Устоде, ки фаромӯш нахоҳад шуд…
Рўзи 29-уми ноябри соли 2024 пас аз садамаи нақлиётӣ ва бемори тӯлонӣ, дили устоди арҷманд Бозорбой Сайфуллозода аз тапидан боз монд. Аҷал шахсеро аз миёни мо бурд, ки садҳо саҳифа осораш дар бораи китобдорӣ, библиографияшиносӣ тоҷик нонавишта монд.
Бозорбой Сайфуллозода (Холов Бозорбой Сайфуллоевич) 20 августи соли 1956 дар деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод таваллуд ёфтааст.
Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, солиёни зиёд дар вазифаҳои сарбиблиографи Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (соли 1977), мудири кабинети факултаи китобдорӣ (солҳои 1979-1980), омўзгори кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода (солҳои 1980-1983), омўзгори калони кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М.Тусунзода (солҳои 1983-1985), аспиранти Донишкадаи давлатии маданияти шаҳри Санкт-Петербург (солҳои 1985-1988), дотсенти кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода (солҳои 1988-1992), мудири кафедраи китобхонашиносӣ (солҳои 1992-1994) кор кардааст. Аз соли 1994 то 2020 декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДСТ (ҳоло ДДФСТ) ба номи Мирзо Турсунзода буд. Аз соли 2021 то инҷониб мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ кору фаъолият менамуд.
Сайфуллозода Бозорбой яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи китобдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар баробари таълифи асарҳои илмию методӣ ҳамчун олими соҳа ҷиҳати азнавсозию ба талаботи замон мувофиқу созгор намудани барномаҳо, стандартҳо, нақшаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани фан ва тахассусҳои нав (шуъбаи бойгонишиносӣ) фаъолона ширкат варзидааст. Ў яке аз таҳиягарони Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ва ғайра ба ҳисоб меравад.
Дар омодасозии мутахассисони соҳаи китобдорӣ саҳми сазовор гузоштааст. Ба аспирантҳо ва докторнатҳо роҳбарӣ мекард.
Таҳти роҳбари ў чандин нафаррон бомуваффақият рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Номбурда муаллифи беш аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла «Фонди кушоди китобхона» (1982), «Муқаддимаи ихтисос» (1982), «Марҳамат ба факултети китобхонавӣ» (1984), «Мураттабсозии адабиёт ва ташкили тарбияи кадрҳои китобдорӣ» (1994), «Ҳам донишу ҳам ҳунар диҳад» (1995), «Услуби иншои кори курсӣ» (1998), «Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 30 – сола» (2001), «Нақши Вазорати фарҳанг дар таҳияи санадҳои давлатии соҳаи китобдорӣ» (2004), «Тарбияи касбии китобдорон дар Тоҷикистон: проблемаҳои истилоҳот» (2005), «Нақши Санкт – Петербург дар тайёр намудани кадрҳои санъат» (2005), «Технологияи муосири иттилоотӣ ва масъалаҳои тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг» (2010), «Ташаккули фарҳанги иттилоотии китобдорон дар партави нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2012), «Фаъолияти китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013), «Факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ» (2013) ва ғайра мебошад.
Барои таълифоти илмиаш Сайфуллозода Бозорбой ғолиби озмуни «Олими пурмаҳсултарини сол», «Муаллими сол» дониста шуда, бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.
«Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Ёди устоди азиз ба хайру хони охираташон обод бод!
Валиев Ҷамил – корманди Китобхонаи миллӣ