Осори Пешвои миллат. “Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯйи тамаддунҳо”
Ин китоб соли 2024 чоп шуд ва маҷмуи суханронӣ ва мақолаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба ҷашни 1310-солагии Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит – Имоми Аъзам гирд овардааст. 1310-солагии Имоми Аъзам соли 2009 таҷлил гардида буд.
Китоб ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва форсӣ буда, ба доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.
Дар яке аз ин суханрониҳо, рӯзи 26-уми феврали соли 2009 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфта буданд: Бо қаноатмандӣ метавон зикр кард, ки то имрӯз дар байни пайравони динҳои мухталифи мамлакат дар заминаи эътиқоди динӣ ҳеҷ гуна низоъ ё зиддияте мушоҳида нашудааст. Ин аст, ки дар фазои динии кишвари мо фармудаҳои Қуръони карим дар хусуси он, ки “дар дин маҷбурӣ нест” пурра татбиқи худро ёфтаанд. Шаҳрвандони кишварамон мувофиқи эътиқоди худ амал карда, бо ҳамдигар муносибати мусолиматомезро пеша кардаанд, ки ин амали онҳоро давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ менамояд. Аз тарафи дигар, ин нишондиҳандаи сиёсати дурусти давлати дунявии Тоҷикистон нисбат ба дин ва эътиқодоти динӣ мебошад.
Маҳз бо татбиқи аслҳои озодии эътиқоди динӣ ва талаботи қонунгузорӣ муяссар гардид, ки роҳи ҳар гуна ихтилофот ва низои динӣ гирифта, дар мамлакат фазои таҳаммулпазирии динӣ таъмин карда шавад. Аҳли ҷомеаро низ зарур аст, ки чунин муносибати таҳаммулпазири динҳоро эҳтиёт ва ҳифз намоянд. Дар навбати худ, яке аз вазифаҳои давлат низ муносибати мусолиматомез бо дин ва ҳифзи вазъияти муросову мадоро дар ҷомеа мебошад. Аз ин дидгоҳ, мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки гурӯҳҳои мухталиф аз ин фазои озод ва демократӣ бо мақсадҳои ғаразнок истифода намоянд. Давлат на танҳо ҳуқуқ дорад, балки масъул аст, ки фаъолияти ташкилотҳои диниро ҳамеша таҳти назорат қарор дода, корро бо онҳо тақвият бахшад. Татбиқи ин ҳадафҳо ҳамкории бевоситаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва Шӯрои уламо, имомхатибон ва пешвоёни дину мазҳабҳои дигарро тақозо менамояд.
Китоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯйи тамаддунҳо”-ро хоҳишмандон ва ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд дар озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ширкат намоянд, метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Зебонисо Давлатова,
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон