Китобу китобхона – ду унсури муҳими ҳастии миллат

Китоб пурқимматтарин падидаи фарҳангист. Кулли одамони бомаърифати олам китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Нисбати китоб ва китобдорон боэҳтиром сухан меронанд. Халқи тоҷикро ҷаҳониён аз замони қадим таввасути илм, адабиёт ва санъаташ мешиносанд, ки онҳоро маҳз китобҳо ҳифз ва нигоҳдорӣ намуда, то замони мо овардаанд.

Имрўз ҳам китоб шиносномаи шоистаи миллати мост. Бинобар ин Китобхонаи миллии Тоҷикистон махзани маданияти миллии тоҷик, рукни беназири фарҳанги миллӣ буда, дар ташаккули тамоми бахшҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявии Тоҷикистони соҳибистиқлол накши бузург дорад.  Вобаста ба талаботи маънавию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаи муосири насли башар инкишоф меёбад, ба тарзу усулҳои фаъолияташ мазмунҳои тоза бахшида, ҷиҳати ғанигардонии моддию маънавии ҳамазамонон ва наслҳои оянда хизматҳои арзандаро сомон мебахшад. Китоб асари мустақили илмию бадеӣ ва фарҳангист, ки моро бо асрори олами воқеӣ, дунёи хаёли рангини муаллиф, пардаҳои сеҳрангези оламу одам ошно месозад. Вай даричае, равзанаест, ки мо тибқи он олами ҳастиро кашф менамоем, «чизи дар худ»-ро ба «чизи барои мо» мубаддал мекунем.

Китоб ба хонанда маънӣ медиҳад, одамонро ба кору фаъолият меандозад, зиндагиро дар назаргоҳашон пурҷило нишон медиҳад. Китоб хубиҳое дорад, ки мо ҳанўз ҳамаи сифатҳои онро аз бар  накардаем. Китоб ганҷинаи тафаккурҳост, махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост, он дурри гаронбаҳоест, ки шаршараи  хаёлро афзуда, маъниҳои баланди ҳаётию  иҷтимоиро ангезиш медиҳад. Вай оинаест, ки мо дар он таърихи ҳаёту зиндагонии худамонро эҳсос менамоем. ҳамаи хубиҳои инсон аз китоб аст. Агар касе ҳам китоб нахонда бошад, маърифате, ки аз одамону ҷомеа, аз муҳити атроф гирифтааст, боз аз китобҳои хондаи онҳост. Китоб хубтарину нодиртарин мўъҷизаест, ки Худованд ба одамон ҳадя овардааст. Пас эҳтиромаш вазифаи муқаддаси ҳамаи мост. Ҳар чӣ қадар, ки мо онро азизу мўътабар шуморем, он моро ба зинаҳои баланди илм, маърифат, инсофу одамият мекашад. Китоб васоили муҳими ахбори оммавӣ, илмӣ ва техники аслиҳаи пўрзўри муборизаи сиёсию идиологӣ дар паҳнкунӣ ва тарғиби дониш, маълумот ва тарбия ба шумор меравад. Китоб манбаи илму дониш ва сарчашмаи дарёи ақл аст. Ин буд, ки аз ҷониби ҳукумати мамлакат дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат  ва соҳаи китобу китобхона таваҷуҳи хоса низ зоҳир карда шуд.

Истиқлоли Тоҷикистон барои рушду нумўи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Китобхона ҳам яке аз соҳаҳои рушду нумӯ ёфтаи давраи истиқлол мебошад. Махсусан дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми китоб даҳчанд афзудааст. Зеро ҳаёти мутараққии имрўзаро бе дониши фаровон, бе омўзиши доимӣ, бе ҷаҳонбинии фарох тасаввур кардан мумкин нест. Асос ва сарчашмаи ҳамаи ин дастовардҳо донишу заковати ҳар яки мо китоб аст. Имрўзҳо бо талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои давлатӣ, кохонаҳо ва то ҳатто дар ҳукумати ноҳия ва шаҳру деҳаҳои дурдаст низ китобхонаҳо ташкил карда шудааст. Ҳамчунин ин иқдом таъсири мусбии хешро ба ташкил намудани китобхонаҳои шахсӣ низ расонид, ки имрўз бисёре аз оилаҳо дорои китобхонаи шахсии худ мебошанд. Яъне, барои дастрас ва мутолиа намудани ҳар як китоби дилхоҳ тамоми шароитҳо фароҳам аст. Вале, мутассифона, на ҳамаи ҷавонон аз чунин имкониятҳо пурра ва ба қадри кофӣ истифода мебаранд, онҳо ба китоби бадеӣ кам таваҷҷўҳ доранд, бештар вақти холии худро асосан ба шабакаҳои ичтимоӣ сарф месозанд.

Ҳол он ки дар зиндагӣ ба мақсадҳои олӣ, ба мартабаҳои баланд танҳо бо хондан ва омўхтан расидан мумкин аст. Ҳар як китоби хуб барои хонанда ва махсусан барои хонандаи наврас ва ҷавон як мактаб аст. Китоб касро ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят мекунад, барои оянда аъзои сазовори чамъятӣ ва инсони комил шуда ба воя расидани одам ёрӣ мерасонад. Масалан повесту романҳо, қиссаву достонҳо ва дигар асарҳои калонҳаҷми бадеиро гиред. Дар ҳар кадоми онҳо персонажҳои гуногун, қаҳрамонҳои мусбату манфӣ амал мекунанд. Шумо баъди мутолиаи ҳамин асарҳо беихтиёр ба андеша меравед. Аз кирдори манфури  қаҳрамонони манфӣ ҳазар мекунед ва мехоҳед, ки дар зиндагӣ пайрави қаҳрамонони мусбат бошед. Пас, китоби хондаатон бетаъсир намондааст.

Саводнокӣ, маърифату маданияти ҳар як шахсро аз забондонӣ, гуфтору рафтор ва чизҳои навиштаи ў муайян мекунанд. Суханронӣ ва забони адабиро беш аз ҳама аз китобҳои бадеӣ омўхтан мумкин аст. Одаме, ки китобро бисёр ва бо чашми омўзиш мехонад, дар гуфтору дар навишт ғалат намекунад, нутқаш буро мешавад, фикрашро дар ҳар ҳолат саҳеҳу равшан баён карда метавонад.

Бузургу тавонманд он халқест, ки таърихаш, ҳастияш иртибот  бо китоб дошта бошад. Хушо, ки тоҷикон аз ҳамин гуна халқанд. Ниёгони барўманди халки тоҷик китобро «ҷавшани ҷон», «чароғи раҳнамо», «аниси кунҷи танҳоӣ»-ву «фурўғи субҳи доноӣ» хондаанд. Муҳаббат ва эътиқод ба китоб муҳаббат ва эътиқод ба дониш ва хирад аст. Имрўз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва тарғиби масоили гуногуни таърихиву сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд. Китоб ганҷинаи тафаккурҳост, махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост, он дурри гаронбаҳоест, ки маъниҳои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад. Ҳар чӣ қадар, мо онро азизу мўътабар шуморем, он моро ба зинаҳои баланди илм, маърифат, инсофу одамият мекашад.

 

САЙРОН Сафарова– корманди шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ.