Тантанаи наврӯзӣ барои маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

Бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзи 29 марти соли ҷорӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ шахсони имконияташон маҳдуд, санъаткорон,  ҳунармандони хушовоз, шарикони ҳамешагии мо, кормандони Китобхонаи миллӣ ва меҳмонон иштирок доштанд.

Бо сухани муқаддамотӣ муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни фархундаи иди Наврӯз табрик гуфт ва ба иштирокдорону меҳмонон барои ҳамкориҳои судманду ҳамешагиашон изҳори сипос кард.

Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ чанде аз хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ ва шарикони ҳамешагии мо, ки пайваста дар ҳамкорӣ ва бо корҳои хайрашон маъюбону шахсони имконияташон маҳдудро хушҳол менамоянд бо “СИПОСНОМА“- Китобхонаи миллӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар қисмати дигари чорабинии мо сарояндагон Зафар Абдуалимов Мақсудҷон Додоҷонов, Амир Ҷураев, Нуриддини Афзалшоҳ, Сураҷ  Муаллифшоев ва Тимур Ҷураев бо суруду таронаҳои дилнишини худ хотири  иштирокдоронро шод гардониданд.

Дар саҳнаи ҳунар ҳамчунин шуъбадабози шинохта Мақсудҷон Додоҷонов, ки ба тозагӣ аз шаҳри Москави Русия ба Тоҷикистон омада буд, ҳунарнамоӣ кард.

Дидори наврӯзии хонандагону меҳмонони Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ басо хотирмону ҷолиб гузашт.