Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 8-уми ноябр

Як рӯзи адабиёт дар таърихи башарСоли 1602 дар Оксфорд ба бунёди китобхонаи Бодлиан асос гузошта шуд. Ин китобхонаи аслии Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир мебошад, ки баъди Китобхонаи Британиё дуюмин китобхонаи бузург дар ин кишвар ба шумор меравад. Дорои бештар аз се миллиону чаҳрсад ҳазор китоб, ҳудуди 4168 метр нусхаи хаттӣ ва 18500 нусхаи фармону санадҳост.

Соли 1674 дар шаҳри Лондон дар синни 65-солагӣ шоир, ходими сиёсӣ ва мутафаккири шинохтаи англис Ҷон Милтон аз олам гузашт. Ӯ муаллифи памфлетҳои сиёсӣ ва асарҳои динист.

Соли 1900 нависандаи эронӣ Абдулњусейн Нўшин (1900-1970) ба дунё омадааст.

Маргарет Митчел Соли 1900 дар Атлант нависандабонуи амрикоӣ, муаллифи машҳуртарин асар бо номи “Барбодрафта” Маргарет Митчел ба дунё омад. Митчел ба хотири навиштани ин роман дар соли 1937 барандаи ҷоизаи адабии Пулитсерош шуда буд. Ин роман танҳо дар Амрико бештар аз 70 маротиба чоп шудаву бо забони оламиён тарҷума ва нашр шудааст. Филми ҳамноми он, ки аз ҷониби коргардон Виктор Флеминг офарида шуда буд, шоистаи ҷоиза Оскар шуд. Маргарет Митчел 16-уми августи соли  1949 аз олам гузашт.

Соли 1932 дар Филеделфии иёлати Пенсилвания нависандаи амрикоии асарҳои илмӣ-тахайюлӣ Бен Бова ба дунё омадааст.

Соли 1953 журналист, шоир ва нависандаи украин Анатолий Петрович Марушак таваллуд шудааст. Вай муаллифи чандин маҷмуаҳои шеъриву насрист..

Соли 1953 дар Порис дар синни 83-солагӣ адиби рус Иван Бунин тарки олам кард. Вай барандаи ҷоизаи адабиёти Нобел дар соли 1933 буд. Бунин 22-уми октябри соли 1870 ба дунё омадааст.

Соли 1954 дар Нагасаки нависандаи британиётабори  Ҷопон, барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт (соли 2017) Кадзуо Исигуро таваллуд шудааст.

Соли 1955 дар шаҳри Ню-Йорк нависандаи амрикоии асарҳои тахайюлӣ Ҷефри Форд ба дунё омадааст. Вай барандаи ҷоизаи Небюла барои асарҳои тахайюлист.

Соли 2011 дар нашриёти  Charles Scribner’s & Sons бори аввал романи Стивен Кинг «22.11.63» чоп шудааст. Роман дар бораи сафар дар замоне нақл мекунад, ки мехост марги Ҷон Кеннедиро таҳқиқ кунад. Сафар дар замон ин ҳаракат байни лаҳзаҳои мухталиф дар замон аст, ки мушобеҳи ҳаракат байни маконҳои гуногун дар фазо сурат мегирад ва дар он имкони ирсоли ашё ба замони гузашта ва оянда вуҷуд дорад. Романи ёдшуда аз маъруфтарин асарҳои Стивен Кинг буд.

Соли 2013 Комиссияе, ки аз 15 нафар таҳлилгарону коршиносни Чилӣ ва хориҷи он ташкил шуда буд, ба хулосае омадл, ки Пабло Неруда бо марги табиӣ аз олам гузаштааст. Пабло Неруда шоир ва ходими ҷамъияти Чили, узви ҳизби коммунистии Чили буд, ки соли 1904 таваллуд шуда, соли 1973 аз олам гузаштааст. Барандаи ҷоизаи адабии Нобел буд.

Таҳияи Б.Шафеъ