Профессор Абдушукури Абдусаттор: “Шеърҳои нағз-барои бачаҳои нағз”

Нони бамазаМулоҳизаҳои донишманди маъруф доир ба китоби Юсуфҷон Аҳмадзода  “Нони бамаза”, ки  соли 2023 дар нашриёти “Адиб” чоп шудааст. Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи милли бихонанд.

“ШЕЪРҲОИ НАҒЗ-БАРОИ БАЧАҲОИ НАҒЗ”

Юсуфҷон Аҳмадзода аз солҳои ҳафтодуми қарни бист бо нияти нек ва азми қавӣ хома ба даст гирифта, дар эҷоди шеърҳои бачагона табъозмоӣ кард ва бо нахустин шеъраш, ки “Додохурӯси самбист” ном дошт, гуфтан мехост, ки дар суханвари муқаллид нест ва роҳу равиши хоси хешро пайдо хоҳад кард. Дар ҳақиқат, бо гузашти қариб панҷ даҳсола аз ҳамон давр шоирии Юсуфҷон Аҳмадзода исбот гардид. Вай бо маҷмуаҳои худ чун “Хурсандӣ”, “Ҳулбӯ”, “Садсола шав-е, Дурроҷ”, “Абри сафед”, “Мӯрчае дона ёфт” ва амсоли онҳо яке аз беҳтарин шоиру нависандагони бачаҳо дар адабиёти муосири тоҷик эътироф гардид. Ба туфайли маҷмуаҳои “Панҷоҳ барг”, “Оинаи дидор”, “Наҷвои хӯшаҳо”, “Хаймаи Хайём”...ӯ чун шоири тавонои сарояндаи ғазал, рубоӣ ва анвои дигари шеъри суннатии форсу тоҷик шинохта шуд. Повесту романҳои Юсуфҷон Аҳмадзода “Марзи баланд” ва “Раъду барқи тирамоҳ”, “Ҳафт рӯъё” ва “Ишқи духтари кулаҳпӯш” муаллифи худро чун нависандаи баркамол ва соҳибсабк маъруф гардониданд.

Юсуфҷон Аҳмадзода имрӯз низ дар баробари таълифи навъҳои дигари назму насри бадеӣ бо эҷоди шеърҳо барои бачаҳо машғул аст. Ба хотири он ки беҳтарин ашъори бачагонаи дар тули фаъолияти шоирии худ навиштаи Ю. Аҳмадзода дар ин маҷмӯа фароҳам оварда шудаанд, зарур медонем, ки доир ба шахсияти шоирӣ ва ҷиҳатҳои ҳунарии шеъри ӯ мулоҳизаҳоро изҳор намоем.

Чунонки қаблан низ ёдовар шудем, Ю. Аҳмадзода аз  ҷумлаи беҳтарин шоирони адабиёти бачагонаи тоҷик аст, ки тасаввури ин адабиёт дар даҳсолаҳои охир бе шеъри ӯ маҳол аст. Ӯ дар баробари Муҳаммад Ғоиб, Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷаева, Абдусаттори Раҳмон ва дигарон насли ҷавони шоирон дар солҳои ҳаштодум ва навадуми қарни бистум маҳсуб мегардиданд, дар тозагӣ ва содагиву равониву хушоҳангии забон ва сабки баёни шеърҳои бачагона, раҳоии адабиёти бачагона аз мавзуҳои сиёсӣ, ҳизбӣ ва идеологӣ ва ворид кардани мавзуъ ва мундариҷаи ахлоқӣ, тарбиявӣ ва маърифатӣ дар шеъри бачагона саҳми муассир гузоштааст.

Шеъре, ки барои кӯдакон навишта мешавад, табиатан тақозои забон ва сабки содаи суханро дорад. Яъне бо кӯдак танҳо бо забони содаи кӯдакона, бо тарзи андешаи кӯдакона, ки орӣ аз алфозу ибороти ноошно ва душворфаҳм бошад, сухан бояд гуфт, вагарна шеър мақбули кӯдак нахоҳад шуд. Чунончи дар шеъри “Бозор”, ки мавзуи он тасвири оруи асал ва дар қуттии занбӯрпарварӣ ҷамъ шудани асал аст, ягон калима ё таъбире, ки барои хурдсолон ноошно бошад, истифода нашудааст:

Дар сари гул бозор аст,
Харидораш бисёр аст.

Дилат хоҳад, асал хӯр,
Қуттӣ-қуттӣ асал пур.

Дукондораш ҳам ору,
Асалакош дору.

