Рафт Меҳмон Бахтӣ. Кӯлбори пурбори ашъорашро ба мо мерос гузошт
Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон аз даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ хабар дод. Низом Қосим – Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт: “Раёсати ИНТ бо андуҳ хабар медихад, ки Нависандаи халкии Точикистон Мехмон Бахти аз чахон даргузашт”.
МЕҲМОН БАХТӢ 25 марти соли 1941 дар деҳаи Шул, ноҳияи Ғарм (Рашти кунунӣ) ба ҷаҳон омадааст.
Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст.
Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) касби камол намудааст.
Дар давоми солҳои гуногун мудири бахши адабӣ-драмавии Телевизиони ҷумҳурӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», сармуҳаррири шуъбаҳои адабию драмавӣ ва ҷавонони Телевизиони тоҷик, мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, раиси Шӯрои кор бо навқаламон, раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон ва мудири бахши тарҷума ва нашри Маҷлиси Олии ҶТ буда, аз июли соли 2007 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси бахши Тоҷикистонии Диалоги «Евро-Осиё»-ст.
Аз соли 2003 то 2015 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Муаллифи филмномаҳои мустанади «Корвони дӯстӣ» (1968), «Нуқра Раҳматова месарояд» (1970), асосгузори барномаҳои машҳури телевизионии «Чойхонаи дилкушо», «Ҳодӣ ва Шодӣ», «Дар олами адаб», «Беғараз панд», «Майдон аз далер аст» ва ғ. мебошад.
Намоишномаҳои якпардагии ӯ «Шаҳидони роҳи озодӣ» ва «Бародарон» аз тариқи телевизион борҳо намоиш дода шудаанд.
Драмаи машҳури бисёрпардаи «Лаҳзаи ҷовид» (1967) ва «Ташнаи дидор» (1969)-ро Театрҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Камоли Хуҷандӣ борҳо саҳнагузорӣ кардаанд.
«Ташнаи дидор» нахустин асарест дар мавзӯи доғи солҳои сиюм дар адабиёти ҳозираи тоҷик.
Намоишномаи «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» соли 1972 эҷод шуда, дар Озмуни умумииттифоқии ҳамҷояи Иттифоқи нависандагону Вазорати фарҳанги шӯравӣ (1977) сазовори мукофот гардидааст. Аз тариқи телевизиони марказии Тошканд низ соли 1982 намоиш дода шудааст.
Намоишномаи «Роҳзан ва кӯзагар» (1974) дар саҳнаҳои театру телевизиони Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Украина ва Русия намоиш дода шудааст.
Намоишномаи «Захми забон» соли 1980 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, «Ошёни баланд» (бахшида ба ҷашни 70-солагии устод Мирзо Турсунзода) дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов пешкаши умум гардидаанд.
Муаллифи қиссаҳои «Оҳи сабук» (1971), «Хубон» (1978), «Пирамард» (1982), «Се соати даҳшатбор» (1988) ва маҷмӯаи намоишномаҳои «Лаҳзаи ҷовид» (1972), кутуби шеърҳои «Пайғоми баҳор» (1975), «Хаёли ширин» (1985), китоби қиссаву ҳикояву мақолаҳои «Рӯҳи тавоно» (1987), маҷмӯаи намоишномаҳои «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» (1980), китоби қиссаву ҳикояҳои «Оҳи сабук» (1987), маҷмӯаи «Пйесаҳо» (1982), гулчини қиссаву намоишномаҳои «Манзари қисмат» (2003), достони «Бозтоби Офтоб» (2006), маҷмӯаи «Қиссаҳо» (2007, ба забони русӣ) «Оҳанги хаёл» (2011) мебошад.
Повести «Хубон» (1982) дар мачаллаи бонуфузи Иттифоқи нависандагони шӯравӣ «Дружба народов» чоп шуда, баъдан, бо пешниҳоди маҷалла, сазовори Мукофоти ба номи Николай Островский гардидааст. Ҳамчунин, соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» таҳти силсилаи «Илҳом» аз чоп баромада ба унвони «Китоби сол» сазовор гаштааст ва ба сифати китоби алоҳида дар Туркия, Гурҷистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба табъ расидааст.
Соли 1963 нашриёти «Советский писатель» (Маскав) маҷмӯаи пйесаҳояшро таҳти унвони «Минута вечности», соли 1990 маҷмӯаи қиссаҳояшро бо номи «Слёзы радости и печали» ба забони русӣ аз чоп баровардааст..
Дар давоми даҳсолаи ахир намоишномаҳои таърихии «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ва «Тилисми Сайҳун» («Нангбардори Хуҷанд»)-ро ба арсаи эҷод овардааст.
«Фирдавсӣ» ва «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» дар фестивал-озмунҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ сазовори Гран-При (Шоҳҷоиза) гардидаанд.
Ҳамчунин, «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ба ифтихори ҷашни 1100-солагии Исмоили Сомонӣ дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳнагузорӣ шуда, «Нангбардори Хуҷанд» дар барномаи театри номбурда мақоми шоистаеро соҳиб гардидааст. Соли 2014 «Фирдавсӣ» дар Афғонистон ва ҳам дар театри ш.Кӯлоб ба саҳна гузошта шуд.
