Вазорати фарҳанг аз ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол” хабар дод

Дар хабарномаи ин вазорат гуфта мешавад, ки дар бахши китоби назм ҷои якум ба китоби  «Меҳвари меҳр»-и  Раҳмат Назрӣ (нашриёти «Адиб»),  ҷои дуюм ба китоби «Шаббода»-и Иззатбек Идизода (нашриёти «Адиб»)  ва ҷои сеюм ба Исмоил Зарифӣ барои таҳияи 3 китоби назм аз шеъри Эрон- «Ҳафт китоб», «Девони ғазалиёт» ва «Куллиёт» (ҶДММ «ЭР — граф» – 2023) сазовор дониста шуд.

Дар бахши китоби наср ҷои якумро китоби «Барфи хунолуд»-и Сироҷиддин Икромӣ (нашриёти «Адиб»),  ҷои дуюмро китоби  «Два цвета осени»-и Мансур Суруш (нашриёти «Шарқи озод») ва ҷои сеюмро «Нома ба бародар»-и Латофат Кенҷаева (ТҶБ «Истиқбол» Душанбе – 2023) соҳиб шуданд.

Дар бахши асарҳои публисистӣ ҷои якум ба китоби «Достони Нозкӯл»-и  Ҷонибеки Асрориён (ҶДММ «Балоғат»),  ҷои дуюм ба китоби «Касбият, садоқат, ҷасорат»-и Далер Абдулло (нашриёти  «Шарқи озод»), ҷои сеюм ба  китоби «Бонувони Тоҷикистон»: чеҳраҳо, истиқлолият» (нашриёти «Шарқи озод») дода шуд.

Дар бахши асарҳои назми бачагона ҷои якумро китоби Ато Ҳамдам «Чароғи раҳнамо» — барои асарҳои драматургӣ (ҶДММ «ЭР — граф» — 2023), ҷои дуюмро китоби  «Яхши бола қандай бӯлар?..»-и Султонмурод Ҳожибоев («Ношир» — 2023),  ҷои сеюмро асари «Афсонаи қалам»-и Анӯшервони Алишер (ТҶБ «Истиқбол» Душанбе — 2023) гирифтанд.

Дар бахши асарҳои насри бачагона ҷои якум ба китоби «Гавазн ва шикорчӣ»-и Маҷид Салим, («Адабиёти бачагона»),   ҷои дуюм ба «Қиссаи гови алои момои Шарифамоҳ»-и  Муродалӣ Собир (ҶДММ «Бебок») ва ҷои сеюм барои таҳқиқи жанри эстрада ба китоби «Сароянда ва мусиқии эстрадӣ»-и Алихон Маҳмадов (ҶДММ «Сифат чоп») дода шуд.

Дар бахши асарҳои тарҷумаи бадеӣ ҷои якум ба китоби  «Бегуноҳнинг ӯлими»-и Амонбой Жуманов ва Кароматуллоҳ Мирзо (ҶДММ «ЭР — граф» – 2023), ҷои дуюм ба «Афсонаҳои халқи тоҷик, Таджикские народные сказки 4-5» (Нашриёти «Адабиёти бачагона») ва ҷои сеюм барои маҷмуи мақолаҳои «Ифтихори ватандорӣ» ба Носирҷон Маъмурзода (ҶДММ «Матбаа» –и  шаҳри Бохтар) дода шуд.

Инчунин барои иштирок дар озмуни «Китоби сол — 2023» китобҳои зерин:  «Ёди модар…»-и Амир Сайиди Мункӣ (ҶДММ «Балоғат»- 2023), «Кӯзаи нақшин»-и Рухшона Мирзоева (ТҶБ «Истиқбол», Душанбе – 2023),  «10 барг орзу»-и Сунатулло Одинаев (ТҶБ «Истиқбол», Душанбе – 2023) бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.