Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 27-уми феврал

Як-рузи-таърих-27-02-2024Соли 1706 дар манзилаш воқеъ дар Дувр-стрити шаҳри Лондон нависандаи боғкори англис Ҷон Ивлин (John Evelyn) аз олам гузашт. Вай 85 сол дошт ва яке аз поягузорони Ҷомеаи подшоҳии Лондон  буд.

Китоби ёддоштҳои вай, ки ҳамзамон бо хотираҳои Сэмюэл Пипс навишта шудааст, пурарзиштарин асари таърихӣ дониста мешавад. Дар китоби хотироташ ҷузъиёти бештареро дар бораи рӯйдодҳои замонаш медиҳад. Вай шоҳиди марги Карли 1 ва Оливер Кромвел будааст, шоҳиди солҳои Тоуни бузург будаву ҳамчунин сӯхтори бузурги Лондон дар соли 1666-ро ҳам дидааст.

Ғайр аз ёддоштҳо вай осори мондагори дигар ҳам дорад. Аз ҷумла: “Дар бораи озодӣ ва бардагӣ”, “Боғкории фаронсавӣ…”, “Ахлоқ дар Англия”, “Баҳси фалсафӣ дар бораи Замин” ва ғайра.

Генри Уодсворт ЛонгфеллоСоли 1807 шоир ва тарҷумони армикоӣ Ҳенри Уодсворт Лонгфелло ба дунё омад. Вай муаллифи достони машҳури “Сурудҳо дар бораи Гайават” ва дигар достонҳо ва шеърҳои хуб мебошад.

Аввалин асарашро дар чаҳордаҳсолагӣ интишор дод. “Афсонаҳои мусофирхонаи канори ҷода”, “Сафар ба он сӯи дарё”, “Дарёи дигар”, “Овози шаб”, “Сотхмони киштӣ”, “Шогирди испониёӣ”, “Масеҳ: як роз”, “Манзумаҳо ва ашъори дигар” аз ҷумлаи китобҳои ӯ мебошанд.

Лонгфелло 24-уми марти соли 1882 дар синни 75 солагӣ дар шаҳри Кембриҷи иёлати Массачусетси ИМА тарки олам кард.

Соли 1814 мунаққиди шинохтаи адабиёт дар Фаронса Жюлен Луи Жоффруа вафот кард. Вай 17-уми августи соли 1743  ба дунё омада буд. Аввал дар Ранне ва баъдан дар коллеҷи Людовики Бузурги Порис таҳсил кард. Муддате дар коллеҷи Мазарини (Ҷулио Мазариникорманди калисо ва ходими сиёсӣ, аз сиёсатмадорони барҷастаи итолёвӣ, аз ҷумлаи наздикони ҳамсари шоҳ Людовики 13 малика Анна Маврикия) омӯзгори фанни суханварӣ буд.

Қалами худро дар намоишноманаввисӣ санҷид ва аввалин фоҷеаи худро бо номи “Катон” навишт. Вале ин асарро дар ягон театри замон касе ба саҳна нагузошт.

Баъди марги Эли Фрерон дар соли 1776 ба ҷойи ӯ сардабири маҷаллаи Année littéraire шуд ва то замони баста шуданаш дар соли 1792 дар ҳамин вазифа кор кард.

Жоффруа аз ҷумлаи касоне буд, ки Волтерро шадидан танқид кард ва роҳи пайравонашро дар адабиёт ба нокуҷо тавсиф намуд. Аз ин рӯ, худро басо душмандор ҳам кард.

Дар замони ҳукумати ваҳшат (фаронсавии la Terreur – як замоне аз инқилоби Фаронса, ки дар он қатлу куштору террор ба авҷ расида буд) ногузир шуд дар канораҳои Порис худро пинҳон созад ва танҳо соли 1799 тавонист ба пойтахт баргардад. Дар талошҳояш барои эҳёи маҷаллаи Année littéraire ноком монд ва дар маҷаллаи Journal des débats, ба ҳайси мунаққид кор кард.

Евгений ОнегинСоли 1825 боби аввали романи А.С.Пушкин “Евгений Онегин” чоп шуд. “Евгений Онегин” достони манзум ва як шоҳкори Пушкин аст. Шоир ин достонро муддати ҳашт сол навиштааст. Худи Пушкин анҷоми ин достони зеборо барои худ як қаҳрамонӣ медонист ва аз кулли осораш танҳо дар бораи ин ва достони “Борис Годунов” чунин арёбиро раво донистааст.

Романи “Евгений Онегин” борҳо тарҷума шуда ва Владимир Набоков, ки дар баргардони осори адабии ҷаҳони англисизабон ба русӣ нақши муҳимеро ифо кардааст, онро ба англисӣ тарҷума намуд. Ғайр аз Набоков Чарлз Ҷонсун Ҷеймз Фолин, Волтер Онт ва дигарон низ ин романро тарҷума кардаанд.

Пушкин дар фасли ҳаштуми китоб ба Шайх Саъдӣ ҳам ишора карда менависад: “Баъзеҳо аз ин дунё рафтанд ва баъзеҳо дар мусофирати дуру дароз ҳастанд, чунонки Саъдӣ дар замони худ гуфта буд”.

Манзури Пушкин ашъори зер аст:

Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт,
Ба сарчашмае бар ба санге навишт:

Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,
Бирафтанд, чун чашм барҳам заданд.

Пушкин дар достони “Фаввораи Боғчасарой” низ аз шеъри Саъдӣ иқтибос кардааст.

Соли 1902 дар Салинас нависандаи амрикоӣ Ҷон Стейнбек таваллуд шуд. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1962 буд. Яке аз шинохтатарин ва пурхонандатарин адибони қарни бистуми Амрико дониста мешавад. Стейнбекро ҳамчунин аз маъруфтарин намояндагони мактаби адабии натурализм медонанд. Аз беҳтарин осораш метавон ба “Хӯшаҳои хашм” ишора кард.

“Ҷоми заррин”, “Асби қирмиз”, “Мушҳо ва одамҳо”, “Деҳкадаи фаромӯшшуда”, “Моҳ пинҳон аст”, “Марворид”, “Автобуси саргардон”, “Оташи дурахшон”, “Шарқи биҳишт”, “Панҷшанбеи ширин”, “Амрико ва амрикоиҳо”, “Хуни онҳо қавӣ аст” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1912 нависанда, намоишноманавис, нависандаи сафарномаи табъидӣ ва шоири англис Лоуренс Ҷорҷ Даррелл ба дунё омад. Вай бародари нависанда Ҷералд Даррел буд.

Абдунабӣ СатторзодаСоли 1941 дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент адабиётшиноси маъруф, дипломат, профессор Абдунабӣ Сатторзода дида ба олам кушодааст. Фаъолияти кориашро соли 1963 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикитсон ба номи Ленин (ҳоло ДМТ) номбурда ба ҳайси коршинос оғоз бахшида, баъдан, то соли 1993, аспирант, омӯзгор ва мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик будааст. Дар ин фосила, муддате, мудири шуъбаи танқиди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ», докторанти Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ю. Ломоносов (1979-1980) ва устоди Пуҳантуни Кобул (1985-1987) ҳам будааст. Муддате дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ кардааст.

Моҳи марти соли 1999 муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ таъин гардида, то январи 2006 дар ҳамин вазифа кор кардааст. Соҳиби рутбаи дипломатии кордори фавқулоъода ва мухтори дараҷаи аввал ва рутбаи тахассусии мушовири давлатист.

Доктори илмҳои филология, профессор.

Дар айни ҳол сардори шуъбаи таърихи адабиёт ва нашри осори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, раиси Бунёди байналмилалии «Рудакӣ» ва раиси Шӯрои нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Таҳқиқоти мутаадиди илмию адабияш дар риштаҳои адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, назарияи шеър, поэтика, нақди адабӣ, сиёсати хориҷӣ, таърихи дипломатияи миллӣ, фарҳангшиносӣ ва диншиносӣ сурат гирифта, то имрӯз 15 китобу рисола ва беш аз 400 мақолаи ӯ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, ҷопонӣ, форсӣ, дарӣ, пашту, олмонӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ ва ғайра дар Душанбе, Маскав, Киев, Теҳрон, Тошканд, Боку, Степанакарт, Берлин, Токио, Лондон, Осло, Стокҳолм, Севул, Деҳлӣ, Қарочӣ, Алмаато, Бишкек, Кобул ва ғайра чоп шудаанд.

Китобу маҷмӯаҳои Абдунабӣ Сатторзода «Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ» (1975), «Нуқтаи пайванд. Баъзе масъалаҳои инкишофи шеъру нақди адабӣ» (1982), «Нақди адабӣ» (дар ҳамкорӣ бо Абдулқайюми Қавим, Асадулло Ҳабиб ва Латифи Нозимӣ; Кобул, (1987), «Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ» (2001), «Аристотель и таджикско-персидкая литературная мысль IX-XVвв» (2002), «Кӯҳна ва нав дар шеър, нақд ва забон» (2004), «Дипломатияи муосири тоҷик» (дар ҳамқаламии академик Талбак Назаров; 2006), «Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 8» (2009), «Баёзи адабиёт» (барои хонандагони синфи 8) (2010), «Дипломатияи порлумонӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2010)» (дар ҳамқаламии Муҳаммадато Султонов; 2010), «Такмилаи бадеи форсии тоҷикӣ (дар заминаи навиштаҳои пешиниён ва имрӯзиён)» (2011), «Дипломусии муосири Тоҷикистон» (дар ҳамқаламии академик Талбак Назаров; Кобул, 2013), «Аз Рӯдакӣ то Лоиқ» (2013) ва ғайра аз биҳин намунаҳои тадқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон ва саҳми назаррасе дар пешрафти адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва фарҳангшиносии тоҷик ба ҳисоб мераванд.

САРСУХАНИ АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА “БАРГУЗИДАИ НАВИШТАҲО”-И ПРОФЕССОР АБДУНАБӢ САТТОРЗОДА

Ду нашри «Чаҳор китоб» (Душанбе, 1990; Маскав, 1991), ки аз ҷониби номбурда таҳия гардидааст, ҳиссаи сазоворе дар тарбияти ахлоқи ҳамзамононамон мебошад.

Ҳар асару мақолаи Абдунабӣ Сатторзода ба таҳқиқу баррасии ягон мавзӯъу масъалаи муҳимму мубрами адабиёти тоҷик ихтисос ёфта, ба ҳадди аҳсан анҷом дода шудаанд.

«Истифода аз дастовардаҳои илмии профессор Абдунабӣ Сатторзода, бидуни шак, адабиётшиносӣ ва нақди адабии муосири тоҷикро комилтару гиротар гардонида, ба таҳлилу тан қиди адабиёти бадеӣ ва адабиётшиносии муосир боис мегардад. Самара ва дурнамои онро мо дар мисоли таълифоти танқидии худи муаллиф оид ба раванди адабии имрӯза мушоҳида мекунем. Донистани назариёти адабии миллӣ ба вай имкон додааст, ки ҳусну қубҳ ва худвижагиҳои адабиёти гузаштаву имрӯзаи мо ва қонунмандиҳои нотакрори инкишофи онро ба хубӣ ошкор созад» (Муҳаммадҷон Шакурӣ).

Хидматҳое, ки Абдунабӣ Сатторзода дар соҳаи нашру таҳрири мероси адабии бузургони гузаштаву имрӯзаи миллат, тарҷумаҳои гуногуни илмию бадеӣ, тарбияи иддаи зиёди донишҷӯю аспиранту докторантон ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ба харҷ додааст, бар иловаи хадамоти дигараш, арзандаи таҳсину таъкиданд.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ, дорандаи ордени «Шараф».

Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Султон ШоҳзодаСоли 1995 шоири маъруфи тоҷик Султон Шоҳзода тарки олам кард. Вай 1 апрели соли 1943 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омада буд. Соли 1949 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Корманди рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маориф ва маданият» будааст. Солҳои 1979-1981 дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Баъдан дар рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» ва шуъбаи адабиёти бачагони нашриёти «Маориф» кор кардааст.

Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-ум чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Чашмаи Носир» (1975), «Ману борон» (1982), «Ошёни уқобон» (1985), «Сояи кӯҳ» (1986), «Парандаи кабуд» (1989) ва «Афсонаи баҳор» (1994) мебошад.

Иддае аз шеърҳояш ба забонҳои украинӣ, ӯзбекӣ, чехӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Ашъори алоҳидаи М. Луконин, С.Островой ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Соли 1997 (пас аз марг) сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Майя КоссаковскаяСоли 1972 дар Варшава нависандаи асарҳои тахайюлии лаҳистонӣ, рӯзноманигор, бостоншинос  хонум Майя Коссаковская таваллуд шуд. Ӯро аввалин бонуи нависандае меноманд, ки дар Лаҳистон асарҳои тахайюлӣ навишт ва муваффақ шуд. Ҳамсараш Ярослав Гжендович низ нависандаи тахайюлнаист буд. Ҳарчанд шавҳарашро аввалин хонандаи асарҳои худ медонад ва ҳарду низ пойбанди як жанри адабианд, вале ҳеч асаре надоранд, ки бо ҳам навишта бошанд. Роҳи эҷодии ҳар кадом аз ҳам ҷудост.

Бо ҳикояи “Пашша” вориди адабиёт шудааст ва баъдҳо бар пояи он як пйесаи якпардагӣ низ таҳия шуд.

“Ҳимоягарони салтанатӣ”, “Қонуни охирзамон”, “Бурҷи хун”, “Галаи зард” аз ҷумлаи китобҳои ӯ мебошанд,ки солҳои гуногун чоп шудаанд.

Майя Коссаковская умри дароз надид, ҳамагӣ 50 сол дошт, ки дар Лаҳистон даргузашт.

Барнои-ҚодирдухтСоли  1975 дар шаҳри Истаравшан шоира тоҷик Барнои Қодирдухт ба дунё омад.  Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти эҷодиро дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» (1998) шурӯъ намуда, баъдан дар маҷаллаҳои «Фирӯза», «Бонувони Тоҷикистон», Телевизиони Тоҷикистон, рӯзномаи «Ҷумҳурият», Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Радиои «Озодӣ» идома додааст. Ҳоло сармуҳаррири маҷаллаи «Истиқбол» мебошад.

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Ман охирин фариштаам» (2002), «Ниёзи рӯҳ» (2005), ду китоби мусоҳибаи «Равзанаи дидор» (2008, 2010) ва филмномаи «Умеди охирин» аст.

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон дар соҳаи рӯзноманигорӣ.

Аз соли 2002 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Таҳияи Б.Шафеъ