Китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон, марҳум Гулназар Келдӣ

Гулназар Келди [Матн]: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи  шарҳиҳоли  / Мурраттибон Н. Валиева, Б. Қурбонова; муҳаррир Г. Маҳмудов; зери назари профессор .Ҷ Файзализода. – Душанбе: ЭР-граф, 2020. – 144 с.

Ашъори ин адиби мумтоз, навпардозу тоза эҷод, ки ҳаёти худро ба шеъру шоири  бахшидааст, зарурат ба таърифу тавсиф ва таблиғу ташвиқи зиёд надорад, аммо таҳқиқу баррасии вижагиҳои эҷодии ин адиби муваффақ  аз аҳамият холи нест. Албатта, ҳар як суханвар дар оғоз аз усулу методҳо истифода мебарад, ки дар рӯзгор санҷида шудааст, баъдан бо талошу кӯшиш ва заҳмати шабонарӯзи ҷодаи худро пайдо карда, маъруфият  ҳосил мекунанд. Гулназар Келди  низ аз зумраи он нафаронест, ки аз нахустин қадамҳои худ дар ин ҷодаи эҷоди ба  қуллаҳои баланд расидааст. Шеъри ӯ  бо он ки  бардошту таъсири зиёде аз эҷодиёти адибони  гуногунзабону мухталиф баён дорад, аммо боз ҳам шеъри нав аст: шеъри муосир, шеъри тоҷикона, шеъре фаҳмо, зебо ва гӯё, шеъре дархӯри ҳама қишрҳои аҳоли

Устод Гулназар шоире буд ҳамеша навовар, ҳамеша дар пайи тозагӯиву тозаҷӯи, то охирин нафас ӯ хастагинопазирона дар суроғи андешаҳои тозаи шоирона, тасвиру таъбирҳои нав, шеъри асил буд. Дар табиати шоирии ӯ бозгашт ба қафо вуҷуд надошт, ӯ  ҳамеша дар пешрави, дар такопӯву ҷустуҷӯ  буд, аз ин рӯ муваффақ мешуд. Бебокона таҷрибаҳои шоирона мегузаронд, худро дареғ намедошт.

Дар дастури мазкур мақолаҳои олимону эҷодкорон ва сиёсатшиносон оид ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди милли, дорандаи нишони «Дӯсти»,шоири навовару нављў  Гулназар Келди, осорнома ва адабиёт роҷеъ ба рӯзгор ва фаъолияти илмии ӯ фароҳам оварда шудааст.

Дастур аз 2 қисм ва кӯмакфеҳристҳо иборат буда, дар қисми аввал афкору андешаҳои олимон, сиёсатшиносон ва эҷодкорон оид ба фаъолияти эҷодии Гулназар Келди, ҳамчун донандаи хуби таъриху фарҳанг, адабиёт ва ҳуввияти арзишҳои милли мавриди арзёби қарор гирифтааст. Муҳаққиқон дар навиштаҳои худ паҳлуҳои гуногуни эҷодии Гулназар Келдиро ҳамчун адиби мумтоз, таблиғгари таъриху фарҳанг ва арзишҳои милли таҳлилу барраси намудаанд.

Қисми дуюм номгӯйи асарҳои илми, осори адабию бадеи, маводи таълими, тарҷума, таҳрир, тақриз ва адабиёт оид ба ҳаёт ва фаъолияти ӯро дар бар мегирад. Унвони ҳамаи асарҳо дар забони асл, тибқи стандарти пазируфта шуда, тасвир шудаанд. Мундариҷаи асарҳои бурузгҳаҷми иникосёфта ва асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни онҳо душвор аст, бо тавсифҳои маълумоти таъмин гаштаанд.

Мавод дар қисм ва зерқисмҳои дастури шарҳиҳоли тибқи вақту замони чопи асарҳо аввал ба забони тоҷики, сипас ба забони руси бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузошта шудааст.

Дастури мазкур дар асоси захираи мавҷудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва веб-сайтҳои Интернет таҳия шуда, маводи солҳои 1960-2020 нашршударо дар бар мегирад.

Барои осон намудани пажуҳиш дар поёни дастур кӯмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос пешниҳод гардиданд.

Дастур ба донишҷуёну омӯзгорон, олимону эҷодкорон ва умуман ба гурӯҳи васеи хонандагон ҷиҳати бештару хубтар ошнои пайдо кардан ба осори эҷодии Гулназар Келди кӯмак хоҳад расонид.

  Гулназар Келди [Текст]: Биобиблиография / Составители Н. Валиева, Б. Курбонова; редактор Г. Махмудов; под общей редакции профессор Дж. Файзализода. – Душанбе: ЭР-граф, 2020. – 144 с. (На таджикском языке)