Аз ҷумлаи фазилатҳои дигари шеъри хубу марғуби бачагона, ки дар эҷодиёти Юсуфҷон Аҳмадзода роиҷ аст, кӯтоҳӣ ва муҷазии шакл ва ҳаҷми шеър мебошад. Маъмулан шеъри аз ҷиҳати ҳаҷм дароз хонандаи хурдсолро хаставу дилгир мекунад ва ба замми он дар ёд нигоҳ доштани абёти зиёд низ барои кӯдакон душвор аст. Аз ин ҷост, ки ағлаби шеърҳои бачагонаи Ю. Аҳмадзода аз ду то панҷ-шаш байтро фаро гирифтааанд. Аз ҷумлаи шеърҳое, ки аз се байт иборат буда, дар он мазмуну муҳтавои ҷодиби кӯдакона ифода ёфтааст:

Қурбоқаҷон қур-қур макун,

Ду лунҷакатро пур макун.

Холӣ кун акнун лунҷи худ,

Ором шав дар кунҷи худ,

То нинии мо хоб кард,

Дилҳои моро об кард.

Дар шеърҳои Ю. Аҳмадзода дар баробари содагиву равонӣ ва кӯтоҳиву муҷазии ҳаҷм, назму моҳият ва мундариҷаи маърифат ва таълимии шеър низ мақоми муҳим дорад. Ба таъбири дигар ағлаби шеърҳои шоир дар баробари содагиву муҷазӣ бо хонандаи худ дар бораи ашё ва мавҷудоти олами атроф, набототу ҷамодот, ҳайвонот ва ҳодисаҳои табиат ва ғайра маълумоти тоза медиҳанд, дар вусъати ҷаҳоншиносии ӯ мусоидат менамоянд. Масалан, дар шеъри “Каду”, ки яке аз беҳтарин шеърҳои бачагонаи шоир маҳбус мегардад, хонандаи хурдсол ва танҳо дар бораи шакл ва тарзи зироати каду тасаввур пайдо менамояд, балки дар натиҷаи муқоисаи шакли каду бо фонус ва “ба фонуси боғ” табдил ёфтани каду ҷанбаи ҳунарӣ ё образофарии шеъри ҷолибу фаромӯшношуданӣ ошно мегардад. Матни пурраи шеър:

Тухми каду шинондем,

Қад-қади ҷӯ шинондем.

Ба ҷӯйи мо об омад,

Обаки Варзоб омад.

Кадуи мо калон шуд,

Фонуси боғамон шуд.

…Аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими дигари шеъри Ю. Аҳмадзода ин аст, ки дар онҳо ҳадафҳои тарбиявӣ ва ахлоқӣ мақоми хос доранд ва хонандаи худро ба шинохтани қадри модар, Ватан, табиати диёр, ба меҳнатдӯстӣ ва некукорӣ даъват мекунанд. Аз ҷумлаи беҳтарин намунаҳо дар ин мавзӯъ ва умуман яке аз беҳтарин ашъори бачагона дар адабиёти имрӯзи тоҷик метавонанд шеъри зерин бо унвони “Мӯрчае дона ёфт” бошад:

Мӯрчае дона ёфт,

Аз таги дӯлона ёфт.

Шод шуду хона бурд,

Дона сари шона бурд.

“Оча! Мана, дона!-гуфт,

Қариби як тонна!”-гуфт.

Чеҳраи очаш шукуфт,

Гарм бибӯсиду гуфт:

Шукр, калонак шудӣ,

Донакашонак шудӣ!

Ҳамон мазмуни шинохтани қадри меҳнат, қадри нон дар шеъри “Бӯйи нон” ба таври дигар тасвир гардидааст:

Кӯча–пур аз бӯйи нон,

Ҷӯҷа–пур аз бӯйи нон.

Раҳгузарон–бӯйи нон,

Пиру ҷавон–бӯйи нон.

Растаи гул–бӯйи нон,

Дастаи гул–бӯйи нон.

Ваҳ, зи куҷо бӯйи нон?

Бӯяки дилҷӯйи нон?!

Мошини пурнон гузашт,

Аз дари дукон гузашт.

Дар ин шеър дар тасаввури хонандаи хурдсол нон неъмати азизу гиромист, ки ҳатто бӯйи нони навпухта дар мошини махсуси нонкашонӣ ҳаловаии хосе дар машомҳо дорад.

Ба туфайли истеъдод ва ҳунари шоирии Ю. Аҳмадзода жанрҳои нисбатан калони назми адабиёти бачагон низ шакли кӯтоҳ ва муҷаз ба худ гирифтаанд. Намунаи чунин шеърҳо шеъре бо номи “Санҷоб” аст, ки аз рӯйи сохт ва муҳтаво шакли хоси афсона аст, вале дар он дар ҳаҷми ҳашт байт мазмуни ахлоқии тарбияи фарзанди эркаи сернозу нуз ҷолиб ва ибратомӯз ҷунин тасвир гардидааст:

Буд, набуд, Санҷоб буд,

Дар мулки Панҷоб буд.

Эрка буду гӯл буд,

Нозу нузаш мӯл буд.

