Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 21 – уми январ
Соли 1773 дар Порис намоишноманавис, шоир ва ҳуқуқшиноси фаронсавӣ Алексис Пирон дар синни 83-солагӣ даргузашт. Машҳуртарини муваффақияти шоир бо мазҳакаи шеърии Метромания (Le métromanie), ки бори аввал 10 январи соли 1738 ба саҳна гузошта шудааст, алоқаманд буд. Пирон худ дар он қаҳрамони асосӣ ба шумор меравад. Волтер ин асарро “беҳтарин мазҳака аз даврони Молер” номидааст.
Дар эҷодиёти минбаъдаи шоир лирикаи динӣ мавқеъи бештарро ишғол мекунад.
Соли 1831 дар қалъаи Виперсдорф нависанда ва намоишноманависи олмонӣ Ахим фон Орним, намояндаи романтизми ҳейделберг дар синни 49-солагӣ вафот кард. Вай муаллифи романҳои “Камбағалӣ, сарват, ҷиноят ва ҷуброни графиня Долорес” (1810), “Муҳофизони тоҷ“ (1817, қисми дуюмаш соли 1854 пас аз маргаш нашр шудааст), повестҳои «Изабеллаи мисрӣ, ишқи аввалини император Карл V» (1812), “Рафаэл ва ҳамсояҳои ў» (1822, соли 1824 нашр), повестҳои «Маъюби гирифтор дар Форт–Ратоно» (1818) ва ғайра ба шумор мераванд. Ў ҳамроҳи Брентано тазкираи таронаҳои халқии «Шохи сеҳрноки писарбача» -ро дар се ҷилд (1805-1808) тартиб дод, ки он ба инкишофи лирикаи олмон дар асри 19 таъсири калон расонд.
Орним тахайюлотро ба романи таърихӣ ворид карда, (“Изабеллаи мисрӣ…”) онро бо тафсилоти дақиқи таърихӣ моҳирона мепайвандад.
Соли 1832 дар Костолн Мораветс нависандаи чехословакӣ Богуслав Таблитс дар синни 62-солагӣ аз дунё гузашт.
Таблитс аз рўйи ихтисосҳои гуногун хеле зиёд навиштааст. Ҷои якумро «Поэзия»-и ў ишғол мекунад. Ба онҳо тарҷумаи ҳоли ходимони машҳури Словакия замима шудаанд. «Slovenšti veršovci»-и ӯ порчаҳо аз осори адибони қадимии словак мебошанд, ки дар он замон қариб фаромӯш шуда буданд. Ба қалами Таблитс китобҳои зиёде барои омма эҷод шудаанд.
Соли 1856 дар театри Хурди Маскав, нахустнамоиши песаи Александр Островский “Хуморшиканӣ дар зиёфати бегона” баргузор шуд.
Соли 1870 дар Порис нависанда, файласуф ва мақоланависи рус Александр Гертсен дар синни 57-солагӣ аз илтиҳоби шуш даргузашт.
Фаъолияти адабии Гертсен ҳанўз дар солҳои 1830, баъди чопи мақолаи нахустинаш бо тахаллуси Искандар оғоз ёфт. Баъд асарҳои «Аз қайдҳои доктор Крупов», «Кӣ гунаҳкор?», «Аккаи дузд», «Москав ва Петербург», «Новгород ва Владимир»-ро эҷод кард. Дар эҷодиёти тарҷумаиҳолии Гертсен солномаи хотиравии «Гузашта ва андешаҳо» муҳимтарин асар ба шумор меравад.
Гертсен нависанда ва мутафаккири ғарбгаро буд ва ба унвони “падари сотсиализми русӣ” шинохта мешавад. Ормони Гертсен озодии фардӣ буд ва ҳама талошҳояшро сарфи мубориза бар зидди системаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, умумӣ ва хусусӣ кард.
