Маҳфили “Дар суҳбати адиб” бахшида ба Рӯзи Модар

Ruzi-modaronИмрӯз бо ташаббуси шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ маҳфили “Дар суҳбати адиб” бахшида ба “Рӯзи модарон” баргузор гардид, ки дар он нависандаи хушкалом ва пуркори адабиёти муосири тоҷик,барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Азизи Азиз ва нависандаи навқалам Миҷгона Халилова иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани муқаддамотии муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷаллолуддин Нурзода ифтитоҳ ёфт. Муовини директори Китобхонаи миллӣ дар бораи мадар суханронӣ кард ва меҳмнонро хайрамақдам гуфт.

Дар идома адиби дӯстдоштаи бачагон Азизи Азиз иштиркдоронро ба “Рўзи модарон” шодбош гуфта, аз ҳар яки онҳо шеърҳои писандидаашонро дар мавзӯи модар пурсид ва чорабинӣ бо шеърхонии бачагон ва сӯҳбати гарми адиб бисёр хотирмон гузашт.

Қисмати дигари чорабинӣ бо суолу ҷавоби иштирокчиён ба меҳмонони маҳфил ҳусни дигар бахшида, дар охир онҳо дар мавзӯи модар аз суханҳои бузургон иқтибосҳо оварданд, шъерҳо қироат карданд ва бо якчанд ҷумла модарони худро ба идашон табрик намуданд.

Ёдовар мешавем, ки “Рўзи Модар” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 8-уми март дар арафаи баҳору иди Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Наргиси Ҷумахон,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.