Ҳар чӣ диҳӣ:–Не!–мегуфт,

Гар надиҳӣ:–Те!–мегуфт.

Рӯзе очаш ош пухт,

Оши шӯламош пухт.

Санҷоби мо ноз кард,

Нахӯрду ароз кард.

–Ошаки ту шӯр!–гуфт,

–Худат бару хӯр!–гуфт.

Ногаҳ омад як боша,

Рабуд табақи оша,

Санҷоб гуфт:–Чӣ гап шуд?

Очааш гуфт:–Аҷаб шуд!

Маҳз ба туфайли мавзуъ ва мазмунҳои ҷолиб, содагӣ, равониву хушоҳангӣ ва кӯтоҳиву муҷазӣ ашъори Юсуфҷон Аҳмадзода дар миёни хонандагони хурдсол шуҳрат ва маҳбубияти зиёд пайдо кардаанд ва теъдоде аз онҳо, аз қабили “Роҳати ҷон”, “Офтоби ман”, “Қоқу” ва амсоли онҳо ба сурудҳои дӯстдоштаи наврасон табдил ёфтаанд.

Намунаҳои осори насрии Ю. Аҳмадзода, ки дар шакли ҳикояҳо ва афсона дар китоби ҳозир ворид гардидаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шоир дар насри бачагонаи худ низ ҳамон сабки кӯтоҳӣ, муҷазӣ ва ҷаззобиву муассирии суханро риоя кардааст. Ҳикоятҳои “Туҳфа”, “Ситорачаҳои барфӣ”, “Турнаҳо” аз лиҳози ҳаҷм дар ҳудуди як-якуним саҳифаанд, вале ба замми забони хоси шоирона ва муҷаз хулосаҳои ҷолиби аҳлоқӣ, тарбиявӣ, маърифатӣ ва эстетикӣ доранд. Аз ҷумла дар ҳикояти “Туҳфа” андешаи ахлоқие таъкид карда мешавад, ки барои модар беҳтарин туҳфа ахлоқи хуби фарзанди ӯст. Дар ҳикояи “Ситорачаҳои барфӣ” дар ҳаҷми як сафҳа воқеаи одии зиндагӣ тасвир мешавад. Субҳ мурғи хонагӣ аз катак озод шуда, дар рӯйи ҳавлӣ, ки пур аз барфи шабона буд, даву тоз мекунад. Оқибат модари Ардашери хурдсол боз мурғро дар катак маҳкам мекунад. Вале хулоса ва натиҷае, ки анҷоми ин ҳикоят аз воқеаи одӣ бароварда шудааст, ҷолиб мебошад. Хулосаи ҷолиби ҳикоя ин аст, ки Ардашер ҳангоми ношитои аҳли оила аз хоб мехезад. Ба берун нигоҳ мекунад ва нақши пойи мурғро, ки барфи рӯйи ҳавлӣ пура аз он буд, дида аз хурсандӣ фарёд мезанад:

“–Ситорачаҳои барфӣ!!.

–Магар шаб аз осмон афтодаанд?!”

Бояд гуфт, ки дар маҷмуаи мазкур ва маҷмуаҳои дигари ашъори барои хурдсолон эҷодкардаи Юсуфҷон Аҳмадзода метавон намунаҳои хеле зиёд пайдо кард, ки шеърҳои хубу олии бачагона ҳисоб меёбанд. Ба андешаи мо фақат доштани шеърҳои “Каду”, “Гули сияҳгӯш”, “Мӯрчае дона ёфт”, “Ҳулбӯ”, “Қурбоққаҷон”, “Санҷоб” кофист, ки Юсуфҷон Аҳмадзодаро яке аз беҳтарин шоирони бачаҳо дар адабиёти муосири тоҷик ҳисоб намоем.

Ҳамчунин таҳлилу баррасии ашъори Ю. Аҳмадзода чунин хулосаеро ҳам илқо мекунад, ки дар ҳақиқат шеър бознамои покиву зебоӣ, латофату ҷаззобии зиндагӣ буда, аз дили бедарду худхоҳ ва бесӯзу гудоз ҳаргиз шеъри воло нарӯяд. Аз ин лиҳоз, ҳамагон медонанд, ки самари нек танҳо аз мазраи поку ободу маъмур метавон бардошт.

Юсуфҷон Аҳмадзода, ки марде соҳибдилу вораста, қонеъ ба ризқи Худододу фориғ аз қайди хирсу тамаъ, душмани кизбу тамаллуқ ва ҳамчунин соҳиби табъи оташбору қалби чун обшор мебошад, фозоил ва сифатҳои ахлоқӣ ва шахсияти ӯ ба шеъраш низ таъсир гузошта, боиси хубиву ҷаззобӣ ва муассирии сухани ӯ гардидааст.

Абдушукури Абдусаттор,
профессор