Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 28 – уми январ
Соли 1831 нависандаи амрикоӣ, шоир, очеркнавис, адабиётшинос ва муҳаррир Эдгар По барои вайрон кардани интизом ба додгоҳ кашида шуд ва ҳамзамон ўро аз Академияи ҳарбии Иёлоти Муттаҳида дар Вест Пойнт хориҷ карданд.
Соли 1853 дар Гавана шоир, нависанда, очеркнавис, тарҷумон, файласуф ва инқилобии аҳли Куба Хосе Марти, падари модернизм (МОДЕРНИЗМ – номи умумии чанд равияҳои санъат ва адабиёти буржуазии охири асри 19 ва аввали асри 20-кубизм, дадаизм, футуризм ва ғ., ки зуҳуроти таназзули санъати буржуазӣ мебошанд) таваллуд шудааст.
Хосе Марти аллакай дар синни 15-солагиаш чанд достони худро нашр карда, дар 16-солагӣ рӯзномаи миллӣ-ватандӯстии «La patria libre» («Ватани озод»)-ро таъсис дод.
Аввалин рисолаи публитсистии Марти зери унвони «Зиндони сиёсӣ дар Куба» дар бораи маҳбусони зиндонҳои пурмашаққат маҳз дар Мадрид чоп шуд. Дар соли 1874, Марти ба унвони магистри санъат ва ҳуқуқшинос аз Донишгоҳи Сарагоса сазовор гардид.
Хосе Марти 19 майи соли 1895, ки 42 сол дошт, дар майдони набар бо артиши Испаниё кушта шуд
Соли 1897 дар Одесса нависандаи шӯравӣ, шоир ва намоишноманависи рус Валентин Катаев ба дунё омадааст.
Катаев дар гимназияи Панҷуми мардона таҳсил карда, аз синни 9-солагӣ ба навиштани шеър шуруъ кардааст, аввалин шеъраш соли 1910 нашр шуда буд. Валентин Катаев пйеса, филмнома ва афсона навиштааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ хабарнигори ҳарбӣ ҷангӣ буд ва чандин ҳикояҳояшро низ дар ҳамин айём чоп кард.
Аз рўйи афсонаи ў «Гули ҳафтранг» асоси филми тасвирии шўравӣ тасвир ёфтааст. Катаев аввалин сармуҳаррири маҷаллаи «Юность» (1955-1961) гардид, ки асарҳои шоирон ва насрнависони ҷавони шўравиро нашр мекард.
Асарҳои «Ватан даъват мекунад», «Бодбони сафеди танҳо», «Афсар аз фронт меояд», «Саҳифаҳои зиндагӣ», «Писари полк», «Рўзи беақлона», «Барои ҳокимияти шуроҳо», «Шоир», «Вақт ба пеш!». «Қиссаи солинавӣ» мансуби ўянд.
Соли 1904 дар деҳаи Гайдҷай шоир ва тарҷумони шӯравии Литва Теофилис–Тилвитис таваллуд шудааст.
Аввалин китоби ӯ – маҷмӯаи нақизаҳои адабии «Се гренадер» (1926) ба шумор меравад. Сипас шеъри «Фурӯхтани рўҳ» (1928) ва маҷмӯаи дуюми нақизаҳои «13»-ро (1929) ба табъ расонд.
Дар достони «Барзгарон» (1930-1947) солномаи таърихии Литва ба таври муболиғавӣ оварда шудааст. Достони «Дичюс» (1934) ҳаҷвест дар бораи урфу одатҳои буржуазӣ. Романҳои ҳаҷвии «Роҷе аз вазорат» (1931) ва «Саёҳат дар гирди миз» (1936, тарҷумаи русӣ, 1959) эҷод кардааст, ки дар охирон ҳаёти мансабдоронро ба ҳаҷву масхара тасвир кардааст.
Маҷмӯаҳои ашъори «Шамоли Балтика» (1948), «Сонетҳо дар бораи хушбахтӣ» (1951), «Дар паҳнои Ватан» (1953), «Уснин» (1949), «Суруд бар ивази ҳаёт» (1962) «Хонаи ман» (1958) «Афсӯс, ки мешавад» (1964). нашр кардааст.
Соли 1931 дар Осака нависандаи асарҳои тахайюлии ҷопонӣ Сакё Коматсу таваллуд шудааст. Ӯ донишгоҳи Киоторо бо ихтисоси адабиёти итолиёвӣ хатм кардааст.
Нахустин нашри асари илмӣ-тахайюлиаш достони «Сулҳ ба Замин», мебошад. Аз рўйи як қатор романҳои Коматсу, аз ҷумла «Марги аждаҳо» (1973) ва «Алвидоъ, Юпитер» (1982) филм ба навор гирифта шудааст.
Соли 1939 дар Ментон шоир ва намоишноманависи ирландӣ Вилям Батлер Йетс, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1923 дар синни 73-солагӣ даргузашт.
Аввалин асари назарраси ӯ «Ҷазираи муҷассамаҳо» буд, ки достони тахайюлӣ ба шумор мерафт ва дар замони зиндагии муаллиф боре ҳам нашр нашуда, ба маҷмӯаи ашъор шомил нашудааст, зеро ба назари муаллиф он хеле тӯлонӣ буд.
Аввалин маҷмўаи ашъори ў бо номи «Сайругашти Ойсин» соли 1889 аз чоп баромад. Ин китоб ба асотири ирландӣ асос ёфтааст. Барои навиштани ин асар ба Йетс ду сол лозим шуд. Мавзӯи он ивазшавии ҳаёти мутафаккир ба ҳаёти фаъол аст.
Дар ҳамон сол, китоби ӯ дар бораи фолклори ирландӣ, «Афсонаҳои сеҳрнок ва мардумӣ», ки аз рўйи ёддоштҳо ва тадқиқоти худи муаллиф дар Ирландияи Ғарбӣ тартиб дода шудааст, нашр гардид.
Дар ин давра, муаллиф махсусан ба навиштани намошномаҳои назмӣ оғоз кард, ки дар натиҷа намоишномаи назмии «Графиния Кэтлин»-ро (1892) эҷод кард. Ин намоишнома дар бораи фидокории як графинияи ирландӣ барои аз гуруснагӣ наҷот додани деҳқонон нақл мекунад.
Маҷмӯаи шерҳои «Дар ҳафт ҷангал» (1903) асосан дар мавзӯъҳои эпосҳои ирландӣ навишта шудаанд.
Соли 1996 дар Ню-Йорк, дар синни 55-солагӣ шоир, очеркнавис, намоишноманавис ва тарҷумони рус Иосиф Бродский дар дафтари кориаш аз дунё гузашт.
Дар замони шўрави ў аз кишвар ронда шуд ва Амрикоро макони зист қарор дод. Бродский дар соли 1987 барои «эҷодиёти ҳамаҷонибаи саршор аз покии андеша ва равшании шеър» барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт гардид. Ҳангоми ҷоизасупорӣ ба суоли «Шумо худро рус мешуморед ё амрикоӣ?», Бродский ҷавоб дод: “Ман яҳудӣ, шоири рус ва эссенависи англис ҳастам“. Дар оғози бозсозӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ шеърҳои Бродский, мақолаҳо дар бораи ў ва ҳатто китобҳо рўйи чоп омаданд. Соли 1995 ба ӯ унвони «Шаҳрванди фахрии Санкт–Петербург» дода шуд ва дар соли 2005 нахустин муҷассамаи шоири бузург дар шаҳри Неваи Русия пайдо шуд…
Соли 2002 дар Стокҳолм нависандаи шведӣ Астрид Линдгрен дар синни 94-солагӣ вафот кард.
Хонум Линдгрен аввалин афсонаашро бо номи «Пеппии ҷуробдароз» соли 1944 навиштааст. Афсона дар озмуни адабӣ ҷои аввалро ишғол кард ва ин ба Астрид илҳом бахшида ўро водор намуд, ки ҷиддӣ ба эҷодиёт машғул шавад. Беҳтарин асарҳояш: силсилакитоб дар бораи Эмил, бахусус «Эмил аз Лоннеберг», «Кӯдак ва Карлсон», «Кӯдакон аз Бюллербю», «Саргузашти ҷосус Калле Блумквист» ва «Кӯдакон аз кӯчаи ҷанҷолӣ» ба шумор мераванд Ғайр аз китобҳои шавқовар дар бораи саргузаштҳои ҷолиби Астрид инчунин ҳикояҳои риққатангез, аз қабили «Расмуси оварагард», «Мио, Миои ман!» ва «Бародарон бо қалби шерона»-ро эҷод кардааст.
Астрид 41 китоб барои кӯдакони хурдсол ва 34 китоб барои наврасон навиштааст. Китобҳои ӯ дар бо теъдоди азим – зиёда аз 165 миллион нусха фурӯхта шудаанд. Афсонаҳояш ба садҳо забон тарҷума шуда, чандин бор аз рўйи онҳо филмҳо ба навор гирифта, дар театрҳо ба намоиш гузошта шудаанд.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА.