Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 20-уми март

yak-ruzi-adabiyotСоли 43 то милод дар Сулмон шоири Руми Бостон Овидий  ба дунё омад. Вай шеърҳои ошиқӣ ва устуравӣ месуруд. Ӯро бештар бо достонҳои “Метаморфозҳо”, “Илми муҳаббат” мешиносанд. Овидий таъсири зиёд ба шуарои Аврупо дорад. Ҳатто Александ Пушкин як силсила шеърҳо ба ӯ бахшидааст.

Соли 1770 шоир, файласуф, тарҷумон, китобдор ва омӯзгори аҳли Олмон Фридрих Гёлдарлин ба дунё омад. Гёрдарлин аз ҷумлаи поягузорони идеализми олмонӣ ба шумор мерафт ва дар андешаҳои фалсафаии Ҳегел ва Шилинг таъсир расонда буд. Ӯро шоири файласуфон ном ниҳодаанд.

Henrik_IbsenСоли 1828 дар Шиен шоири норвежӣ, мақоланавис ва намоишноманавис Генрик Ибсен таваллуд шуд. Ӯро поягузори “драмаи нави” Аврупо меноманд. Ибсен яке аз сутунҳои аслии адабиёти нав дар Норвеж аст, ки таъсири шигарфе ба нависандагони баъди худ гузоштааст.

Ӯ ҳамчунин маъруфтарин устодони театр аст ва ҳатто баробар бо Шекспир медонанд.

“Оромгоҳи ҷангҷӯ”, “Хонум Ингар”, “Хонаи арӯсак”, “Иштибоҳ”, “Душмани мардум”, “Мурғобии ваҳшӣ”, “Бонуи дарёӣ”, “Устоди меъмор”, “Вақте мо мурдагон аз хоб бармехезем” аз ҷумлаи осори ӯ мебошанд.

Мегӯянд Генрик Ибсен хеле одами камгап буд. Вай сабаби рад кардани аксари даъватномаҳо ба меҳмониро чунин шарҳ медод: “Дар меҳмонӣ ман тақрибан ҳарф намезанам. Меҳмонони дигар ҳам ба ман менигаранд ва кам гап мезананд, соҳибхонаҳо аз ин рафтори  ман меранҷанд, нороҳат мешавад. Вақте ман ба меҳмонӣ намеравам, меҳмонон хеле мавзӯи зиёд барои баҳс миёни ҳам пайдо мекунанд”.

Аз лаҳзаи охирини ҳаёташ ин ҳикоят мондааст: “Духтури муолиҷи Ибсен Эдвард Булл нақл мекунад, ки аҳли оилаи нависанда лаҳзаи пеш аз маргаш сари болинаш ҳозир шуданд. Вай барои ором кардани пайвандони гирифтор ба ғам тавре рафтор кард, ки аҳли нишаст гумон карданд, вазъи Ибсен имрӯз беҳтар аз қабл аст. Баъди ин нишаст Ибсен чун хулосаи хешонро шунид, дақиқан гуфт: “Баръакс!” ва ҷон дод”.

Ибсен 23 майи соли  1906 дар синни 78-солагӣ дар Кристианияи Норвегия тарки олам кард.

Карин-МикаэлисСоли  1872  нависанда ва намоишноманависи аҳли Дания Карин Микаэлис ба олам омад. Вай бо имзои шавҳараш менавишт.

Асарҳои Карин Микаэлис, ки тақрибан ҳама сарнавиштианд, бештар дар бораи мавқеъи зан дар оила ва ҷомеа, тарбияи фарзандон баҳс мекунанд. Романҳои “Духтар бо шишапора”, “Дурӯғгӯи хурдакак”, “Асрор”, “Ҳам гуноҳ ҳам мусибат ва хатар”, “Паёмад” мансуб ба ӯ мебошанд.

Карин Микаэлис муаллифи чанд асари дигар дар бораи атфол низ мебошад.

Соли 1932 ӯ дар кори аввалин Конгресси байналмилалии зидди ҷанг ширкат карда буд.

Карин Микаэлис 11 январи соли 1950 дар Копенгаген, ки аз соли 1892 мезист, аз олам даргузашт.