Соли 1872 шоири арман Петрос Дурян вафот кард. Петрос Дурян дар оилаи оҳангари камбағал ба дунё омадааст. Дар синни шашсолагӣ ӯ ба мактаб рафта, онро соли 1867 хатм кардааст. Дар синни шонздаҳсолагӣ кӯшиш мекунад, ки барои дастгирии оилаи камбизоаташ коре ёбад. Якчанд касби гуногунро аз худ карда кор кардааст. Петрос мехост шоир бошад ва танҳо ба эҷодиёт машғул шуда, шеър навишта машҳур шавад. Орзуи ў замоне, ки ҳаёти худро бо театр пайваст қариб ҷомаи амал пўшид. Аммо дар ин ҷо ҳам худро танҳо ҳис мекард. Ў песаҳо менавишт ва баъзан худаш дар саҳна нақш меофарид. Ў тўли умри кўтоҳи 20-солаи худ шеърҳои «Кӯл», «Шикваҳо», «Ў», «Оромиши ман», «Марги ман», «Ба ман мегўянд», «Муҳаббат», «Бо вай» ва ғайраҳоро эҷод кардааст.
Соли 1872 дар Вена шоир ва намоишноманависи австриягӣ Франтс Гриллпарзер, яке аз аввалин аъзои Академияи илмҳои императории Вена дар синни 81-солагӣ аз дунё гузашт.
Ў ҳамчун намоишноманависи барҷаста машҳур буд. Самтҳои асосии фаъолияти ӯ романтизм, ҳақиқатнигорӣ ва классикӣ буданд. Асарҳои худро асосан дар жанри фоҷиа эҷод кардааст.
Соли 1879 нависандаи булғор Любен Каравелов вафот кард.
Асарҳои асосии Каравелов романҳои «Булғорҳои замони куҳан» (1872) ва «Фарзанди модар» аввалин романҳои аслии булғорӣ ба шумор мераванд.
Соли 1885 дар Санкт-Петербург, дар театри Александринский, нахустнамоиши песаи Александр Островский “Аз дунёи дигар” баргузор шуд.
Соли 1950 дар Лондон нависанда ва мақоланависи англис Ҷорҷ Оруэлл дар синни 46-солагӣ аз бемории сил даргузашт. Машҳуртарин асарҳои Оруэлл достони ҳаҷвии «Молхона» (1945) ва романи антиутопии «1984» (1948) мебошанд. Асарҳои ҳуҷҷатии Оруэлл «Роҳ ба сӯи Виган Пир» (1937), ки ҳаёти синфи коргарро дар шимоли Англияро тасвир мекунанд ва «Ёддоштҳои Каталония» (1938), ёддоштҳои ҷанги шаҳрвандии Испания дар баробари эссеҳои зиёди ӯ оид ба сиёсат ва адабиёт машҳуранд. Дар соли 2008, «The Times» Ҷорҷ Оруэллро дар миёни «50 бузургтарин нависандагони бритониёӣ аз соли 1945» дар ҷои дуввум қарор дод.
Навиштаҳои Орвел ба фарҳанги оммавӣ ва сиёсии муосир таъсири назаррас расонидаанд.
Ӯ ҳамчунин бо нақдҳои пуршуморе, ки бар китобҳо навишт, беҳтарин воқеънигори фарҳанг ва адаби англис дар қарнаш ба шумор меравад.
Романҳои “Духтари кашиш”, “Ҳавои тоза” низ мутааллиқ ба ӯ мебошанд.
Романи “Молхона” соле пеш аз ҷониби Усмоналӣ Латифӣ аз забони асл ба тоҷикӣ тарҷума шуд.
Соли 1954 дар рустои Ғайрати ноҳияи Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа шоир ва пажӯҳишгари тоҷик Муҳаммадалии Аҷамӣ ба дунё омад. Баъди хатми донишгоҳ муддате хабарнигори рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Вахш», корманди масъули шуъбаи маорифи халқи шаҳри Қӯрғонтеппа, ходими шуъбаи вилоятии Ҷамъияти дӯстдорони китоб, раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст.
Чанде дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зисту фаъолият доштааст.
Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Кокули борон» (1984), «Ватан» (1985), «Сари об» (1988), «Ҳар субҳ ман зи ишқи ту оғоз мешавам» (2012) буда, се дафтари шеъраш – «Андӯҳи сабз», «Биҳишти Одаму гандум» ва «Атри шабҳои Хуросон» дар Эрон (Теҳрон) ба табъ расидаанд.
