Номварони Юнони қадим
Академия - мактаби фалсафӣ дар Афина, ки онро Афлотун соли 387 пеш аз милод бунёд кардааст
Номварони Юнони қадим

Академия – мактаби фалсафӣ дар Афина, ки онро Афлотун соли 387 пеш аз милод бунёд кардааст. Машғулятҳо дар чакалакзоре мегузаштанд, ки номи қаҳрамони асотирӣ Академаро дошт. Дар соли 529 пеш аз милод император Юстиан мисли дигар мактабҳои фалсафӣ дар Афина онро низ баста буд. Академия якчанд марҳалаи инкишофро аз сар гузаронида аст.
Академияи қадимӣ (солҳои 387-270) ба ақидаҳои Афлотуни баъдина асос ёфта, онҳоро ба унсурҳои таълимоти Пифагор пайваст. Академияи миёна солҳои 270-150 аз таълимоти Афлотун фосила гирифта, ба эътирофи усулии (принсипиалии) донистанашавандагии (олам) шаккокия тамоюл дошт. Академияи нав солҳои (150 пеш аз милод – 529 мелодӣ) тадриҷан аз шаккокия фосила гирифта, кўшиш кард, ки ғояҳои Арастуро ба ғояҳои Афлотун ва равоқия ба таври эклетикӣ пайваст кунад.
АРХИМЕД – (тақрибан солҳои 287-212 пеш аз мелод) риёзидон ва механики юнонӣ. Дар риёзиёт усули ҳисоббарории интегралиро қаблан пешгўӣ намуд. Заминаи назариявии механика ва ҳамчунин илмеро, ки бадҳо гидростатика ном гирифт, бунёд гузошт. Архимед кашфиёти назариявии худро, аксаран, дар асбобу олоти мушаххас ба амал овард. Чунончи, ў аввалин шуда, расадхонаро бино кард. Мошинаеро бо чунин маҷмўи фишангҳо ихтироъ кард, ки киштии калонеро, ки Гиерон ҳокими Сиракуз барои Птоломейи мисрӣ сохта буд, ба об меандохт ва гўё дар ин зимн гуфта бошад: «Ба ман нуқтаи иттико бидеҳ ва ман заминро меҷумбонам». Вақте ки румиҳо Сиракуз зодгоҳи Архимедро ба муҳосиба гирифтанд, ў мошинҳои ҳайратангезро офарид, ки онҳо ба ҳамватанони ў имконияти бо душманон дуру дароз муқобилият нишон доданро фароҳам оварданд. Архимед ҳангоми ишғоли шаҳр ҳалок шуд. Сари қабри ў тасвири устувона бо нақши кура гузошта шуда буд ва таносуби ҳаҷмҳои онҳо 3:2 навишта шуда буд, ки онро Архимед кашф кардааст. Ситсерон баъди беш аз 100 сол ин ёдгории болои қабри Архимедро дида будааст.
АТТИКА – қисмати ҷанубии шарқии Юнони миёна, яке аз хушктарин ноҳияхои он, ки танҳо чоряки масоҳати он коркард шуда метавонист. Хоки ин ҷо қабати на он қадар амиқ ва ба осонӣ бодшаванда дошт, ки фақат барои кишту кор ҷав мувофиқ аст. Ғаллаи худӣ дар Аттика кифоят намекард ва ин сарзамин ҳамеша ба воридоти ғалла эҳтиёҷманд буд. Зироатҳои асосии кишоварзии онро ангур ва дарахти зайтун ташкил медоданд. Конҳои асосии сарватҳои зеризаминии Атика дар Леврион воқеъ буданд, ки он ҷо лой, нуқра, оҳан истихроҷ мешуд.
Муҳоҷирати дорийҳо дар охири ҳазорсолаи дуввум ба Аттика нарасид. Дар охири ҳазорсолаи дуввум мутаҳид шудани аҳолии Аттика таҳти ҳукмронии Афина сурат гирифт, ки он дар яке ҳамвориҳои аттикӣ вақеъ буд. Ин шаҳр, тадриҷан, ба маркази ҳамаи вилоятҳо табдил ёфт ва ба номи он тамоми аҳолии шаҳрвандии Аттика номи афиниро ба худ гирифтанд. Дар асрҳои VIII-VII дар Аттика ниҳодҳои (институтҳои) давлатдорӣ ташаккул ёфтанд ва Афина ба яке аз бузургтарин давлатҳои Эллада мубаддал гашт.
АФЛОТУН
Афлотун – (солҳои 427-347) файласуф ва нависандаи Юнон, шогирди Суқрот. Соли 387 пеш аз мелод дар Афина мактаби фалсафиеро бо номи Академия таъсис дод, ки дар он машғулятҳои ризёзиёт нақши муҳим доштанд. Таълимоти Афлотун аввалин кўшиши танзими ҳамаҷонибаи назарияи идеализми обективӣ мебошад. Аз рўйи таълимоти Афлотун, ки дар муколамаҳои «Федон», «Тимей» бозгў шудаанд, ашёи ҳиссӣ тағирёбанда ва гузаранда, вале идеяҳо абадӣ мебошанд. Ў таъкид мекунад, ки идея на чизи ашёи хиссӣ, балки он ҳамчунин ҳақиқати асил, ҳастии фавқулэҳсосест, ки танҳо хирад онро дарк мекунад. Бинобар ин, дар таълимоти Афлотун идея воқеан вуҷуд дорад, идея, новобаста аз ашёи махсус худ ба худ вуҷуд дорад, вай барои ашё сабаб ва намуна мебошад. Аз ин нуқтаи назар таълимоти Афлотунро идеализми объективӣ меноманд. Идеяи некӣ чун принсипи олитарин дар низоми фалсафаи Афлотун ҳукумрон мебошад. Некӣ – мақсад ё ҳадафи ҷидду ҷаҳди тамоми ашёи махсус аст. Аз ин нуқтаи назар идеализми Афлотун хусусияти теологӣ дорад. Теология ҳамчун таълимот дар бораи мувофиқи мақсад будани ашё – ҳодисаҳои олам дар муколамаҳои Афлотун «Пир», «Параменид» мавқеи асосиро ишғол менамояд. Худо худи некӣ аст. Материя –«модархонд»-и ҳар гуна тавлид ва пайдоиш аст, вале бо идея баробарҳуқуқ нест. Идея пеш аз материя аст. Олами эҳсос «материя» мебошад. Вай соҳаи ташаккул, генезис мебошад. Ашё ҳодисаҳои олами моддӣ, яъне низомҳо, ашё ва ҳодисаҳои табиат, олам ягонагии зидиятҳои олами «идея» ва «материя» аст.
Таълимоти диалектики Афлотун дар ҳамин зоҳир мегардад. Асарҳои ў «Давлат», «Қонуҳо», «Сиёсат», «Критон» ба масъалаҳои фалсафаи иҷтимоӣ-сиёсӣ бахшида шудаанд. Афлотун дар асарҳои мазкури худ шакли давлати идеалиро тасвир кардаасст, ки он аз табақаҳои зерин иборат аст: ҳокимон – файласуфҳо, сипоҳиён ва кормандон. Ба ақидаи Афлотун ҳокимон ва сипоҳиён бояд тамоми фаъолияту дониши худро ба ҳаёти ҷомеа бахшанд. Барои ин онҳо бояд аз оила ва моликияти хусусӣ даст кашанд. Афлотун барои ҳокимон моликияти хусусиро, вале барои сипоҳиён ҳатто моликияти шахсиро манъ кардааст.
Афлотун таълимоти худро ба шакли муколама таълиф карда, дар ин кор худро хамчун нависандаи хеле хуб зоҳир намуд. Аксарияти муколамаҳои ў то замони мо расиданд. Идеяҳои Афлотун ба фалсафаи асримиёнагӣ ва замони нав таъсири азим расонданд.
Шогирдони Афлотун бахусус Арасту (Аристотел) ва мактаби ў дар ташаккул ва инкишофи минбаъдаи илму маърифат, фалсафаву сиёсат саҳми босазо гузоштанд.
МАНБАЪ: Ёқуб Одинаев: “Муаммои қатли Суқрот”.Душанбе, “Ирфон”, 2006
Ин китоби хубу шавқовар дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Таҳияи Шабнами Мустафо,