Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 11-уми декабр

Як-рузи-адабиёт-11-12-2024Соли 1740 шоири олмонӣ Сидония Ҳедвиг Зойнеманн дар об ғарқ шуд ва ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 29 сол дошт. Дар синни 24-солагӣ аз Геттенген барандаи ҷоизаи адабӣ шуда буд.

Дар бораи хонум Сидлония Ҳедвиг маълумоти зиёд дастрас нест.

Соли 1810 дар Порис шоир, намоишноманавис ва навсандаи аҳли Фаронса Алфред де Мюссе ба дунё омад. Ӯ аз ҷумлаи намояндагони барҷастаи асри романтизм буд.

Машҳуртарин намунаҳои ашъораш бо номҳои Умед ба Худованд”, ”Қитаъоти шабҳо”, “Минтақаи “ёдгор”, “Шаби декабр” чоп шудаанд. Вай муаллифи намоишномаҳои “Бо ишқ набояд шӯхӣ кард”, “Шамъдон”, “Барои ҳеч чиз набояд қасам хӯрд” “Қитаоти “шабҳо”, “Фантазия” ва достонҳои “Саргузашти як сори сафед”, “Эътирофоти як кӯдаки замона” мебошад.

Соли 1824 дар шаҳри Москав дар синни 66-солагӣ шоири танзнавис ва намоишноманависи рус Дмитрий Горчаков вафот кард. Вай падари ду генерал: Пётр ва Михаил Горчаков буд.

Ӯро бештар ашъори танзомезаш машҳур кард ва баъдан намоишномаҳои хубе ҳам навишт, ки театрҳои замонаш рӯи саҳна оварданд.

Казимир Делавинь
Соли 1843 шоир ва намоишноманависи Фаронса Казимир Жан Франсуа Делавин тарки олам кард. Вай муаллифи суруди миллии пешини Фаронса La Parisienne буд.

Намоишномаҳои фоҷеаи Пария”, “Бачаҳои Эдуард”, “Дон Жуани Австриява ғайра аз ӯ мебошад.

Казимир Жан Франсуа 4 апрели соли 1793 дар Гавр ба дунё омад ва дар синни 50-солагӣ дар Леон даргузашт.

Соли 1864 дар Руан адиби фаронсавӣ Морис Леблан, муаллифи китоб дар бораи Арсен Люпен ба дунё омад. Арсен Люпен як шахсияти достонӣ аст, ки нахустин бор дар маҷмуаи романҳои пулисӣ-ҷиноӣ навишташуда тавассути Морис Леблан падид омад. Ва чунон мавриди истиқбол қарор гирифт, ки  баъдҳо бар мабнои ин шахсият теъдоди зиёде достон ва филму сериёлҳои телевизионӣ сохта шуд.

Дар роману новеллаҳои аввалини Леблан Зан”, “Оне, ки азият мекашад, “Ташаббус” таъсири насри Пол Бурже, мунаққид ва нависандаи фаронсавӣ эҳсос мешавад. Ба ин асарҳо на фақат танқиди адабиии замон таваҷҷуҳ кард, балки адибоне чун Алфонс Доде ва Жюл Ренар мароқ зоҳир карданд. Вале бояд гуфт, ки ин асарҳо миёни хонандагон гарм пазируфта нашуданд ва комёбии тиҷоратӣ надоштанд.

Мирзода ИшқӣСоли 1893 дар Ҳамадони Эрон шоири маъруф Мирзодаи Ишқӣ таваллуд шуд. Сайид Муҳаммадризо Ишқӣ аз пурҷўшу хурўштарин шоирони даврони машрутият аст. Вай соли 1894 дар шаҳри Ҳамадон мутаввалид шуд. Дар кўдакӣ ва навҷавонӣ забони фаронсавиро омўхт ва аз овони ҷавонӣ ба шоирӣ ва рўзноманигорӣ рўй овард. Дар авоили ҷанги ҷаҳонии аввал роҳии Истанбул (Туркия), ки маркази фаъолиятҳои миллию ва озодихоҳонаи Эрон буд, шуд ва нахустин осори худ «Наврўзнома» ва «Операи растохези шаҳриёрони Эрон»-ро халқ кард ва дар бозгашт ба Эрон, ба сафи пайравони ҳизби сотсиалистӣ пайваст ва бо интишори  рўзномаи «Қарни бистум» муборизоти сиёсии худро густариш дод  ва хусусан алайҳи қарордоди истеъмории 1919, ки байни Эрон ва Ингилистон дар замони нахуствазири Вусуқуддавла баста шуда буд, ба по хост ва баъдҳо алайҳи ҷумҳурии қаллобӣ ва фиребкоронаи  Ризохон мухолифат намуд.

