Бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик. Алӣ Хуш кӣ буд?

aly-hushХушмуҳаммазода Алӣ соли 1912, дар деҳаи Саришӯхони ҷамоати деҳоти Булқоси ноҳияи Ғарм ба дунё омадааст. Соли 1942, нависанда, журналисти тоҷик Алӣ Хушмуҳаммад баъд аз хатми мактаб солҳои 1925-29 котиби шӯрои қишлоқи Қазноқи ноҳияи Ғарм, котиби комитети инқилобӣ ва котиби комиҷроияи тумани Нусратобод (ҳозираи Навобод) буд.

Ӯ солҳои 1929-30 курси дусолаи таълиму тарбияи Самарқандро хатм намуда, дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх”  (ҳозира Ҷумҳурият) аввал ба ҳайси ходими адабӣ дар вазифаҳои мудири шӯъбаи умумӣ (мактубҳо) ва котиби масъули рӯзнома то соли 1937 (то рӯзи ба ҳабс гирита шуданаш) кор кард. Дар анҷумани якуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Алӣ Хушмуҳаммадро ба ҳайати котибот интихоб намуданд.

Пас аз анҷуман раисии комиссияи тафтишот ва мудири фонди  адабии ИН Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Моҳи августи соли 1937 бо тӯҳмати душманон ва иғвои шахсони нотавонбин Алӣ Хушмуҳаммад аз кор дар “Тоҷикистони сурх” ронда, баъдан дар асоси Қарори раёсати ИН Тоҷикистон ва маҷлиси умумии ҳайати нависандагон ҳамчун “душмани халқ” ва миллатчии буржуазӣ аз сафи ИН Тоҷикистон хориҷ карда шуд. Ӯ соли 1942 дар яке аз маҳбасхонаҳои Иттифоқи Шӯравӣ вафот кард.

Фаъолияти эҷодӣ ва журналистии Алӣ Хушмуҳаммад аз солҳои 1929-30 бо навиштани нахустин шеър-“Доғи асирӣ ва дами дилшодӣ” ва хабару мақолаҳо оғоз ёфта, бо офариниши очерку ҳикоя ва повестҳову романи нотамомаш дар соли 1937 ба итмом мерасад. Дар вақти дар қайди ҳаёт будани Алӣ Хушмуҳаммад очеркҳои бадеиву воқеӣ ва ҳикояҳои “Шестопалов”(1934), “Дар бағали кӯҳо” (1935), “Ҷавонони далер” (1937), очерки бадеиву таърихии “Шӯриши Усмон” (1934) ва даҳҳо навиштаҳои дигар бо имзоҳову тахаллусҳои гуногун  “Алӣ Хуш”, “Алӣ Хушмуҳаммадзода”, “Алӣ Хуш – Наистонӣ”, “Алӣ Хушмуҳаммад Наистонӣ”, “Ғармӣ”, “А.Х.”  ва ғайра ва осори ҳаҷвию мазҳакавиаш бо лақаби мустаори “Тиррончак” ва ғайра дастраси хонандагон гардида буданд.

Алӣ Хушмуҳаммад ба замми осори номбаршуда боз дар матбуоти даврӣ ҳикоя, очерк, репортаж, мақола, фелетон ва дигар навъҳои осори публитсистиро доир ба мавзӯъ ва муаммоҳои рӯзмарраи  замон, оид ба масъалаҳои меҳнати зарбдоронаи халқ, ҷанги ҳамватанон, ҳаёти колхозӣ, корномаҳои ҷанговарони шӯравӣ, муқоисаи зиндагии гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик, ба даст овардани ҳосили баланди маҳсулот, корномаи деҳқонони тоҷик, рушду камоли илму фан ва маорифу маданият ва ғайра ба табъ расонд, ки онҳо ганҷинаи  публитсистикаи солҳои 30-и журналистикаи тоҷикро ғанӣ гардонданд.

Ҳодиса ва муборизаҳои шадиди даврони ҷанги ҳамватанон ва воқеаҳои таърихии се даҳсолаи аввали асри ХХ дар очерку ҳикояҳои “Шуриши Усмон”, “Шестопалов”,  “Дар бағали кӯҳҳо”, “Ҷавонони далер”, “Ман аз ҳеҷ ҳар чизам”, “Дар палатаи рақами ду”, “Сирри Лаккон”, “Марди майдони Ғарм – Юсуфов”, “Ҳаёт ва мубориза”, “Гулдаста”, “Шуҷои номдор”, “Салимҷон ифтихори мост”, повести “Ду фронт” ва ғайра ҳаққониву дуруст инъикос ёфтаанд.

Ба замми ин, қариб тамоми асарҳои ҳарду калони Алӣ Хушмуҳммад дар асоси воқеъ, далел, мавод ва прототипҳои худ чи шакли адабиву бадеӣ ва чи публитсистии таърихиву реалиро пайдо кардаанд. Алӣ Хушмуҳммад дар аксари асарҳои худ мубориза, задухӯрд ва низоъҳои ҳаётиву таърихиро гоҳ-гоҳ бо тахаюлоти бадеӣ пайванд намуда, баъзан ҳодисаву воқеаҳо ва ҳақиқати зиндагиро бо обуранги романтикӣ мӯътамандона инъикос менамояд. Алӣ Хушмуҳммадро яке аз кашшофони мавзӯи сохтмони Вахш дар адабиёти оғози асри 20 тоҷик мешуморанд.  Бисёр хабар, сафарнома, мақола, репортаж, очеркҳои публитсистӣ ва бадеӣ, аз ҷумла повети нотамоми “Ду фрон” ва  романи минбаъдааш ба корномаи аввалин фотеҳони заминҳои навкорам, заҳмату меҳнат ва зиндагонии меҳнаткашони водии Вахш бахшида шудаанд.

Алӣ Хушмухаммад дар соҳаи танқиди адабӣ низ фаъолият дошт ва якчанд мақола, хулоса ва тақризҳояш дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Мақола ва тақризҳои  “Даешь пйесаҳои  нав”, “Муҳоҷир” – (аввалин филми бадеии тоҷик), “Эҷодиёти бузурги халқи тоҷик”, “Мулоҳизаҳои мо дар ҷабҳаи адабиётипролетарини тоҷик” ва ғайра ба масъалаҳи гуногуни адабиёти бадеӣ, адабиёти даҳанакии халқ, санъат, кино, драматургия ва эҷодиёти адибони ҷудогонаи чи ботаҷриба аз қабили Абдурауфи Фитрат, Вадуд Маҳмудӣ, Ноил Шерзода, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода ва дигарон ва чи адибони ҷавон ба мисли Ҷ. Икромӣ, М.Турсунзода, Ҳ. Карим, Ғ. Абдулло, Р. Ҷалил, Дуган (З. Раҷабов) бахшида шудаанд. Алӣ Хушмуҳаммад ҳамроҳи  А.Н. Болдирев яке аз аввалин ҷамоварандагон ва тартибдиҳандагони осори абиёти даҳанакии халқ – ҷилди якуми “Намунаи фолклори тоҷик” (1938) мебошад. Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Осор: Шуриши Усмон, Сталинобод, 19 34: Шестопалов, Сталинобод, 1934: Дар бағали кӯҳҳо, Сталинобод, 1935: Намунаи фолклори тоҷик (ҳамроҳи А.Н. Болдирев), Сталинобод-Ленинград, 1938

Адабиёт: Табаров С., Алӣ Хуш, дар кит. Ҳаёт, адабиёт, реализм, китоби сеюм, Д., 1983: Муҳамадаминов А., Адиби мубориз, Д., 1988.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 317.

Муаллиф: С. Табаров.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