Як рӯзи дигари покиву низофат дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ гузашт, ки дар он кормандону сарварони шуъбаҳо ширкат карданд.

Чанд рӯзи охир ҳаво номусоид омад, шамоли сахту тундбоди шадид. Дархатон назар ба як ҳафтаи пеш бештар барг резонданд ва лозим омад кормандон барги хазони дарахтонро аз зер бирӯбанд, боғро тозаву озода кунанд.

Кормандони Китобхонаи миллӣ илова ба роҳандозии корҳои покиву низофат дарахтон ва гулҳоро об монданд, то таровати ҳамешагии гулҳое, ки баҳору зимистон шукуфонанд, боқӣ бимонад.

Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ба сабзу хуррам нигоҳ доштани гирду атрофи бино диққати бештар медиҳанд. Ҳамеша сабз будану шукуфон мондани гулҳо ба ҳусни ин бинои зебо ҳусни тоза зам мекунад.

Хосият Каримова,
Шуъбаи тарғиб ва
баргузории чорабиниҳои
фарҳангӣ.