Соли 1897 дар Санкт-Петербург дар синни 75 – солагӣ шоири рус Аполлон Майков вафот кард. Вай 4 июни соли 1821 дар оилаи дворянин таваллуд шуда буд. Падараш Николай Аполлонович ширкаткунандаи муҳорибаи Бородин ва амалиётҳои дигар зидди Наполеон буд.

Достонҳои “Ду сарнавишт”, “Машенка”, “Собори Клермонт”, дармаҳои “Ду ҷаҳон”, “Се марг”, “Марги Лютсия” аз ӯ мебошанд.

Соли 1948 дар Итаки иёлати Ню-Йорк нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Памела Сарджент ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи “Небюло” мебошад.

Файзулло-АнсорӣСоли 1931 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент адиб, намоишноманавис, либретонавис, мутарҷим ва донишманди маъруфи тоҷик  Файзулло Ансорӣ таваллуд шуд.   Чакидаҳои хомааш дар маҷмӯаҳои «Калхот ва кабӯтар» (1954), «Гулдастаи дӯстӣ» (1956), «Дӯстонро то расонад рӯзи тӯй» (1976), «Офтоб дар роҳ» (1956), «Дур аз шаҳр» (1957), «Гулшан» (1958), «Имтиҳон» (1961), «Шарофат» (1963), «Тори илҳом» (1963), «Буттаи гул» (1969), «Оинаи дил» (1973), «Сарвати дил» (1982), «Китоби Ватан» (1991), «Ситораи муҳаббат» (ба забони русӣ, 1967) ва ғ. чоп шудаанд.
Файзулло Ансорӣ чун драматург дар пешрафти адабиёти тоҷик хидмати шоён карда, ҳамчун асосгузори драмаи манзуми тоҷикӣ сазовори эътирофи умум гардидааст.

Намоишномаҳои «Имтиҳон» (1958), «Ҳаёт ва ишқ» (1958), «Модар, мебахшед!» (1960), «Иҷоранишин» (1961), «Ҳукми модар» (1962), «Қиссаи нотамом» (1963), «Оинаи махмалпеч» (1965), «Шаҳр дар оғӯши ту» (1966), «Баъди имтиҳон» (1971), «Висол» (1972), «Як либос атлас» (1972), «Модар нигарон буд» (1972), «Актрисадухтар» (1973), «Зинапоя» (1974), «Тӯй барпо нашуд» (1978) ва ғ., ки маҳсули қалами ӯ мебошанд, аз ҷониби тамошобинон ба хубӣ пазируфта шудаанд ва солиёни дарозе саҳнаи театрҳои номии кишварамонро оро додаанд.
Либреттои операҳои «Пӯлоду Гулрӯ» (дар асоси романи ҳамноми Раҳим Ҷалил) ва «Шарофат» (бар матни достони ҳамноми муаллиф) зодаи қалами ӯстанд.

Чандин асари адибони русу ҷамоҳири собиқи шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.

Тарҷумаҳои осори худи ӯ ба забони русӣ дар ду маҷмӯа («Солнце в пути» ва «Улыбка любви») ба табъ расидаанд.
Барои заҳмати пурсамари эҷодӣ ва таҳкими равобити адабӣ бо медали «Барои меҳнати шоён» ва Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Белорусия мукофотонида шудааст.
Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
28 апрели соли 1980 дар зодгоҳаш аз олам даргузашт.
Мадфанаш дар ҳамон ҷост. (Сом.Ит.Нав.)

Соли 1944 дар деҳаи Табариёни ноҳияи Ховалинг адиби тоҷик Абдулҳайи Қаландар таваллуд ёфтааст. Самараҳои эҷодаш тавассути маҷмӯаҳои «Интизорӣ» (1987), «Марди роҳ» (2001), «Хоки Ватан» (2003), «Тафаккур ва тахайюл» (2005), «Суруди дил» (2005), «Ашки дил» (2006), «Роҳи дилҳо» (2010), «Се назар ба шеъри Ҳақназар» (2012), «Тоҷик ва тоҷи Офтоб» (2013) ва ғ. дастраси хонандагон гардидаанд.

Ба ҳайси муҳаққиқ беш аз 50 рисолаву мақолаи илмӣ таълиф карда, дар мавзӯи «Мавқеи ономастикаи бадеӣ дар офаридани образҳо (аз рӯи асарҳои Устод Айнӣ)» рисолаи илмӣ навиштааст.

Барандаи Нишони «Сухан», нахустбарандаи Ҷоизаи ба номи Ашӯр Сафар, Ҷоизаи ба номи Носири Хусрав, Аълочии маорифи Тоҷикистон (2014), Аълочии матбуоти Тоҷикистон.

Аз соли 2004 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

МуаззамаСоли 1952 дар деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара адиби маъруф Муаззама (Муаззама Аҳ мадова) ба дунё омад.  Пас аз хатми мактаби миёона меҳри сухану адабиёт Муаззамаро ба Душанбе овардааст ва то охири умр корманди ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» будааст.

Аз байни духтарони тоҷик нахустин касе буд, ки ҷиддан ҳикоянависиро пеша карда, дар ин ҷода шодком гаштааст. Дар муддати кӯтоҳе ҳикояҳои «Себи сурх», «Бозгашти Бодом», «Ман, Амур ва очаам», «Соҳиби аспи сафед», «Рӯймолчаи сари девор», «Афсона» ва «Гулпараки зарринбол»-аш дар байни хонандагон маҳбубият пайдо кардаанд. Ба таъбири академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, «қалами тасвири Муаззама, бо вуҷуди навкорӣ, хаёлҳои рангин, орзуҳои ширин ва умеди қавиеро, ки ҷавонони наврас аз ин зиндагӣ доранд, намоён месозад».

Гулчини офаридаҳои Муаззама дар маҷмӯаҳои «Соҳиби аспи сафед» (1986) ва «Афсонаи танҳоӣ» (2010) ба дасти чоп расидаанд.

Умр ба Муаззама вафо накард. Ӯ 3 марти соли 1988 дар сари мизи кориаш (дар идораи ҳафтавори «Адабиёт ва санъат») аз олам даргузашт. (Сом.Ит.Нав.)

marieta-shaginyanСоли 1982 дар шаҳри Москав дар синни 93 – солагӣ нависанда ва фаъоли арманитабори аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ Мариэтта Шагинян тарки олам кард. Вай аз чеҳраҳои матраҳ дар олами адабиёт ва ҳунари Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт. Барандаи ҷоизаҳои Ленин ва Сталин, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, дорандаи чандин орденҳои маъруфи замони Шӯравӣ буд.

Вай 2 апрели соли 1888 дар Москав ба дунё омад ва бештари умри худро дар нимҷазираи Қрим гузаронда буд.

juma-uddusСоли 1958 дар шаҳри Душанбе адиб, намоишноманавис ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Ҷумъа Қуддус  дида ба олам кушод.  Соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар рӯзномаву ҳафтаномаҳои гуногун, Телевизиони тоҷик, Вазорати фарҳанги кишвар, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор кардааст.

Муалифи китобҳои гуногунжанру гуногунмуҳтавои «Кори нотамом» (1982), «Мардҳо намегирянд» (1991), «Воқеа, вақт, одамон», (1997), «Исмоили Сомонӣ» (1999), «Эъҷоз» (романи мустанад, 1999), «Офариниши охирин» (2003), «Роҳи наҷот» (2003), «Тавбашикан» (2005), «Ориёно-1. Ҳасрати Зардушт» (дар ҳаммуаллифии Маҳмадкарими Карим, романи таърихӣ, 2006, 2008), «Ширин» (дар ҳаммуаллифии Маҳмадкарими Карим; қисса; тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, 2006), «Ориёно-2. Биҳишти гумшуда» (дар ҳаммуаллифии Маҳмадкарими Карим; романи таърихӣ, 2008), дастурҳои таълимии «Асосҳои драма ва маҳорати сенариянависӣ» (1998), «Жанрҳои журналистикаи телевизион» (2003), «Назарияи эҷод» (2004), «Тадқиқоти журналистӣ» (2004), «Асосҳои журналистикаи телевизион» (2008), «Асосҳои драматургия ва маҳорати сенариянависӣ» (2009) ва ғ. мебошад.

Намоишномаҳои «Гирдсанг», «Шабистон», «Дараи шикастҳо», «Очаи Бика ва Зика», «Тӯйи бедомод», «Иморикаш», «Ҳазрати Ғазаб», «Қисмати теппаи сурх», «Суруд дар бораи бахт», «Зиндашаҳидон», «Талошҳои сурх», «Домодии маҷбурӣ», «Мардҳо намегирянд», «Психотерапия», «Вийд», «Тири бепайкон», «Хоҷасагпараст», «Сухан ва шамшер», «Зани шаҳрӣ», «Қурбонии 80-ум кист?», «Кори нотамом», «Баха», «Исмоили Сомонӣ», «Фоҷиаи аввалин», «Бозори нафс», «Адли Анӯшервон», «Ишқи парӣ», «Вулқони хомӯшшуда», «Марги сафед», «Варта», «Шифо», «Нолаи Зардушти Паёмбар», «Мунтасир», «Резистанс-Муқовимат», «Турки тоҷик», «Фоли аҷибу ғариб», «Бозори нафс», «Зистан-ғалаба кардан», «Ғубори Аҷам», «Хоби чаппа», «Киштинишастагон», «Марди кор», «Бӯсаи аввал», «Талбак Лолаев», «Ҳотами Той», «Ишқи бозорӣ», «Ҷазирбод», «Бозори нафс», «Офариниши охирин», «Ҳидояти қудсӣ. Носири Хусрав», «Шағоли шергир», «Дом», «Ҷавонии Рӯдакӣ», «Сонсур», «Гули зира» аз ӯ мебошанд.

Муаллифи филмномаҳои «Носири Хусрав», «Саъдии Шерозӣ», «Ҳикмати Анӯшервон», «Ширин» (дар 15 серия) буда, асарҳои зиёди адибони Шарқу Ғарбро барои Телевизиони Тоҷикистон тоҷикӣ кардааст. Ҳамчунин, барои театрҳои кишвар «Дон–Жуан»-и Ж.Б.Молйер, «Мӯъҷизаи одӣ»-и М. Ладо, «Ба пеш, ясавул!», «Асрори марги Чингизхон»-и Ҷ. Қулмамбетов, «Харак»-и А. Гелман, «Умед»-и Ҷ. Қалибекова, «Туӣ ягонаи ман»-и Ж. Озбекова, «Қурбони вазифа»-и Э.Ионескуро ба тоҷикӣ гардондааст.

Пйессаҳои «Офариниши охирин»-аш соли 2001 дар Сурия, «Сухан ва шамшер»-аш соли 2003 дар Исроил чоп шудаанд.

Силсилаи романҳои таърихии «Ориёно» (дар ду ҷилд – «Ҳасрати Зардушт» ва «Биҳишти гумшуда») дар Фестивали 4-уми байналмилалии санъати китоб (дар Маскав) сазовори дипломи дараҷаи дувум шудааст.

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (1998). Бо медали «Хизмати шоиста» (2004) мукофотонида шудааст.

Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. (Сом.Ит.Нав.)

Соли 1952 дар деҳаи Толеъи Нави ноҳияи Мӯъминобод адиб ва рӯзноманигори тоҷик Сафар Амирхон таваллуд шудааст.  Ашъораш тавассути маҷмӯаҳои «Гули Наврӯз» (1989), «Чашмаи толеъ» (1993), «Хок ва оташ» (1993), «Ҷилваи хаёл» (2003), «Чатри гул» (2010) ва «Чароғи меҳр» (2014) дастраси хонандагон гардидаанд.

Ҳамчунин, намунаҳои эҷодиёташ дар маҷмӯаҳои муштараки «Наврӯз муборак!»,«Баҳодурон», «Падарнома», «Меҳри Хатлон», «Навсафар» ва ғ. ба табъ расидаанд.

Аълочии радио ва телевизиони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010) ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2015).

Дорандаи медали «Барои меҳнати шоён» (1978). Аз соли 1994 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. (Сом.Ит.Нав.)

Таҳияи Б.Шафеъ