Як соли робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2012 таъсис шудааст ва  яке аз вазифаҳои он муаррифии  Китобхона  дар  арсаи  байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи китобу китобдорӣ бо китобхонаҳои кишварҳои ҷаҳон аст,  ки  заминаи ҳуқуқии онро санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд.

Соли сипаришуда панҷ санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расонида шуданд. Аз ҷумла, имзои Созишнома байни Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Точикистон” ва Китобхонаи миллии Украина ба номи В. Вернадский дар бораи ҳамкориҳои илмию иттилоотӣ; Ёддошти тафоҳуми  ҳамкории дуҷониба барои рушди бойгониҳо ва китобхонаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Исломии Покистон; Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Ўзбекистон ба номи Алишер Навоӣ;  Созишномаи ҳамкорӣ бо Китобхонаи давлатии умумиросиягии адабиёти хориҷии ба номи М.И. Рудомино; Эъломияи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии буҷавии фарҳанги  «Китобхонаи илмии вилоятии  Калининград.

Феълан, Китобхонаи миллӣ бо Китобхонаи миллии Туркия, Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Китобхонаи  миллии Ҷумҳурии Фаронса, Маркази мероси хаттии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Китобхонаю бойгонии миллии Миср,  Китобхонаи  Искандарияи  Ҷумҳурии  Арабии  Миср дар ҷараёни ба  имзорасонии  санадҳои ҳамкорӣ қарор дорад.

  Соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар ҶТ Василий Серватюк, Вазири маорифи Ҷумҳурии Украина Сергей Шкарлет, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран,  ҳамсари Раиси Парламенти Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ хонум Ҳанг Мёнг Ҳи, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Аскеров ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ ва намояндагон дипломатии як қатор кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд, бо роҳбарони он мулоқот намуданд, тарҳҳои нави ҳамкорӣ барои ояндаро матраҳ карданд ва толорҳои хонишу осорхонаҳои китобро тамошо намуданд.

Дар мавриди таҷлили чорабиниву конфронс низ фаъолияти шуъба назаррас буда, дар соли 2021 чунин чорабиниҳоро таҷлил намуд.

  25-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Украина чорабинии фарҳангӣ дар Китобхонаи миллӣ ба муносибати 150-солагии гиромидошти нависанда, тарҷумон ва адиби шинохта, Леся Украинка як маҳфили хотирмон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Серватюк В. Н., ҳамчунон Сафирони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Олмон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, намояндаи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (САҲА) намояндагон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Туркманистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, хабарнигорон ширкат варзиданд.

Тибқи мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар доираи татбиқи барномаи байнидавлатии ИДМ рӯзи 30-юми сентябри соли 2021 конференсияи байналмилалии китобдорон “Се даҳсолаи шарикии китобхонаҳои ИДМ: дурнамо ва стратегияи рушд дар доираи эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2021”  баргузор гардид.

Дар конфронс мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Оқилзода Нурулло, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо ва китобдорон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Белорусия, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти конфронс ду санади ҳамкорӣ: “Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ўзбекистон ба номи Алишер Навоӣ ва Созишномаи ҳамкорӣ байни  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ва Муассисаи давлатии федералии буҷавии фарҳанги  Китобхонаи давлатии умумиросиягии адабиёти хориҷии ба номи М.И. Рудомино  ба имзо расиданд.

   Айни ҳол, дар назди шуъба 2 Гўша (марказҳои фарҳангии кишварҳои хориҷӣ) аз ҷумла, Гўшаи Чин ва Гўшаи Кореяи Ҷанубӣ ҳисоботдиҳанда мебошанд, ки фаъолияти худро дар асоси Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхона ва Намояндагиҳои дипломатии ин Кишварҳо дар Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Дар ин Гўшаҳо омўзиши забонҳо ба таври шартномаӣ ба роҳ монда шудааст.

 Шуъба мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда фаъолият намуда, бо тартиби муқарраргардида Китобхонаро дар давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад. Ҳамчунин шуъба фаъолияти байналмилалии шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ҳамоҳанг сохта, масъалаҳои барқарор намудани робитаҳои онҳоро бо муассисаҳои марбутаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар бахшҳои таҳсилот, бозомўзӣ ва такмили ихтисос, ҳаллу фасл менамояд.
Шуъба тарғиби фондҳои Китобхонаро тавассути шаклҳои гуногуни корҳои иттилоотӣ дар байни муштариён ба роҳ мемонад ва фаъолияти муассисаро бо китобхонаҳои мамлакатҳои хориҷ ҳамоҳанг месозад.

Фарзона МИРЗО