Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 16-уми феврал
Соли 1710 дар Монпел дар синни 77-солагӣ нависанда ва мубаллиғу воизи фаронсавӣ Эспри Флеше аз олам гузашт. Дар осори ӯ на мушоҳидаи амиқ вуҷуд дорад ва на афкори воқеъан бадеъ. Аммо дар беҳтарин навиштаҳои ӯ, монанди суханрониҳо дар вақти ҷанозаи одамон, ба вижа он маърӯзаҳое, ки ба занон бахшида шудааст, бахшҳои зиёде вуҷуд дорад, ки аз назари зарофати сабк воқеан дурахшон ҳастанд.
Соли 1804 нависанда, мунаққиди адабӣ ва рӯзноманигори аҳли Фаронса Жюл Габриел Жанен ба дунё омад. Вай узви академияи Фаронса буд. Александр Пушкин ба Жанен ба унвони намояндаи “романтизми хушунатомез” мароқ зоҳир намуд. Романи “Хари мурда ва зани гиюнтинӣ” дар китобхонаи ӯ вуҷуд дошт. Пушкин дар номае ба шоҳзодахонум Вяземская (моҳи апрели соли 1830) онро “яке аз барҷастатарин осори замон” номид.
Маврид ба ёдоварист, ки ин роман беимзо мунташир шуд ва чун Пушкин ҳам намедонист нависандаи он кист, дар нома тахмин зад, ки муаллиф Виктор Гюгост. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба Жанен ҳамчун рӯзноманигор Пушкин назари интиқодӣ дошт.
Муҳаққиқони Пушкин имрӯз аз таъсири осори Жанен ба адиби маъруф ишораҳо доранд.
Соли 1831 дар деҳаи Гороховои уезди Орловский нависанда ва мунаққиди адабии рус Николай Лесков ба дунё омад. “Найранг”, “Уқоби сафед”, “Одамҳои ҷолиб”, “Забарҷад”, “Садои табиат”, “Ҳикояҳое аз рӯзгори куҳан” аз ҷумлаи қиссаҳои машҳури ӯ мебошанд.
Соли 1907 дар Болоня (Италия) дар синни 71-солагӣ шоири итолёвӣ Джозуэ Кардуччи аз дунё рафт. Ӯро машҳуртарин шоирони Италияи асри XIX меноманд. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1906 буд. Пас аз дарёфти унвони илмии докторӣ муддате устоди донишгоҳ низ буд. Осори зиёде ба шеър ва наср дорад.
Муддате дар Маҷлиси Италия сенатор ҳам интихоб шуда буд.
Аз аҷоиботи зиндагии Кардучи зиндагиноманависони ӯ ин нуктаро зикр кардаанд, ки вай бо Элвира Менуччи издивоҷ кардаву аз ӯ соҳиби чор фарзанд шуда буд. Вале ишқи девонаворе бо шоираи он замон навқалам Анна Виванти дошт. Виванти аз ӯ 30 сол хурд буд, вале ин монеъ нашуд, ки миёни ду шоир оташи ишқ аланга гирад. Нависандаи итолёвӣ Карло Гадда навишта буд: “Кадучи одат дошт зиёд сафар кунад ва дар як ҷомадони бузург қатори дигар ашё ду зерпӯши Вивантиро ҳам бо худ мегардонд. Ҷо-ҷое вай ҷомадонашро боз мекард, зерпӯшҳоро берун меовард ва мебӯид ва гӯё аз ин ҷоми саршори ишқро ба сар мекашид…”
Соли 1934 дар шаҳри Москав дар синни 38-солагӣ шоир, намоишноманавис ва тарҷумони Шӯравии рус Эдуард Багритский аз олам гузашт.
Соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ шоири маъруфи тоҷик Салимшо Ҳалимшо дида ба олам кушод. Соли 1960 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960-1981), мудири шуъбаи назм ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1982-1989), муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайванд» (1989-1991) ва мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Аз нимаи дувуми солҳои 60-уми асри мозӣ вориди майдони адабиёт гардида, бо нахустин маҷмӯаҳои ашъораш «Роҳи қуллаҳо» (1965) ва «Киштии Инқилоб» (1960) сазовори истиқболи гарми хонандагон шудааст.
Ашъори дар маҷмӯаҳои «Имзои Ленин» (1975), «Оинаи виҷдон» (1983), «Бурҷи Инсон» (1986), «Ҳафт хони Бадахшон» (1989), «Хонаи Офтоб» (2003), «Оби шаҳд» (2003), «Зодагони ҳафт тӯфон» (2006) интишор ёфта, драмаи «Кабутарони сафед» ва ғайра шоир лавҳаю лаҳзаҳои рангину пурифтихореро аз озодманишиву некандешӣ, меҳанпарастию башардӯстӣ, давлатсолорию ватандорӣ, покизарӯзгорию ҷавонмардии ниёконамон ҷилвагар месозанд ва хонандаро аз ҳиммати баланду таҷрибаи рӯзгори шарафманди эшон бархурдору баҳрабардор менамояд.
Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои украинӣ, русӣ, литвонӣ, озарӣ, чехӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шуда, худаш намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба тоҷикӣ гардондааст.
Хидматҳояш бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) ва ордени «Дӯстӣ» (1997) қадршиносӣ ёфтаанд.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
15 июни соли 2021 дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.
Таҳияи Б.Шафеъ