Матолиб, корикотурҳо ва ашъори тунду интиқодии рўзномаи «Қарни бистум» хашми ҳукумати Ризохонро барангехт ва ба амри Ризошоҳ дар соли 1925 рўзномаи «Қарни бистум»-ро тавқиф ва Ишқиро терор карда ба қатл расониданд.

МАТЛАБИ БЕШТАР ДАР БОРАИ Ӯ ИН ҶОСТ: МИРЗОДАИ ИШҚӢ: ҒАРБРО БЕДОРӢ ОН ГАҲ ШУД, КИ ШУД ШАРҚӢ БА ХОБ

Соли 1905 ношир Пйер Лафитт пешниҳод кард, ки як новеллаи моҷароҷӯёна бо номи “Боздошти Арсен Люпен” нависад ва ҳамин новелла оғози шуҳрати нависандагии ӯ буд. Ин буд, ки аз соли 1907 то 1937 вай беш аз бист роман, повест, намоишномаҳои корогоҳӣ (детективӣ) навишт ва зина ба зина образи муҳташами як “ҷентелмени ғоратгарро”  сохт. Дар миёни онҳо “Арсен Люпен зидди Шерлок Холмс”, “Сӯзани дарунхолӣ”, “Дарпӯши кристалӣ”, “Эътирофи Арсен Люпеназ ҷумлаи машҳуртаринҳост.

Молис Леблан  6 ноябри соли 1941 дар синни 76-солагӣ дар Перпиняни Фаронса аз дунё рафт.

Наҷиб МаҳфузСоли 1911 дар Қоҳира адиби маъруфи Миср Наҷиб Маҳфуз ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт буд. 30 августи соли 2006 бар асари як амали ҷарроҳии ноком дар бемористон аз олам гузашт. То рӯзи даргузашт солхӯрдатарин ҷоизадори Нобел дар адабиёт ба шумор мерафт.

Асарҳои машҳури ӯ “Бозии тақдир”, “Қоҳираи нав”, “Хон ал-Халилӣ”, “Оғоз ва анҷом”, “Миёни ду қаср”, “Кохи орзу”, “Оина”, “Муҳтарам ҷаноб”, “Шабҳои ҳарзор шаб ва ғайра мебошанд.

Соли 1918 дар шаҳри Кисловодск нависанда, публистист, шоири рус Александр Солженитсин ба олам омад.

Александр Солженитсин аз бузургтарин намояндагони адабиёти руси охири қарни бистум ба шумор мерафт. Яке аз машҳуртарин асарҳои ӯ Маҷмааҷазираҳои ГУЛАГ аст, ки аслан маҷмуаи таҳқиқоти ҳунарӣ-таърихии адиб дар бораи режими саркӯбкунандаи Шӯравӣ дар солҳои 1918- 1956 мебошад.

Солженитсин барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт дар соли 1970 буд.

Соли 1918 нависандаи машҳури Словения Иван Санкар тарки олам кард.

Соли 2000 дар шаҳри Ню-Йорк дар синни 87-солагӣ намоишноманавис, филмноманавис ва нависандаи амрикоӣ Н.Ричард Нэш вафот кард.

Соли 2021 адиб, филмноманавис ва коргардони амрикоӣ хонум Энн Райс аз олам гузашт. Вай 80 сол дошт. Райс нависандаи достонҳои кутоҳ, адабиёти масеҳӣ ва ҳикояҳои шаҳвонӣ буд. Дар охирин моҳҳои умраш вай бо эълони расмӣ тарки масеҳият кард, вале дар ҷойе нагуфт, ки пайрави кадом дин шуд.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