Китоби нав. Мурод Эшонқулов. “Танбўр ва сато”

tanburИн дастураммали таълимӣ барои коллеҷҳо дар муассисаи Давлатии таълимииДонишкадаи Давлатии  фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода  омода ва нашр шудааст. Муаллиф устоди мусиқӣ, номзади илмҳои санъатшиносӣ Мурод Эшонқулов буда, барои донишомӯзон ва ҳаводорони мусиқии танбӯр пешкаш шудааст.

Як дона аз ин китобро ҳафтаи ҷорӣ муаллиф Мурод Эшонқулов ба Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар тақдим намуд.

Дар муқаддима аз ҷумла омадааст:

Танбўр яке аз созҳои мусиқии қадимии мардуми эронинажод аст, ки дар  сарчашмаҳои таърихӣ борҳо аз он ёд шудааст. Сози танбўр таърихи хеле тўлонӣ дорад. Ҷараёни пайдоиш ва такмили ин созро, пеш аз ҳама, донишмандони мусиқишиноси кишварҳои Мовароуннаҳру Хуросон аз  нигоҳи илмӣ дар навиштаҳои хеш баён кардаанд. Аз ҷумла, файласуфи риёзидон ва мусиқидони машҳур Абунасри Форобӣ, адиб ва мусиқишиноси номӣ Котибии Хоразмӣ, олиму шоири бузурги тоҷик Абуалӣ Ибни Сино, мусиқишинос Ибни Зайлаи Исфаҳонӣ ва дигарон дар асарҳояшон роҷеъ ба танбўр маълумоти муфидеро ҷой додаанд. Истилоҳи танбўр ва ваҷҳи тасмияи он дар осори хаттӣ ба таври гуногун шарҳ ёфтааст. Аз ҷумла, мутриб, мусиқишинос, оҳангсоз ва шоири асрҳои  ХVI –ХVII Дарвешали Ҷангии Самарқандӣ дар рисолаи “ Туҳфауссурур , “танбўр”- ро чун луфзи румӣ шарҳ дода , мураккаб аз “тан” ва “бур” донистааст, яъне “танбўр” – ба ҷунбиш овардани торҳои дил ё худ харошидани дилро ифода мекардааст. Доктор Муҳаммад Муин калимаи “танбўр” – ро  паҳлавӣ ва муштак аз “танбўр”шарҳ додааст.

Дар такмили ин соз ва вусъати анъанаҳои шифоҳию классикии ромишгарии он хидмати навозандагону олимони мусиқӣ монанди Аҳмади Дониш, Қорӣ Кароматуллоҳ, Камили Хоразмӣ, Бобоҷалол Носирзода, Бобоғиёс Абдуғанизода, Содирхони Ҳофиз, Бобо Шариф ва дигарон басо калон аст.Дар байни сарчашмаҳое, ки оид ба пайдоиш ва такомули сози танбур ва навъҳои он (танбўри Хуросон ва танбўри Бағдод) шаҳри ҷомеъ ва муфассале додаанд. Махсусан мақолаҳои мусиқишиноси номии Эрон доктор Маҳдии Баркашлӣ ҷолиби диққат мебошанд.

Бори нахуст синфи махсуси таълими танбўр соли 1925 дар Бухоро ва соли 1928-1930 дар Самарқанд таъсис ёфт. Он солҳо дар Бухорову Самарқанд тарзи омўзиши кулли созҳои мусиқӣ, аз ҷумла танбўр хоси гурўҳҳои миллии анъанавӣ буд. Аввалин хатмкунандагони чунин омўзишгоҳҳои Бухоро ва Самарқанд Маъруфҷон Тошпӯлотов, Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, Матюсуф Харротов ва дигарон буданд.

Хонандагони муҳтарам метавонанд бо ин китоб дар Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ошно шаванд.
Саодат НАБИЕВА.