Нигору номаҳои мардумони Осиёи Вусто. Номаҳои хоразмӣ
Забони хоразмӣ ба гурўҳи забонҳои шарқии эронӣ мансуб буд ва он номи худро аз номи вилоят гирифтааст. Пеш аз асрҳои 7-6 то милод забони хоразмӣ берун аз ҳудуди ҳуди Хоразм паҳн гашта буд. Ёдгориҳои хатиии хоразмии асрҳои 3-4 ва асри 8 милодӣ дастрасӣ олимон шудааст. Ин асноди дар Топрақ-Қалъа пайдогардида ва набиштаҳои рўи сиккаҳои асри 8 мелодист.
Сарчашмаҳо аз зиёд будани адабиёти таърихию илмӣ ва мавҷуд будани асари ҳамосавӣ шаҳодат медиҳад. «Нигори тоисломии хоразмиҳо, ки аз руи чўб ва чарм сабт шуданду онҳоро экспедитсияи бостоншиносии Хоразм таҳти роҳбари С.П.Толстой пайдо кард, аз як ҷониб паҳлавӣ ва аз ҷониби дигар суғдии қадимиро мемонад»,- навишта буд. А.Л. Хромов (62-С-28,37). Ин донишманд нигори хоразмиро шабеҳи нигори суғдии дар “Номаҳои кўҳани сўғдӣ” (асри 4 милодӣ) сабтшуда мешуморад. Нигори хоразмӣ ва донандагони онро арабҳо маҳв намуданд. Берунӣ меоварад: “Қутайба бинни Муслими Бохилӣ нависандагону хирбадони хоразмиро аз дами шамшер гузаронид, Ва он чӣ мактубот аз китобу дафтар доштанд, ҳамаро тўъмаи оташ кард»,(71-С-71).
Имрўз гўё аз номаҳои хоразмӣ нишоне намонда, вале аз пешравии улуми хоразмиҳо навиштаҳои зиёде бокӣ мондаанд. Чунончи Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» дар фасли “Дар идҳое, ки дар моҳҳои аҳли хоразм аст», нигоштае дорад ба ин мазмун: «Ва ҳамчунин агар дар моҳҳои номҳое, ки барои ситорагони собит ниҳодаанд, тааммул кунем, хоҳем дид, ки аъроб аз илми буруҷу сувар хеле дур буданд».(71-С-263).
Номаҳои Тахорӣ
Тахористон ноҳияҳои ҳозираи ҷануби Тоҷикистон, вилояти Сурхандарёи Узбекистон ва ноҳияии шимоли Афғонистонро дар бар дошт. Мардуми Тахористон дар асрҳои 5-7 динҳои гуногунро мепарастидаанд. Аммо ағлаби мардум чун дар айёми қадим ба заргуштия эътиқод доштанд. Мавқеи дини буддоӣ низ басе мустаҳкам буд. Дар асри 7 дар пойтахти Тахористон шаҳри Балх, дар Тирмиз дайрҳои зиёд буд ва дар ҳар як дайр аз 2 то 50 роҳибон фаъолият мекарданд.
Пайдо шудани набиштаҳои брахмӣ ва дастнависҳои буддоӣ дар Тахористон ва хориҷ аз он бо ҳами диндории буддоӣ алоқаманд аст. Дар Зангтеппа набиштаҳои буддоии рўи пўсти дарахт сабтшуда ёфт шуданд, ки яке аз онҳо «Виная» буда, аз ақоиди рафторуи роҳибону роҳибаҳо ҳикоят мекунад.
Тахориҳо аз диди нажод ба бохтариҳою суғдиҳо хешӣ доштанд. Забони онҳо ба гурўҳи забонҳои эронӣ мансуб аст. Инро аввалин набиштаи нисбатан бузурги соли 1957 дар Сурхкўтал ёфташуда собит кард. Нигори тахориҳо юнониасос буда, ҳанўз дар аҳди подшоҳии Юнону Бохтар паҳн шудааст. Ва ин нигор 25 ҳарф дошту аз чап ба рост хонда мешуд.
Тибқи маълумоти М.И.Воробёва-Десятовская дастнависҳои тахории бо хати брахмӣ сабтшуда дар се маҳфузгоҳи ҷаҳон: дар Париж, Берлин ва Санк-Петербург нигоҳдорӣ мешавад. Аксари ин дастнависҳо иборат аз як сафҳа ва ё пораҳое аз навиштаҷотанд. Танҳо яке аз онҳо 25 сафҳаро дар бар дорад. Аз рўи мазмун қисмати зиёди матуни тахорӣ баргардони осори буддоӣ ва санскританд. Порча аз «Дхармапад» ҷузъиёти ҳикоёти пандомез аз эҳёи Буддо ва бодхисатвҷатак ва авалин, сафҳаҳо аз кодекси тарбиявии роҳибон- Виная (аз ҷумла «Пратимакшасутра»). Аз осори маҳз тахорӣ танҳо суратҳисоби дайри, чаҳор номаи расмӣ ва гузарномаҳои чўбии барои корвонҳо таъиншуда, ҳифз гардидаанд. То ба имрўз наздик ба сад матни тахорӣ ба табъ расидааст.(7-С-324).
Номаҳои сакоӣ
Ҳамчуноне таърих шоҳид аст, сакоиҳо дар охири асри 2 ва нимаи аввали асри 1 то милод ба Ҳиндустони Шимолӣ сар даровардаанд. Онҳо да Осиёи Вусто, Афғонистон ва Ҳиндустон дар ибтидои солшумории милодӣ ба мардумони маҳалӣ омезиш ёфтанд.
Дар Туркистони Шарқӣ (Хутан) забони сакоиҳо то асри 10 мелодӣ боқӣ монд. Ана бо ҳамин забон, забони хутану сакоӣ, вале бо нигори брахмӣ як гурўҳ дастнависҳо ҳифз шудаанд. Ин дастнависҳоро дар шимоли шарқии Хутан дар харобаҳои муқаддастгоҳҳою дайрҳо пайдо карданд. Дастнависҳо ба асрҳои 7-10 мансубанд. Инро чаҳор анҷомаи ҳифзшудаи дастнависҳо таъйид мекунанд.
Алъон маҷмуъи дастнависҳои сакоӣ дар китобхонаю музейҳои кишварҳои мухталиф нигоҳдорӣ мешавад. Теъдоди умумии онҳо беш ҳазор варақу порчаҳоро ташкил медиҳад. Маҷмўаи дастнависҳои сакоии Лондон бузургтарин ба шумор меравад.
Аз рўи мазмун дастнависҳои сакоӣ осори мазҳабию дунявиро фаро мегиранд. Осори мазҳабӣ бештар буддоиянд ва аз санскрит ба сакоӣ тарҷума шудаанд. Дар байни ин осор Махоян шеърҳои Ваҷраян порчаҳо аз «Саддхармапундарики» ва осори дигари мазҳабӣ мавҷуданд. Аз адабиёти ҳиндӣ порчаҳои асаре, ки ба Рам ихтисос дорад, ба чашм мехўрад. Дар байни дастнависҳо матуни ба тиб, ҷуғрофия ва забон доир ҳастанд. Аз осори маҳз сакоӣ порчаҳои кадом як достони лирикӣ ҳифз шудааст. То ба имрўз, баъзе аз матуни сакоӣ дар Дрезден, Лондон ба табъ расонида шудаанд.
Аз китоби Раҳимҷони Шарифзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.
(Давом дорад)