Шахсони имконияташон маҳдуд дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шахсони-имконияташон-маҳдудҲамасола дар ҷаҳони муосир дар асоси Эъломияи 47/3 Созмони Милали Муттаҳид, аз соли 1992 инҷониб дар тамоми кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи он мебошад, 3 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад.

Ба муасисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои дахлдори давлатҳо, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои ҷаҳон, муассисаҳои таълимӣ дар Рӯзи байналмилалии маъюбон тавсия дода мешавад, ки дар гузаронидани чорабиниҳои мухталиф бо иштироки маъюбон ва ашхоси имконияташон маҳдуд  кумак расонанд.

Дар айни замон 80% маъюбон дар кишварҳои рӯ ба инкишоф зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо 10% кӯдакони то 18 сола мебошанд.

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии маъюбон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати муҳим “Стратегияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамгироии маъюбон” қабул гардидааст. Соли 2019 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутериш оғози татбиқи “Стратегияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамгироии маъюбон”-ро эълон кард ва айни замон амалисозии он дар кулли кишварҳои аъзои созмон  идома дорад.

Дар моҳи октябри соли 2021 Дабири кулли СММ маърӯзаи худро оид ба татбиқи Стратегия мазкур дар соли 2020 пешниҳод намуд, ки ин таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи манфиатҳои маъюбон мебошад.

Бо назардошти ин, ҳамгироии ашхоси имконияташон маҳдуд ба ҳаёти ҷомеа шарти муҳимми ҳифзи манфиатҳои маъюбон ва таъмини иштироки онҳо барои саҳмгузорӣ дар рушди устувори давлатҳо мебошад. Дар ин замина,  ҷалби маъюбон ба ҳаёти ҷомеа ва дастгирию ғамхорӣ нисбати онҳо  дар шароити пандемия ва баъди кам гардидани ин бемории фарогир  ба манфиати тамоми халқҳо ва давлатҳо, аз ҷумла кишвари азизи мо  мебошад.

Дар кишвари мо низ ҳамасола рӯзи  3-юми  декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мегардад. Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии маъюбон дар Тоҷикистон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа,  мақомоту муасиса, идораҳо ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мушкилоти  маъюбон, ҳамчунин, ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва муҳайё намудани шароити муносиб  барои ин категорияи ниёзмандон мебошад.

Маъюбон таҳти ҳимояи иҷтимоии давлат ва Ҳукумати кишвар мебошанд.

Бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии маъюбон дар кишварамон қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон№ 675 аз 29 декабри соли 2010 қабул гардида, татбиқ мегардад.  Дар баробари ин, ба қонуни мазкур аз 17 декабри соли 2020 № 1739 тағйироту иловаҳо ворид намуда, ба талаботи ҳифзи манфиатҳои бештари маъюбон мутобиқ гардонида шудааст.

Дар банди 15, боби 4 қонуни мазкур  қайд гардидааст: “Ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад”.  Ҳамзамон моддаи 16 қонуни мазкур ба масъалаҳои табобати санаторию курортии маъюбон ва моддаи  17 қонун бошад, ба масъалаҳои муҳайё намудани шароити  таҳсил ва касбомӯзӣ ба маъюбон бахшида шуда, қайд гардидааст: “Давлат дар доираи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбон муҳайё намудани шароити заруриро барои таҳсил ва касбомӯзӣ кафолат медиҳад”.

Ҳамзамон, дар моддаи 29 қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, ки ҳуқуқи  маъюбон ба таъминоти иҷтимоӣ ном дорад, дар 4 банд чунин муқаррарот пешбинӣ гардидааст:  “маъюбон ба гирифтани нафақа, кӯмакпулӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқ доранд;   маъюбоне, ки кор мекунанд, новобаста ба гирифтани  нафақа ба тамоми намудҳои кӯмакпулӣ аз рӯйи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, аз ҷумла ба кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ  ҳуқуқ доранд”.

Дар маҷмӯъ бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат  дастгирии ҳаматарафаи маъюбонро асоси сиёсати иҷтимоии давлат эълон намуда, ҳифзи манфиатҳои ашхоси имконияташон маҳдудро таҳти ҳимояи мунтазами хеш қарор дода, барои ҳифзи иҷтимоии онҳо ҳамеша  ғамхорӣ менамоянд.

Маҳбуба Алиева – корманди Китобхонаи миллӣ