Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 31-уми май
Соли 1773 дар шаҳри Берлин шоир, нависанда, намоишноманавис ва тарҷумони олмонӣ Людвиг Тик ба дунё омад. Ӯро яке аз маъруфтарин намояндагони адабиёти “асри тилло”-и романтизми Олмон меноманд. Муҳимтарин асарҳои ӯ “Вилям Ловел” ва “Сайру саёҳатҳои Франс Штернбалда” мебошад.
Аввалҳо вай ҳамроҳ бо нависанда, муаррихи адабиёт, мунаққид ва тарҷумону шоир Август Шлегел ба тарҷума саргарм шуд ва бештар осори Шекспирро ба олмонӣ баргардон мекард. Вай ба ин назар буд, ки тарҷума ба сохтани намунаҳои санъати нав мусоидат мекунад.
Ва баъдан худ ҳам шояд зери таъсири Шекспир ба навиштани намоишномаҳо оғоз намуд.
Ғайр аз ду асари номбаршуда Людвиг Тик бо муаллифи чанд повусту романи дигар мебошад, ки яке аз онҳо “Виттория Аккорамбони” аст ва чуноне аз номаш пайдост, аз сарнавишти талху фоҷеавии зебосанами машҳури итолявии садаи шонздаҳуми милодӣ Виттория Аккорамбони ҳикоят мекунад.
Соли 1819 дар Уэст-Хиллс шоир ва мақоланависи амрикоӣ Уолт Уитмен таваллуд шуд. Ӯро аз навоварони шеъри озод дар адабиёти Амрико ва аввалин шоири умумимиллии ИМА меноманд.
Охирҳои умраш Уитмен машҳур шуд. Дар корҳои давлатӣ ҳам дар чандин вазифаҳо ифои вазифа намуда, муддате дар департаменти додситони кулл кор кардааст.
Мавзуи санот дар ашъори Уитмен мавқеъи калон дорад. .
Аввалин асари калонҳаҷми ӯ романи “Франклин Эванс” буд, ки соли 1842 навишта шуд.
Шекспир, Чарлз Диккенс, Жорж Санд, Фенимор Купер аз дӯстдоштатарин адибони ӯ буданд.
Солҳои ҷанги шаҳрвандии ИМА (1861-1865) Уитмен ҷануб рафт, то аз бародари дар ҷангҳо нопадидшудаи худ нишон пайдо кунад. Тибқи овозаҳо ӯ кушта шуда буд, вале баъдан маълум гашт, ки захмӣ шудааст.
Соли 1973 шоир фалаҷ шуд ва дигар ҳама талошҳо барои муолиҷаи ӯ барбод рафтанд ва то охири умр шифо наёфт. Аммо ба эҷоди асарҳояш дилгармона идома медод.
26-уми марти соли 1892 аз олам гузашт.
Соли 1837 дар дехаи Ступинои ноҳияи Ефремовскийи вилояти Тула дар оилаи коҳин шоири рус Николай Успенский ба дунё омад. Нависандаи оянда аввал дар семинарияи теологӣ ва баъдан дар Академияи тиббию ҷарроҳии Донишгоҳи Санкт-Петербург таҳсил мекунад, вале онро хатм накардааст.
Фаъолияти адабии Успенский соли 1857, вакте ки ҳикояи «Пиразан» дар маҷаллаи «Писари Ватан» чоп шуд, оғоз меёбад. Баъдтар Николай Успенский бо Некрасов ва Чернышевский шинос мешавад ва корманди маҷаллаи «Современник» мегардад.
Дар соли 1861 Успенский бо маслиҳат ва дастгирии Некрасов ба Порис ва Италия сафар карда, бо ҳаёти Аврупои Ғарбӣ шинос мешавад.
Пас аз низоъ бо Некрасов, Успенский аз «Современник» ҳам меравад. Муддате омӯзгорӣ ҳам кардааст.
Зиндагии хонаводагии хуше надоштааст, баъди вафоти ҳамсараш бо духтарчааш сарсону саргардон дар фақру бенавоӣ мезист. Ба ҳар шуғле даст мезанад, то гурусна намонад. Вале ба навиштан ҳам идома медод. Моҳи октябри соли 1889, замоне, ки майзада ҳам шуда буд, дар хиёбоне бо захмӣ корд худкушӣ мекунад.
Соли 1845 нависанда ва намоишноманависи аҳли Литва хонум Юлия Жемайте таваллуд шуд. Муаллифи ҳафт мазҳака, ду монолог, очерк ва мақолаҳост.
Соли 1850 дар Флоренсия шоир ва фаъоли ҷамъиятии токсонӣ (Италия) Ҷузуппе Ҷустӣ дар синни 40-солагӣ тарки олам кард. Вай бо шеърҳо ва сурудҳои ҳаҷвии анъанавии итолявӣ ва ҳам бар асоси эҷодиёти шоир ва суруднависи фаронсавӣ Пйер Беранж эҷодкардааш машҳур шудааст. Аз ҷумлаи муҳаққиқони Данте буд ва “Мазҳакаи илоҳӣ”-и ӯро шарҳу баён кардааст.
Соли 1848 дар замони инқилоб ва ноамниҳо дар Аврупо фаъолона даст ба корҳои сиёсӣ зад, муддате узви парламон буд, аммо хеле ба зудӣ пушаймон шуд ва даст аз корҳои сиёсӣ бишуст.
Соли 1887 Пуэнт-а-Питр шоир ва дипломати фаронсавӣ, барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1960 Сен-Жон Перс ба дунё омад. Номи аслии ӯ Алексиа Леже буда, бори аввал соли 1924 бо тахаллуси “Сен – Жон Перс” навишт.
Муддати 7 сол муншии кулли Вазорати умури хориҷии Фаронса буд ва дар Конфронси Мюнхен зидди гузаштҳо ба Олмони фашистӣ садо баланд кард.
Баъди шикасти Фаронса дар ҷанг бо Олмон чун як сиёсатмадори зидди фашизм аз вазифа барканор шуд ва чун ба ҷонаш хатар ҳис кард, ба ИМА фирор намуд.
Ҳукумати Фаронсаи Вишӣ шаҳрвандии ӯро лағв намуд ва ордени Шарафи Легионро низ аз ӯ бозппас гирифт. Достони ҳанӯз чопнашудаи ӯро нобуд сохтанд.
Сен-Жон Перс ҳатто баъди торумор шудани Олмони фашистӣ ҳам дар ИМА монд ва дар китобхонаи Конгрес кор мекард. Гоҳ-гоҳе ба ватан меомад, вале зуд бозмегашт ба ИМА.
27 сентябри соли 1975 дар департаменти Вари Фаронса аз олам гузашт.
Соли 1892 дар шаҳри Москав нависанда, филмноманавис, омӯзгор, рӯзноманигор, хабарнигори ҳарбӣ ва тарҷумони Шӯравӣ Константин Паустовский таваллуд шуд.
Асарҳои Паустовский бо чандин забонҳои олам, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд. Чор маротиба, солҳои 1965, 1966, 1967 ва 1968 ба ҷоизаи Нобели адабиёт пешниҳод шуд.
Зиндагинома ва эҷодиёти Паустовскийро метавон пурра аз асари дуҷилдаи ӯ “Достони зиндагӣ”, ки дар 6 китоб чоп шудааст, омӯхт.
Дар бораи ҷасорати бемисли Паустовский ва мавқеъи шаҳрвандии ӯ зиёд гуфтаву навиштаанд. Аз ҷумла, соли 1965 вай ба ҳукумат барои ба А.Солженитсин ҷудо кардани хона дар шаҳри Москав номаи кафолатӣ навишт. Соли 1967 бошад аз номаи Солженитсин ба Анҷумани 6-уми нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи лағви сензураи асарҳои адабӣ пуштибонӣ намуд.
Соли 1966 Паустовский ба номаи 25 шахсиятҳои фарҳангиву илмӣ ба Муншии кулли КМ КПСС Л.Брежнев дар бораи сафед накардани Иосиф Сталин имзо гузошт.
Ҳангоми мурофиаи судии нависандагони дигарандеш А.Синявский ва Ю.Даниэл Паустовский ҳамроҳ бо К.Чуковский ошкор аз онҳо ҷонибдорӣ намуд ва осорашонро дурусту мусбат арзёбӣ кард.
Замоне, ки шадидан бемор буд, ба Сарвазири Иттиҳоди Шӯравӣ А.Косигин нома навишт ва аз ӯ хоҳиш кард, ки саррежесёри Театри Таганка Ю.Любимовро аз кор барканор накунад. Чун нома ба Косигин расид, шахсан ба нависанда занг зад ва адиб ба ӯ гуфт: Бо шумо Паустовскии дар ҳоли марг суҳбат дорад. Ман илтиҷо мекунам Любимовро аз вазифа барканор накунед. Агар Любимов барканор шавад, театр барҳам мехӯрад ва бо рафтани ӯ як кори басо муҳим мемирад.
Косигин фармони барканории Любимовро лағв кард
Константин Паустовский 14 июли соли 1968 дар шаҳри Москав вафот кард.
Рӯзноманигор Валерий Дружбинский, ки муддатҳо бо Константин Паустовский кор карда буд, дар хотироташ аз ӯ навишт: “Хеле ҷолиб аст, ки Паустовский тавонист замонеро ба осонӣ пушти сар кунад, ки мадҳу ситоиши Сталин ба авҷ расида буд ва боз ин ки тавонист калимае дар мадҳи ӯ нанависад. Тавонист узви ҳизби коммунист ҳам нашавад ва ягон туҳматнома зидди касе аз шахсиятҳоро ҳам имзо накард. Вай то ба охир ҳамоне монд, ки мехост бимонад”.
Таҳияи Б.Шафеъ