирафзал Миршакар буд. Миёни китобҳои туҳфашуда асарҳои нависандагони бузург Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Худойназар Асозода, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат  ва геологи машҳур ва профессор Рауф Баротов ва дигарон низ буданд, ки муаллифон бо соядаст ба Қандил Ҷӯраев тақдим кардаанд.

Мирафзал Миршакар домоди Қандил Ҷӯраев ва Лола Исмоилова ва писарбузурги Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар мебошад.

Китобҳо соҳаҳои гуногунро дар бар гирифта, бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ, арабӣ ва дигар забонҳо мебошанд.

Асарҳои Ҷалол Икромӣ, “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ, “Таджики”-и Бобоҷон Ғафуров, осори Убайд Раҷаб, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, Фридрих Энгелс, Аркадий Гайдар, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Худойназар Асозода миёни асарҳои тақдимшуда ҷойгоҳи хос доранд.

Дидани китобҳои шахсиятҳои шинохтаи кишвар ва ҳадяи онҳо ба Қандил Ҷӯраев, Лола Исмоилова, Зевари Қандил ва дигар аъзои хонаводаи онҳо гувоҳи он аст, ки анъанаи хуби туҳфаи китоб байни мардум дар гузашта роиҷ будааст. Бисёр бамаврид аст ин русуми пешгузаштагонамонро дубора зинда кунем.

Чуноне ишора рафт, ин асарҳо, ки бо имзои муаллифон туҳфа шудаанд, арзиши муҳим барои хонандагони Китобхона доранд.

Зикр кардан бомаврид аст, ки Лола Исмоилова, зистшинос, доктори илмҳои биология, профессор буд, ки замони Шӯравӣ бо нашри аксаш дар маҷаллаи маъруфи шӯравӣ “Огонёк” “Маликаи зебоӣ” унвон гирифт. Ӯ ҳамсари профессор Қандил Ҷӯраев аст. Бино ба маълумоти Донишномаи озод номбурда муаллифи 200 асару мақолаҳо, аз ҷумла 16 навоварӣ, 24 дастурамали методӣ, 2 китоби дарсӣ мебошад.

Қандил  Ҷӯраев, писари Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев аст. Қандил Ҷӯраев ҷуғрофиёдон ва иқтисоддони маъруфи тоҷик, доктори илмҳои ҷуғрофия, профессор буда, замоне Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон номи ӯро дошт.

Сипос ба шахсоне, ки китобҳоро аз нестӣ нигоҳ дошта, ба бузургтарин китобхонаи кишвар, ки ҷои амну муносиб барои нигоҳдошти китобҳост, месупоранд. Аз ин тариқ хидмати шоёне барои наслҳои имрӯз ва баъдии миллат мекунанд. Изҳори сипоси бепоён ба Мирафзал Миршакар ҳамсари Зевари Қандил барои ҳамкорӣ ва ҳадяи китобҳои зиёду арзишманд. Умедворем ин ганҷинаҳо, ки арзиши баланди маънавӣ доранд, ҳатман ба дарди ҷомеа  ва хонанда мехӯранд.

Хонандагони гиромӣ метавонанд барои мутолиаи ин китобҳо ба Китобхонаи миллӣ ташриф биёранд ва аз ин ганҷинаи дониш баҳравар бигарданд.

Саодат Набиева,
сардори шуъбаи хидматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд,
Раҳима Аъзам, бахши робита бо ҷомеа.