Навиштаҳои ӯ дар соҳаи нақди адабӣ дар қолаби мақолаву рисолаҳои «Шигарфиҳои ҳунарӣ ва маъноӣ дар шеъри Устод Рӯдакӣ», «Ҳар ки ин оташ надорад…», «Бедил ва каломи Ҳофиз…», «Хиттаи муъаттари шеър», «Ҳақ бо сукут буд», «Марде аз ҷинси ғазал», «Сарвҳои баланди андеша», «Ҷойгоҳи қасида дар шеъри муосир», «Гулдони ҳафтранг», «Тафаккур ва ҳис дар шеър», «Шеър чист?!» ва ғайра интишор ёфтаанд.
Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Муҳаммадалии Аҷамӣ 5 майи соли 2020 аз олам даргузашт.
Соли 1961 дар Порис нависандаи швейтсарӣ ва фаронсавӣ Блез-Кандард дар синни 73-солагӣ вафот кард.
Соли 1984 дар Мелбурн нависанда ва мақоланависи австралиягӣ Алан Маршалл дар синни 81-солагӣ аз дунё гузашт.
А. Маршалл солҳои 1920 ба фаъолияти адабии худ шурӯъ кардааст. Машҳуртарин китоби ӯ “Ман аз кўлмакҳо ҷаҳида метавонам” (1955) – қисми аввали трилогияи таҷумаиҳолии ӯ мебошад. Ду китоби дигараш «Алафе, ки ҳама ҷо мерӯяд» (1962) ва «Дар дили ман» (1963) мебошанд, ки қаҳрамонон ва мавзеъҳои тасвиршудаи онҳо, ҳақиқати воқеӣ доранд.
Соли 2011 дар Минск нависандаи асарҳои тахайюлии белорус Николай Трофимович Чадович пас аз бемории тӯлонӣ вафот кард.
Нахустин нашри достони тахайюлии «Шўрангез» (1983. рӯзномаи «Знамя юности») бо ҳаммуаллифии Ю.Брайдер буд, ки оғози ҳамкориҳои тӯлонӣ ва пурсамари ин нависандагон гардид. Дар охири солҳои 1980 дуэти эҷодии Бридер ва Чадович ба сафи пеши насли ҷавони асрҳои жанри тахайюлиии шӯравӣ гузашт. Дар асарҳои онҳо шавқу ҳавас ба сужаи тезу тунд, мушоҳидаи ҷаҳонии нависандагони ҳақиқатнигор ва истеъдоди ҳавнигорон ба ҳам пайвастааст.
Николай Трофимович сазовори ҷоизаи жанрии «Шамшери Румат» (1999) ва ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Приднестровияи Молдова барои романи «Тирҳои Перун» гардидааст.
Соли 2019 дар Лисбурги Вирҷания ҳаҷвнигор ва рӯзноманигори амрикоӣ Рассел Бейкер дар синни 93-солагӣ даргузашт. Ў барандаи дукаратаи ҷоизаи Пулитсер ба шумор меравад.
Яке аз асарҳои барҷастаи Бейкер ин эссеи машҳури ӯ “Мактаб зидди дониш” буд, ки дар он муаллиф даврони мактабии худро тасвир кардааст. Тавре ки нависанда дар он менависад, маҳорати асосие, ки одамон тавассути таълими мактаб ба даст меоранд, ин маҳорати ба имтиҳонкунандагон писанд омадан аст. Бейкер ба андешаҳои файласуф Суқрот ишора мекунад ва муътақид аст, ки омўзгорон набояд кӯшиш кунанд, ки хонандагонро бо дониши беруна фаро гиранд, балки баръакс, кўмак кунанд то кўдакон қобилиятҳои худашонро кашф намоянд.
Соли 2022 дар Маскав шоири шӯравии солҳои шастум Анатолий Найман дар синни 85-солагӣ аз сактаи қалб даргузашт.
Ашъори Найман ҳиссиёти рӯҳонӣ ва муносибатҳои байни одамонро инъикос мекунад. Он аз публитсистика ва сиёсат дур аст, он ҷое ба нақлу тавсиф, ҷое ба муколама ва баъзан ба наср наздик аст. Аммо тамоми тафсилот ва рӯйдодҳои беруна заминаеро барои баёни ҳиссиёти ботинӣ эҷод мекунад: ҷустуҷӯи муҳофизат, мувозинат, осоиштагӣ ва дарки ин имкониятҳо дар табиат.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА.