Се моҳи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Китобхонаи миллӣ

Таҳия ва тадвини китоб дар мавзӯъҳои гуногун, таҳияи дастурҳои методӣ ва библиографӣ, тарҷума, баргардон ва нашри осори арзишманди ниёгон ва анҷом додани пажӯҳишу таҳқиқот дар соҳаи китобу китобдорӣ яке аз вазифаҳои муҳимми Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шумор меравад. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолиятҳои Китобхона дар семоҳаи аввали соли равон гуфт, ки дар самти баргардон, таҳия ва нашри осори арзишманди ниёгон ва ҳамчунин осори илмӣ-таҳқиқотие, ки муҳаққиқони дохилию хориҷӣ оид ба таърих, фарҳанг, расму оини миллати тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ таълиф намудаанд, Маркази “Тоҷикшиносӣ” корҳои муҳиммеро ба сомон мерасонад.

Дар семоҳаи аввали соли 2021 аз сарчашмаҳои гуногун ба таҳияи китоби навбатии силсилаи “Тоҷнома”, ки бо номи “Суғд” ба нақша гирифта шудааст, дар ҳаҷми 109 саҳифа мавод гирдоварӣ ва тарҷума шудааст. Ҳамчунин, ҷобаҷогузории поварақҳои китоби Муҳаммадризо Ноҷӣ “Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён” дар ҳаҷми 61 саҳифа ба анҷом расонида шудааст.

Дар ин давра таҳрири китоби “Машғалаҳо дар Туркистон”-и А. Арандаренко дар ҳаҷми 762 саҳифа ва китоби «Саёҳат ба Осиёи Миёна»-и А. Вамбери дар ҳаҷми 103 саҳифа анҷом дода шудааст.

Ҳамин гуна корҳои тарҷума, баргардон ва нашри осор аз ҷониби Маркази “Конуни забони тоҷикӣ” ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ ба анҷом расида истодааст. Аз ҷумла, дастури библиографии «Библиографияи забоншиносӣ» (аз соли 1985 то соли 2019) дар ҳаҷми 500 саҳифа мураттаб гардида дар фурсатҳои наздик барои чоп пешниҳод мегардад. Корҳои таҳрирӣ ва овонигории луғати «Фарҳанги рўзи сухан» бошад идома дорад.

Луғати «Фарҳанги рўзи сухан» ба сарпарастии доктор Ҳасан Анварӣ, ба фарқ аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва «Луғатномаи Деҳхудо», ки тамоми калимаҳои таркиби луғавии моро гирд овардаанд, аз калимаҳое фароҳам омадааст, ки имрўз корбурд доранд. Инҳо калимаҳое ҳастанд, ки дар тамоми соҳаҳои илму амали рўзгор мавриди истифодаанд, хоҳ аз забонҳои аврупоӣ ворид шуда бошанд, хоҳ аз русию арабӣ ва дигар забонҳо. Фарҳанги мазкур аз назари забоншиносӣ низ бартариҳои зиёд дорад, дар он овонигорӣ, нишон додани ҷузъҳои калимаи мураккаб, тааллуқоти калима ба ҳиссаи нутқ, аз кадом забон иқтибос шудани калима, шакли аслии калима дар забони асл, дар кадом риштаи илм ё соҳаи фаъолият ба кор рафтани калима нишон дода шудааст. Ҳамчунин таркибҳо ва ибораҳои фразеологии аз калима сохташуда низ оварда шудааст.

Матни комили ҳисоботи семоҳаи аввали соли 2021 ин ҷост:

Ҳисобот дар бораи фаъолияти муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2021