Соли 1997 нашрияи «Сурӯш» (Теҳрон) намоишномаи «Фирдавсӣ»-ро ба хатти форсӣ ба табъ расонда, соли 2001 «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-ро нашриёти адабии Димишқ (Сурия) ба забони арабӣ аз чоп баровардааст.
Асарҳои «Сабзпарии Душанбе», «Доғе аз зоғе», «Зуҳра – сайёраи ишқ», «Тангкӯча» дар театрҳои касбӣ ва халқии вилоятӣ ба саҳна гузошта шудаанд.
Ҳамчун шоири суруднавис ҳам дар миёни ҳаводорони таронаҳои лирикӣ шуҳрати тамоме дошта, бастакорони маъруфи ҷумҳурӣ ба силсилаи ашъораш оҳанг бастаанд.
Соли 1986 сазовори Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1988 шарафёби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1994 соҳиби унвони ифтихории Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон ва соли 2014 сазовори медали адабии байналмилалии ба номи М.Достоевский гардидааст.
Солҳои 1995-2000 вакили мардумӣ дар парлумони мамлакат, солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ будааст.
Бо ордени «Шараф», «Исмоили Сомонӣ» ва се медал мукофотонида шудааст.
Нависандаи халқии Тоҷикистон аст.
Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Дар Китобхонаи милӣ аз Меҳмон Бахтӣ ва дар бораи ӯ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Наргис: Шеър // Наврўзӣ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе, 1968. – С.41.
Илҳом: Повест. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 159 с.
Дуньёи ҳикмат: Чор мисраъ ба Боқӣ Раҳимзода // Боқинома. – Душанбе, 1981. – С.90.
Песаҳо: Барои бачагони синни миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1982. – 192 с.
Оҳи сабук: Повестҳо ва драмаҳо. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 333 с.
Хаёли ширин: Суруд, манзума ва таронаҳо. – Душанбе: Маориф, 1985. – 47 с.
Рўҳи тавоно: Повестҳо. – Душанбе: Ирфон, 1987. – 288 с.
Эй, ҷавонӣ, ҷавонӣ: Маҷмўаи пйесаҳо. – Душанбе: Адиб, 1988. – 30 с.
Хаёли ширин: Суруд // Маориф ва маданият. – 1965. – 17 апрел.
Шаҳидони роҳи озодӣ: Пйесаи якпардагӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1966. – 22-27 апрел.
Наргис; Мавҷигул; Машъали бахт; Орзу: Сурудҳо // Садои Шарқ. – 1967. – №3. – С.71-72.
Баҳория: Суруд // Маориф ва маданият. – 1968. – 21 март.
Сукути корзор: Шеър // Маориф ва маданият. – 1969. – 16 январ.
Таронаи наврўз: Суруд // Тоҷикистони советӣ. – 1970. – 21 март.
Себаки хушбўй: Суруд // Занони Тоҷикистон. – 1971. – №6. – С.19.
Қадаҳи бародарӣ: Суруд // Комсомоли Тоҷикистон. – 1972. – 9 июл.
Тайёрӣ: Саҳначаи солинавӣ // Пионери Тоҷикистон. – 1973. – 19 декабр.
Аз худам гузашт: Нимдрамаи бемусиқии суруддор // Хорпуштак. – 1974. – №2. – С.4.
Тўҳфа: Пйесаи якпардагӣ барои ҳаваскорони мактаб // Пионери Тоҷикистон. – 1976. – 22 декабр.
Бепарво нашав, Каримбой!: Саҳнаи ҳаҷвӣ // Хорпуштак. – 1977. – №16. – С.6.
Хубон: Порча аз повест // Тоҷикистони советӣ. – 1978. – 26 ноябр.
Фарзанди замин: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1979. – 25 ноябр.
Шамъи хирад: 15-уми май 70-солагии зодрўзи устод Боқӣ Раҳимзода // Машъал. – 1980. – №5. – С.12-13.
Айб дар ош ё дар мош?: Мубоҳиса дар атрофи мақолаи Артисти Халқии Тоҷикистон А. Муҳаммадҷонов доир ба кори театрҳои республика // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 29 июн.
Ба нависандаи тоҷик Меҳмон Бахтӣ барои повести «Хубон» дипломи ҳавасмандкунии конкурси умумииттифоқии адабии ба номи Николай Островский дода шуд // Садои Шарқ. – 1983. – №1. – С.134.
Сӣ соли фаъолият: Ҳикояи ҳаҷвӣ // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 10 январ.
Нисфи моҳтобро кӣ хўрдааст?: Ҳикоя // Чашма. – 1987. – №10. – С.15.
Орзуи бишкаста ва ҳасрати домангир: Ба муносибати 60-солагии зодрўзи Ф. Муҳаммадиев // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 16 июн.
Ҳалқаи назарбозӣ: Мазҳака // Садои Шарқ. – 1990. – №3. – С.63-90.
Баромад дар Анҷумани X адибони Тоҷикистон // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 11 апрел.
Хук оварданд: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 1992. – 24 декабр.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Меҳмон Бахтӣ додани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт барои соли 1998 // Ҷумҳурият. – 1998. – 9 сентябр.
Ғазали сулҳ: Шеър // Садои мардум. – 1999. – 26 июн.
Ҷилваи баҳор: Шеър // Садои мардум. – 2001. – 12 апрел.
Абри борон; Аспи саманд; Алла; Мушаки айёр; Роҳи пушаймонӣ; Қосимча ва сагча; Гулдухтари ягона: Шеърҳои бачагона // Адабиёт ва санъат. – 2002. – 5 апрел.
«Адабиёт посух ба пурсишҳои ҳаёт аст»: Дар сўҳбати раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Меҳмон Бахтӣ // Садои мардум. – 2003. – 15 июл.
Адабиёти нав дар замони нав: Маърузаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ бахшида ба ҷашни 70-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон // Адабиёт ва санъат. – 2004. – 18 ноябр.
Муждагонӣ; Мурғи саҳар: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 17 март.
Ҳукумат ба адабиёти миллӣ таваҷҷўҳи хоса дорад: Мусоҳибаи П. Ҳабиб бо раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ // Садои мардум. – 2006. – 8 апрел.
Паёме, ки қомати кишвар афрозад: Андешаҳо пиромуни Паёми Президенти ҶТ Э. Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар // Адабиёт ва санъат. – 2007. – 14 июн.
Омўзгор ва адиб ду шохаи як рўданд: Сўҳбати А. Муродӣ бо раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 14 феврал.
Меҳмон Бахтӣ дубора раис шуд: Меҳмон Бахтӣ, нависанда, шоир ва драманавис, дуюмбора ба ҳайси раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд // Миллат. – 2009. – 9 июл.
Забони модарӣ; Қисмати рўз; Исёни шеър: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 2011. – №4. – С.3-6.
Истиқлолият орзуву ормони садсолаҳои мост: Мулоқоти Меҳмон Бахтӣ бо профессори Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Рутсумкани Япония, ҷаноби Тесуро Идҷи дар мавзўи давраҳои музокироти таърихии тоҷикон // Адабиёт ва санъат. – 2012. – 6 сентябр.
Мушаки зирак; Китоби «Алифбо»: Шеърҳо // Омўзгор. – 2013. – 15 ноябр.
Эй ҳамнафасон!: Шеър // Тоҷикистон. – 2014. – №3-4. – С.4.
«Аз онҳое ранҷидам, ки ба бўҳтонҳо бовар карданд…»: Мусоҳибаи рўзноманигор Б. Шафеъ бо Нависандаи халқии Тоҷикистон М. Бахтӣ // Нигоҳ. – 2015. – 1 июл.
«Эй Сарвари ман…»: Суҳбати С. Саидов бо Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рўдакӣ Меҳмон Бахтӣ // Баҳори Аҷам. – 2016. – 15 ноябр.
Ғазали ваҳдат: Шеър // Ҳисори Шодмон. – 2017. – 20-27 июн.
Меҳмони азизу маҳфилоро: Иштироки Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Меҳмон Бахтӣ дар маҳфили «Меҳмонсаро» // Паёми Суғд. – 2018. – №9. – С.52-57.
Адабиёт дар борааш
Саъдуллоев, А. Қиссаи хубон ва се драма: Дар бораи ду китоби Меҳмон Бахтӣ «Хубон» ва пйесаҳои «Зўҳро-сайёраи ишқ», «Захми забон», «Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ» // Тоҷикистони советӣ. – 1982. – 29 апрел.
Ғаффор, П. Шаби розу ниёз: Шаби шеъру суруди Меҳмон Бахтӣ // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 9 ноябр.
Шариф, Х. Фазилати нависандагӣ: Дар бораи нависанда Меҳмон Бахтӣ // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 5 апрел.
Салим, М. «Тилисми сайҳун»: Андешаҳо перомуни драмаи нави адиби шинохта Меҳмон Бахтӣ // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 31 март.
Асозода, С. Ҷавонон шўҳрати адабиёти имрўз ва фардоянд: Сўҳбат бо раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2006. – 22 сентябр.
Ғоиб, Ҳ. Манзалати заминии дўст ҳам аршист: Дар бораи кор ва фаъолияти Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 21 апрел.
Нурзода, С. Кўлбори пурбори адиб: Сухане чанд дар ҳошияи китоби «Оҳанги хаёл»-и Меҳмон Бахтӣ // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 27 феврал.
Ҷилои сафобахши оинаи табъ: Оиди ҳаёт ва фаъолияти шоир Меҳмон Бахтӣ // Минбари халқ. – 2019. – 13 март.
ТАРҶУМАҲО
Ваго, Т. Туро мебўсам, яккаву ягонаи ман…: Ҳаҷвияи венгерӣ // Маориф ва маданият. – 1966. – 17 май.
Мацявичюс, Ю. Ливои фатҳ: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 27 сентябр.
Табаров, С. Асари ҳаётдўстона: Драмаи лирикӣ-романтикии А. Арбузов «Марати бечораи ман» дар саҳнаи Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 14 июл.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.